Достоне аз зиндагии Ҳулокухони муғул

Таърих

Достоне аз зиндагии Ҳулокухони муғул

Достонҳои торихӣ

Дар торих омадааст, ки Ҳулокухони муғул ва фарзандонаш наздик ба сад сол, дар Бағдод – маркази хилофати исломӣ, ҳукумат кардаанд.

Дар “Ахлоқ-ул-ашроф” ҳикояти аҷиберо дар бораи Ҳалокухони муғул ва ин ки чаро ҳукумати вай ва фарзандонаш наздик ба 100 сол бе ҳеч дарди саре идома дошт оварда, ки инҷо ба мазмун онро нақл мекунем:

Мегӯяд: Ҳалокухон вақте Бағдод — маркази хилофати исломиро тасхир кард, дастур дод, то мардумро гирд оваранд. Аз яко-яки онҳо мепурсид, ки ту чӣ кораӣ ва шуғлат чист?

Яке гуфт: ман тоҷирам. Дигаре гуфт: ман пизишкам. Севвумӣ гуфт: ман мударрисам ва ҳоказо…

Он гоҳ Ҳалоку гуфт: туҷҷор бигузор бошанд, чун аз барои мо ва ҳукумати мо бозаргонӣ мекунанд ва ҳар ҷомеае ниёз ба бозаргону бозаргонӣ дорад. Дар бораи пизишкон ҳам ҳамин гуфт… то расид ба донишмандон ва ҳакимон. Пурсид:

— Ин ҷамоат чӣ кораанд ва дар ҷомеа чӣ нақше доранд?

Атрофиёнаш гуфтанд:

— Корашон ин аст, ки китоб менависанд, фарзандони мову шуморо дарс меомӯзанд, ҳар аз гоҳе ҳокимонро насиҳат мекунанд, ки агар Худой нокарда ҳоким зулму ситаме бар мардум раво бидорад, инон бо насиҳат ва панду андарз ӯро аз ин кораш бозмедоранд ва хулоса, инон меҳтаранд ва чунонанд, ки ҳамвора ҳокимон пеши онон зону мезананд, на баръакс…

Ҳалоку гуфт:

— Пас он чӣ ман аз суханони шумо фаҳмидам, инон як дарди саранд! Сипас гуфт: инон дар ҷомеа афроде зиёдӣ ҳастанд ва нақше надоранд. Ҳукм дод, то ҳамаи ононро ҳамроҳ бо китобҳояшон дар дарё ғарқ кунанд ва ҷомеа аз вуҷуди эшон пок гардад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Номаҳои торихии Паёмбар(с)
Масъалаи шинохт

Матолиби пурбоздид