ДЕВАШТИЧ ВА САРНАВИШТИ Ў

Таърих

ДЕВАШТИЧ ВА САРНАВИШТИ Ў

Таърихи ҳар қавм бидуни баёни ҳоли ашхоси бузургаш мафҳуме нахоҳад дошт. Агар касе фикр мекунад, ки ағлаби муборизони роҳи озодихоҳӣ саранҷом ноком шудаанд, фикраш хатост. Чун дар зиндагӣ ин муҳимм нест, ки ҳар касе, ки талош биварзад, ҳатман пирўз бояд шавад, балки ин муҳимм аст, ки барои зиндагии шоиста талош бояд намуд.

Бисёре аз афроди таърих ба хотири он бузургу маъруф шудаанд, ки дар зиндагии хеш мубориз будаанд. Деваштич, тақрибан 1300 сол қабл аз тарафи душманонаш ваҳшиёна ба қатл расид, ба гунаи бисёр возеҳ нишон медиҳад, ки муборизони роҳи озодӣ ҳеч гоҳ зиндагии осудае надоштаанд…

Сарнавишти Деваштич дарси омўзандаест барои таърих. Онро бояд ба шакли достонҳои ҳақиқӣ навишт, то наслҳо фаромўш накунанд, ки таърих фақат баёни воқеъоти гузашта нест, балки он масирест барои мардум. Вазифаи мардум аст, то ҳаққи худро бишносад ва аз роҳи имон масирашро иваз кунад.

Асл ва насаби Деваштич: Манобеъи таърихӣ дар мавриди асл ва насаби Деваштич сукут ихтиёр карда ва аз ҷумла, дар асноди суғдӣ, ки аз Қалъаи Муғ ба даст омаданд, ишораи мустақим ба зодгоҳ ва аслу насаби Деваштич нашудааст…

Иттиҳоди нокоми Суғд, Чоч, Фарғона ва Туркон. Дар осор илмии даврони шўравӣ таъкидоти мукаррар ба ҷойгоҳи «иттиҳоди Суғд, Чоч, Фарғона ва Туркон» дар солҳои 712-713 шудааст. Мақсади ин иттиҳод созмон додани муқовимат алайҳи арабҳо будааст… Ба пояи додаҳои асноди Қалъаи Муғ , метавон изъон дошт, ки муҳиммтарин ҳадафи сиёсии Деваштич эҷоди иттиҳоди тамомии суғдиён дар Вароруд буд…

Заминаҳои наҳзати озодихоҳии суғдиён дар солҳои 720-722. Соли 720 дар тамомии Суғд оташи муборизаҳои озодихоҳӣ дубора афрўхта шуд. Суғдиён, ки чанде пеш шарбати хиёнати чиниёнро нўшида буданд, ин бор баҳри созмон додани иттиҳоди нав бо фарғониёну туркҳо иқдом намуданд…

Муқовимати суғдиён дар кўшки Абаргар. Таърихи муборизаи суғ диён ба василаи барандагон навишта шудааст. Аз ин рў, ҷузъиёти муқовимати Деваштич дар баробари аъроб маълум нест. Иттилоъоте, ки дар ин хусус омадааст бисёр ва бисёр мухтасар аст… Тибқи додаҳои таърихӣ, аъроб кўшки Абаргарро ба муҳосира гирифтанд. Аъроб дижро ба муҳосира гирифтанд ва он ба муддати беш аз се моҳ тўл кашид. Деваштич саранҷом бар асари сардии сахти фасли зимистон ва тамом шудани ҳамаи захоири хўроквориву силоҳи ҷангӣ аз идомаи мубориза даст кашида, бо арабҳо гуфтушунид намуд.

Қатли Деваштич. Ба қавли муаррих Табарӣ, ёрони Деваштич бар ивази ҷону моли худ қалъаи Абаргарро ба арабҳо таслим карда ва ҳамагӣ берун аз диж омаданд. Тамоми ганҷ ва ашъёи гаронбаҳои деҳқонон барои аъроб ба ҳарроҷ гузошта ва бахши зиёде ҳам мусодира шуданд…. Сипаҳсолори араб Мусайяб ибни Бишри Риёҳӣ шоҳи Панҷкат Деваштичро, тибқи хоҳишаш ба назди Саъид ал-Ҳарашӣ фиристод.Тирамоҳи соли 104 ҳ. / 722-23 м. Саъид ибн Амр ал-Ҳарашӣ дастури қатли Деваштичро содир намуд ва тибқи фармон дар Рабинҷон сари ўро аз танаш ҷудо карда ва барои халиф ба Ироқ ва дасти росташро ба Сулаймон ибни Абуссарӣ, ки дар Тахористон қарор дошт, фиристоданд.

Хуллас, шўришҳо озодихоҳонаи суғдиён бераҳмона саркўб шуданд. Деваштич низ бо он ҳама саъй ва талошҳояш ва ҷонфидоиҳои сарбозони фидокораш, натавонист душманро шикаст бидиҳад. Дар натиҷа, теъдоди зиёди деҳқонон ва сарватмандони мўътаризи сарзамини Суғд нобуд гардида ва молу мулки онон аз тарафи истилогарони араб ғасб шуданд…

Аҳаммияти шўриши Деваштич. Арабҳо тавонистанд ҳаёти муборизонро салб кунанд, вале на эътиқод ба озодиро. Пас аз қатли Деваштич ва раҳбарони дигари шўришиён, руасои тоифаҳо ва ва раҳбарони гурўҳҳо ва табақоте, ки қаблан даст ба аъроб дода буданд, худ парчамбардорони муқовимат алайҳи аъроб шуданд… Дере нагзашт, суғдиёни Самарқанд ва навоҳии дигар низ хуруҷ карданд. Ҷангҳои черикӣ (партизанӣ) баъдҳо дар саросари Хуросону Вароруд авҷ гирифт ва агар шўрише дар ҷое саркўб гардад, дар ҷойи дигаре сар мезад…

Манбаъ: Бойматов Л. Д. Деваштич ва сарнавишти ӯ. // Деваштич. Зери назари доктори илми таърих, профессор Нуъмонҷон Ғaффорӣ. Фароҳамсоз ва муҳаррири масъул Бузургмеҳри Баҳодур. – Душанбе: «ЭР-граф», 2020, С. 60-74.

ФБ, «Тураника»

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Озмуни Дуои Модар дар вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд
Шарҳи байте аз Сайидо

Матолиби пурбоздид