Достони Фиръавн ва Шайтон
Рӯзе як мард назди Фиръавн омад ва дар ҳузури ҳама хӯшаи ангуре ба ӯ доду гуфт:
Агар ту чунон чи иддио мекунӣ Худо ҳастӣ, пас ин хӯшаро табдил ба тилло кун!
Фиръавн як рӯз аз ӯ фурсат гирифт.
Шабҳангом дар ин андеша буд, ки чи чорае биандешад, ки ногаҳон касе дари хобгоҳашро зад.
Фиръавн пурсид кистӣ?
Ногаҳон дид, ки Шайтон ворид шуд.
Шайтон гуфт: Хок бар сари худое, ки намедонад, пушти дар кист.
Сипас вирде бар хӯшаи ангур хонд ва бо сеҳру ҷоду онро ба тилло табдил кард.
Он гоҳ хитоб ба Фиръавн гуфт: Ман бо ин ҳама доноӣ ва тавоноӣ лиёқати бандагии Худоро надоштам, вале ту бо ин ҳама нодонӣ ва нотавонӣ иддиои худоӣ мекунӣ ?
Фиръавн пурсид: Чаро ба Одам саҷда накардӣ, то аз даргоҳи Худо ронда шудӣ?
Шайтон гуфт: Зеро медонистам, ки аз насли ӯ аблаҳоне чун ту ба вуҷуд меоянд.
Қаламонлайн