Дунё ва охират дар Маснавӣ
Унвони мақола: Омӯзаҳои ахлоқӣ дар Маснавии маънавӣ
Навиштаи М. Ҳусейнова
Бахши дуввум
в) Дунё ва охират дар Маснавӣ
Дунё ва охират аз ҷумла мавзӯоте ҳастанд, ки дар бораи онҳо дар Қуръон ва суннати Расули Акрам (с) бисёр сухан ба миён омадааст.
Аз як сӯ, дар оёт ва ривоёт, ба шиддат аз дунё мазаммат шудааст ва аз сӯи дигар, Худованд барои мазоҳири дунё, монанди замину осмон, шабу рӯз ва монанди инҳо ба ҳадде арзиш қоил шудааст, ки дар оёти мухталиф ба онҳо савганд ёд кардааст. Агар аз сӯе дар бораи робитаи дунё ва охират, дар бархе ривоёт, робитаи он дуро ба манзилаи робитаи машриқ бо мағриб медонанд, аммо аз сӯи дигар, ривоёти исломӣ дунёро ба унвони мазрааи охират медонанд, Расули Акрам(с) дар ин бора фармудаанд: “Дунё сарои озмоиш аст ва манзилгоҳи рӯзигузаронӣ ва зиндагӣ ва ранҷ. Ҷонҳои некбахтон аз он канда шуда ва аз дасти шӯрбахтон ба зӯр гирифта мешавад”. (12)
Ҳамчунин дар ривояти дигаре аз Расули Акрам (с) омадааст: “Дунё сарои меҳнат аст”. (13)
Дар шинохти дунё ва низ барҳазар будан аз он, Паёмбари Акрам (с) фармудаанд: “Эй мардум, инҷо сарои ғам аст, на сарои шодӣ ва сарои пурпечу хам аст на сарои ростӣ. Пас ҳар ки дунёро шинохт, ба умеде шод нашуд ва аз ранҷе андӯҳгин нагашт”. (14)
Дар Маснавии Маънавӣ, дар робита ба мавзӯи дунё ва охират баҳсҳои муфассале шудааст. Аз ҷумла, дар дафтари севвум, дар байти 3530 гуфтааст:
Анбиёро танг омад ин ҷаҳон,
Чун шоҳон рафтанд андар ломакон.
Мурдагонро ин ҷаҳон бинмуд фар,
Зоҳираш зафту ба маъно тангбар
Гар набудӣ танг, ин афғон зи чист,
Чун ду то шуд ҳар ки дар вай беш зист.
Дар замони хоб чун озод шуд,
З-он макон бингар, ки ҷон чун шод шуд.
Золим аз зулми табиат боз раст,
Марди зиндонӣ зи фикри ҳабс ҷаст.
Ин замину осмони бас фарох,
Сахт танг омад ба ҳангоми манох.
Ҷисм банд омад фароху сахт танг,
Хандаи ӯ гиря фахраш ҷумла нанг. (15)
Яъне мегӯяд, дунё барои паёмбарон танг буд, аз ин рӯ чун подшоҳон ба олами ғайб рафтанд. Агарчӣ дунё ба зоҳир васеъ, вале ба ботин танг, барои мурдагон бошукӯҳ ҷилва мекунад. Агар танг нест, ин фарёдҳо барои чист? Чаро ҳар кас, ки бештар умр мекунад, хамида мешавад? Ҷон чун дар хоб озод мешавад, бибин, ки дар он ҳол чӣ қадар шодмон аст. (Дар олами хоб), ситамгар аз хӯи ситамгарӣ раҳо мешавад ва зиндонӣ аз андешаи зиндон халос мегардад.
Ин замину осмон бо ин ҳама вусъати хеш, ба ҳангоми хобондани шутур – марг — бисёр танг аст. Гӯӣ, ки кори дунё чашмбандист, бисёр васеъ ва бисёр дилтанг аст. Монанди ҳаммом, ки гарм аст, дар онҷо эҳсоси дилтангӣ мекунӣ ва ҷонат ворафта мешавад…
Дар мавриди дунёву дунёдустӣ, инчунин Расули Акрам(с) низ мефармоянд: “Дунёдӯстӣ сарманшаи ҳамаи гуноҳон аст”. (16)
Ҳамчунин фармудаанд: “Аз дунё фақат бало ва фитна боқӣ мондааст”. (17)
Мавлоно низ дар Маснавӣ, дар Дафтари аввал, байти 983 чунин гуфтааст:
Чист дунё, аз Худо ғофил будан,
На қумошу нақдаву мизону зан.
Молро к-аз баҳри дин бошӣ ҳамул,
Неъми моли солеҳ хондаш Расул.
Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ аст,
Об андар зери киштӣ пуштӣ аст.
Чунки молу мулкро аз дил биронд,
З-он Сулаймон хеш, ҷуз мискин нахонд.
Кӯзаи сарбаста андар об рафт,
Аз дили пурбод фавқи об рафт.
Боди дарвешӣ чу дар ботин бувад,
Бар сари оби ҷаҳон сокин бувад.
Гарчӣ ҷумла ин ҷаҳон мулки ваяст,
Мулк дар чашми дили ӯ лошияст.
Пас даҳони дил бибанду мӯҳр кун,
Пур кунаш аз боди кибри мин ладун. (18)
Мавлавӣ дар ин абёт мегӯяд, дунё чист? Аз Худо ғофил будан аст, зану фарзанд, зару сим тарозуи дунё нест.
Агар молро барои дин фароҳам оварда бошӣ, чунин молеро ҳазрати Расул (с) моли покиза хондааст.
Оби даруни киштӣ, киштиро ғарқ мекунад, аммо оби зери киштӣ пуштвонаи киштӣ аст.
Чун ҳазрати Сулаймон(а) муҳаббати молу дунёро аз дили худ ронда буд, худро мискин мехонд.
Кӯзаи сарбаста, ки даруни он пур аз ҳаво бошад, метавонад бар рӯи об қарор гирад.
Агар дар дили инсон ҳавои дарвешӣ бошад, метавонад рӯи обҳои ҷаҳон ҷой гирад.
Бо он ки тамоми ҷаҳон дар дасти тасарруфи ӯст, молу мулки ҷаҳон дар назари ӯ пашизе арзиш надорад.
Пас дилро бо боди кибриёӣ пур кун ва онгоҳ даҳони онро бибанд ва мӯҳр кун. (19)
Пайнавишт:
(12) Аълом-уд-дин, саҳ.342
(13) Аволил-олӣ, ҷ.1, саҳ.285
(14) Аълом-уд-дин, саҳ.343
(15) Дафтари аввал, байти 3530
(16) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 1313
(17) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 1294
(18) Дафтари аввал, 983
(19) Омӯзаҳои ахлоқӣ дар Маснавӣ, саҳ.45
Идома дорад…
Қаламонлайн