Даҳ гуфтор XIY

 

Даҳ гуфтор XIY

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши чаҳордаҳум

Таҷдид дар ҳар ҳазор сол

Ин фикр, ки ҳар сад сол як муҷаддид бояд зуҳур кунад, заминаро мусоид кард барои қабули як фикри дигар, ки гуфта шуд, ҳар ҳазор сол як нафар зуҳур хоҳад кард ва мустамсак воқеъ шудааст барои фирқаҳои гумроҳ. Он марди шоир мегӯяд:

Ба ҳар алфе алифқадде баройу,

Алифқаддум, ки дар алф омадастум.

(Бобо Тоҳир)

Ин ҳам достоне дорад, ки ҳазор сол як бор як нафар бояд пайдо бишавад, як шахс дар сари ҳазор сол бояд пайдо бишавад. Ин ҳам дар фалсафаи эрониҳои қадим ва ҳиндиҳо боз решае дорад. Дар фалсафаи эронӣ ва ҳиндӣ як фикре буда бар асоси табииёти қадим, ки аввалан он табииёт ғалат буда ва тоза, аз он табииёт ҳам истинтоҷи ин фикр ғалат аст, Шайхи Ишроқ онро дар фалсафаи исломӣ ворид кард. Ҳоҷӣ Сабзаворӣ дар “Манзума” нақл мекунад ба сурати “қил”:

قیل نفوس الفلک الدوار

نقوشها واجبة التکرار

Истилоҳан дар фалсафа мегӯянд “давр ва кавр”. Гуфтанд, дар ҳар чанд ҳазор сол як бор ҳама чизи олам таҷдид ва такрор мешавад, ҳама чиз нав мешавад, мунтаҳо шабеҳаш, шабеҳи ҳар фарде як фард пайдо мешавад, шабеҳи ҳар муҳйӣ ва муслеҳе як муҳйӣ ва муслеҳе пайдо мешавад, шабеҳи ҳамаи ҳаводис аз нав пайдо мешавад. Вале онҳо гуфтанд, дар ҳар бисту панҷ ҳазору дивист сол як бор ҳаводиси олам такрор мешавад, рӯйи ҳисоби ин ки гардиши як давр фалаки савобит ин қадр аст.

Баъд ин андеша афтод ба дасти баъзе аз хиёлбофҳои исломӣ. Омаданд бо оёти Қуръон онҳоро татбиқ бикунанд, гуфтанд: Қуръон мегӯяд:

وَإِنَّ يَوْمًا عِنْدَ رَبِّكَ كَأَلْفِ سَنَةٍ مِمَّا تَعُدُّونَ

(Сураи Ҳаҷ, ояти 47) Пас ҳар рӯз аз рӯзҳои илоҳӣ ҳазор сол аст ва чун ҳар сол сесаду шаст рӯз аст, пас ҳар соли илоҳӣ ҳам мусовӣ аст бо сесаду шаст ҳазор сол. Пас як давраи олам сесаду шаст ҳазор сол аст. Олам як давраи соли худашро дар ин муддат тай мекунад, баъд нав мешавад. Ин ҳам як андеша аст.

Албатта сухани мӯҳмале аст, аммо аз залолат, залолат бармехезад. Инҳоро мегӯям, чун инҳо ҷузъи сумуме (заҳрҳое) аст, ки дар афкори мо рахна карда. Бояд инҳоро тард бикунем. То инҳоро тард накунем ва аз фикри худамон берун нарезем, ҳеч вақт фикри мо зинда намешавад.

Баъд як идда гумроҳкун ва музилл ҳам омаданд он ояти дигарро, ки мефармояд:

يُدَبِّرُ الْأَمْرَ مِنَ السَّمَاءِ إِلَى الْأَرْضِ ثُمَّ يَعْرُجُ إِلَيْهِ فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ أَلْفَ سَنَةٍ مِمَّا تَعُدُّونَ

(Сураи Саҷда, ояти 5) яъне “фармонро аз осмон ба замин нозил мекунад сипас ба сӯйи ӯ боло меравад дар рӯзе, ки мусовӣ аст бо ҳазор соли шумо“, ин оятро ин тавр маънӣ карданд, ки дар ҳар ҳазор сол як бор кори мардум ба василаи анбиё таҷдид ва тадбир мешавад. Гуфтанд, тадбир кардан яъне таҷдид кардан ба ин ки як пайғамбаре масалан бояд дар рӯзе, ки миқдораш ҳам ҳазор сол аст, пас ҳар ҳазор сол як бор як нафар хоҳад омад.

Баъд аз ин ва дар асари ин, чӣ гумроҳии бузурге дар олами ташайюъ пайдо шуд! Як идда аз мардум аз дин ҷудо шуданд ба воситаи ҳамин афкори муфту музахраф.

На оқо! Мо ҳамчу чизе надорем, ки сад сол ё ҳазор сол як бор як нафар бояд зуҳур кунад. Фақат дар бораи як нафар ҳаст, ки он ҳам дар ин сатҳ нест, дар сатҳи дигаре аст, ҷанбаи ҷаҳонӣ дорад, на ин ки махсус ба олами шиъа бошад ва он, вуҷуди муқаддаси ҳазрати Ҳуҷҷат (а) аст. Эшон марбут ба ҳамаи оламанд.

Онҳое, ки шунидаед дар минбарҳо мегӯянд, биёяд як мушт шиъаро наҷот диҳанд, як мушт шиъа дурӯғ аст. Як мушт шиъа, ки қолтоқтарин мардуми дунё ҳастанд, Имом Замон (а) ҳомии инҳо нест. Ӯ муслеҳи кулли олам аст. Дар бораи ӯ ҳам мо ҳеч ҳақ надорем ба ин ки вақт муайян кунем, ҳисоб бикунем чанд соли дигар, даҳ соли дигар, аз ин ҳисоби абҷадҳое, ки ҳар рӯз мекунанд, як дафъа меоянд ояти:

إِنَّ الْأَرْضَ لِلَّهِ يُورِثُهَا مَنْ يَشَاءُ

(Сураи Аъроф, ояти 128) (“Ҳамоно замин аз они Худост, ки ба ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад ба ирс медиҳад.”) Ва як вақт ояти:

وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِنْ بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ

(Сураи Анбиё, ояти 105) (“Ва мо пас аз зикр дар Забур навиштем, ки заминро бандагони солеҳи ман ба ирс мебаранд.”)-ро ҳисоб мекунанд, ки масалан дар фалон сол ҳазрат зуҳур мекунад.

Аз инҳо битарсед ва такзиб бикунед, ки:

کذب الوقاتون

(Усули Кофӣ, ҷ.1 с.368) (“Касоне, ки барои зуҳури Маҳдӣ (а) вақт таъйин мекунанд, дурӯғгӯянд.”)

Ҳеч кас ҳам дар дунё, на мову шумо ва на ҳеч муслеҳи дигаре наметавонад иддаъо бикунад, ки ман мехоҳам он корро анҷом бидиҳам. Ӯ болотар аз ин аст. Ба қавли як нафар марди донишманд: як вақт аст, ки мо мехоҳем ҳаёти худамонро равшан бикунем ва як вақт мунтазирем дунё равшан шавад. Равшан шудани дунё дар ихтиёри банда ва шумо нест, ҳисоби дигаре дорад, хуршеде бояд тулӯъ бикунад, то ҳамаи олам равшан бишавад. Он чи вазифаи мову шумо аст ин аст, ки хонаи худамонро равшан бикунем, хиёбони худамонро равшан бикунем, шаҳри худамонро равшан бикунем, кулбаи худамонро равшан бикунем, аммо он матлаб берун аст аз ин ҳисобҳо.

Решаи иштибоҳоти гузашта ин будааст, ки фақат рӯйи шахсиятҳои афрод ҳисоб мешуда, на рӯйи оммаи мардум.

Акнун биншинем ва ҳисоб кунем, бибинем оё воқеан тафаккури мо тафаккури исломӣ аст? Оё тафаккури исломӣ дар мағзи мо зинда аст ё мурда? Феълан лозим нест, ки зиёд дунболи ин бошем, ки касеро, ки мусалмон нест, мусалмон кунем. Албатта мунтаҳои орзу ин аст, эй кош чунин чизе бишавад, вале он чизе, ки фикр мекунем, дар дараҷаи аввал лозим аст ин аст, ки фикри динӣ, ки алъон мо мутадайинҳо ва мусалмонҳо ва намозхонҳо ва рӯзагирҳо ва зиёратравҳо ва ҳаҷкунҳо дорем, ин фикре, ки дар худи мо ба ҳолати нимамурда даромадааст, ба ҳолати карах ба истилоҳ даромадааст, инро зинда бикунем. То ин ҷур нашавад, фоида надорад, фаразан агар дар Урупо ҳам як идда мусалмон шаванд ва моро бибинанд, мумкин аст пушаймон шаванд ва аз ислом баргарданд.

 

Инҳитоти мусалмонон дар асри ҳозир

Дар миёни кишварҳои дунё ба истиснои баъзе кишварҳо, кишварҳои исломӣ ақибмондатарин ва мунҳаттарини кишварҳост. На танҳо дар санъат ақиб ҳастанд, (балки) дар илм ақиб ҳастанд, дар ахлоқ ақиб ҳастанд, дар инсоният ва маънавият ақиб ҳастанд. Чаро? Ё бояд бигӯем, ислом, яъне ҳамон ҳақиқати ислом, дар мағзу руҳи ин миллатҳо ҳаст, вале хоссияти ислом ин аст, ки миллатҳоро ақиб мебарад. (Душманони дин ҳам бузургтарин ҳарбаи таблиғии онҳо, ҳамин инҳитоти феълии мусалмонон аст.) Ва ё бояд эътироф кунем, ки ҳақиқати ислом ба сурати аслӣ дар мағзу руҳи мо мавҷуд нест, балки ин фикр ағлаб дар мағзҳои мо ба сурати масхшуда мавҷуд аст; тавҳиди мо тавҳиди масхшуда аст, нубуввати мо нубуввати масхшуда аст, вилоят ва имомати мо масхшуда аст, эътиқод ба қиёмати мо каму беш ҳамин тавр. Тамоми дастурҳои усулии ислом дар фикри мо ҳама тағйири шакл дода. Дар дин сабр ҳаст, зуҳд ҳаст, тақво ҳаст, таваккул ҳаст, тамоми инҳо бидуни истисно ба сурати масхшуда дар зеҳни мо мавҷуд аст. Шояд ҳамон андоза, ки то ба ҳол дар ин ҷаласот баҳс шудааст, ин матлабро то андозае равшан кунад. Масалан роҷеъ ба тақво баҳс шудааст. Агар мутолеа карда бошед, шояд битавонад он ҷузваҳо ба шумо собит бикунад, ки то ба ҳол тақво ба як сурати масхшудае дар зеҳни мо буд. Ҳар мавзӯе, ки баҳс шуда ҳама ин гуна аст, ки мефаҳмонад ислом маъкус шудааст.

Масале овардаанд, ки як идда деҳотӣ аз деҳи худашон рафтанд ба шаҳр. Ба умрашон шаҳрро надида буданд. Як вақт аз дур як навъ дарахтҳои махсусе назарашонро ҷалб кард. Омаданд, диданд дарахтҳои аҷибе аст, на шоха дорад ва на барг, вале дарахт аст. Минораҳои масҷид буд, хаёл карданд дарахт аст. Тааҷҷуб карданд, ки ин дарахтҳо чӣ навъ дарахте аст, ки мо то ба ҳол надидаем, шаҳриҳо чӣ хуб анвоъи дарахтҳоро мешиносанд. Омаданд, пурсиданд, исми ин дарахтҳо чист? Баъзе аз шаҳриҳои зирак ҳам фаҳмиданд инҳо деҳотӣ ҳастанд, онҳоро даст андохтанд, гуфтанд, инҳо дарахтҳое аст, ки дар деҳот пайдо намешавад. Пурсиданд, ки асли инҳо, ки ба амал меоваред чист? Гуфтанд, инҳо тухми махсус дорад, мо мекорем, дармеояд. Гуфтанд, мумкин аст аз ин тухмҳо ба мо бидиҳед? Гуфтанд, бале. Як миқдор тухми ҳавиҷ (сабзӣ) ба ин бечораҳо доданд. Инҳо рафтанд ҳама коштанд. То он вақт тухми ҳавиҷ накошта буданд. Баъд аз муддате, диданд дарнаёмад. Ҳар чи мунтазир шуданд ва об доданд, дарнаёмад. Вале баъд аз муддатҳо гуфтанд, чӣ тавр шудааст? Чӣ ҷур тухме буд? Вақте канданд, диданд ба шакли манора аст, аммо аз он тарафе, ба замин фурӯ рафтааст. Гуфтанд, маълум мешавад мо ивазӣ коштем.

Достони мусалмонии мо ҳам ҳамон достони манора коштани он рустоиён аст. Дар масъалаи вилоят ва имомат тарзи фикри мо ба сурати аҷиб ва маъкус даромадааст. Оё ин аҷиб нест, ки мо муқтадоёне мисли аҳли байти пайғамбар дошта бошем, Алӣ ибни Абӯтолиб дошта бошем, Ҳасан ибни Алӣ дошта бошем, Ҳусайн ибни Алӣ дошта бошем, Зайнулобидин дошта бошем ва ҳамчунин соири имомон (а), он гоҳ ба ҷойи ин ки вуҷуди ин пешвоён, муҳаррики мо ва мушаввиқи мо бошад ба амал, василаи тахдири мо ва танбалии мо ва гурези мо аз амал шудааст. Ташайюъ ва дӯстии аҳли байти пайғамбарро васила қарор додем барои ин ки аз зери бори ислом берун биёем. Ҳоло бибинед ин фикр чӣ қадр масх шудааст! Ин ҳақиқати олӣ ба шакли манкус дар фикри мо ворид шуда, дар мо натиҷаи маъкус дода, василаи танбалӣ шуда, василаи ҳеч кор накардан бо интизори ин ки ҳамаи корҳоро мавло карда, дар қиёмат ҳам мавло мекунад. Ин достонро аз таърихи садри ислом бароятон нақл мекунам, бибинед чӣ гуна аст.

 

Имтиёзи шиа аз мурҷиа

Тоифае дар миёни мутакаллимин буданд ба номи ”мурҷиъа”, ки биҳамдиллоҳ мансух шуданд. Инҳо мегуфтанд, ки имон агар дуруст шуд, амал ҳеч асаре надорад. Ин ҳам албатта решаи сиёсӣ дошт. Инҳо дар замони Банӣ Умайя буданд ва Банӣ Умайя инҳоро таъйид мекарданд. Инҳо бад-ин васила мехостанд аъмоли сиёсатмадорони Банӣ Умайя ва салотини Банӣ Умайяро тасҳеҳ кунанд. Ин матлабро ман намегӯям, таърих мегӯяд. Мегуфтанд: оқо! Имонат дуруст бошад, имон, ки дуруст буд, амал муҳим нест. Амал кардӣ кардӣ, накардӣ накардӣ, амал чизе нест. Баъд аз ин ки Банӣ Умайя рафтанд, Банӣ Аббос рӯйи хусумате, ки бо Банӣ Умайя доштанд, решаи мурҷиъаро заданд, вале бо камоли таассуф, ин фикри мурҷиъӣ имрӯз дар димоғи шиъа пайдо шудааст, дар сурате, ки достоне, ки мехоҳам нақл бикунам собит мекунад, ки аслан ақидаи шиъа нуқтаи муқобили ин ақида буда ва он достон ин аст:

Аҳмад Амини мисрӣ дар “Зуҳал-ислом” аз ”Ағонӣ”-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ нақл мекунад. Бо ин ки худи Аҳмад Амин, ангезаҳои зидди шиъӣ дорад, вале инро ӯ нақл мекунад. Як нафарро исм мебарад, мегӯяд, як нафар шиъӣ ва як нафар мурҷиъӣ бо ҳамдигар дар бораи ақидаи ташайюъ ва ақидаи ирҷоъ (мурҷиъӣ) баҳс мекарданд. Ин мегуфт, усули мурҷиъа саҳеҳтар аст ва ӯ мегуфт, усули шиъӣ. Мурҷиъӣ мегуфт, амал ҳеч аст, асос танҳо имон аст, шиъӣ мегуфт, амал лозим аст. Дар ин байн, яке аз мутрибҳо пайдо шуд (чун ”Ағонӣ“ зикр карда, рӯйи он қарина мегӯям мутриб буда). Гуфтанд, аз ҳамин мепурсем. Албатта ин ҳам як одами фаҳиме буд, на ин ки одами бехабаре бошад. Гуфтанд, аз ин мепурсем, ки оё ҳақ бо шиъа аст ё бо мурҷиъӣ? Гуфтанд: оқо! ақидаи ту чист? Оё ҳақ бо шиъа аст ё бо мурҷиъӣ? Ҳарфи хубе зад, гуфт:

أعلاي شيعي وأسفلي مرجئي

Гуфт: болои танам шиъа аст, вале пойини танаам мурҷиъӣ. Яъне дар фикру ақида, ман шиъа ҳастам, аммо пойини танаам мурҷиъӣ аст, яъне дар амал мурҷиъиам.

Мехост бигӯяд, ман ақидаи шиъаро қабул дорам, ақидаи онҳо дуруст аст, вале ман дар амал мурҷиъӣ ҳастам.

Ҳоло оё бояд қабул кард, ки мо алъон миллате ҳастем, ки:

أعلانا مرجئي وأسفلنا مرجئي

Ҳам дар фикр мурҷиъӣ ҳастем, ҳам дар амал.

Ин яке аз он масоиле аст, ки бояд гуфт, фикри динӣ дар мо ба сурати нимамурда ё бигӯем, мурда даромадааст. Албатта бо ин фикри мурҷиъӣ дигар чӣ хоҳад шуд?! Фикре, ки амалро аз кор бияндозад, он вақт дунё мемонад? Охират мемонад? Иззат мемонад? Саодат мемонад?

وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ

(Сураи Оли Имрон, ояти 139) (“Шумо бартаред…”) мемонад? Абадан!

Фикри динии мо бояд ислоҳ бишавад. Тафаккури мо дар бораи дин ғалат аст, ғалат.

Ба ҷуръат мегӯям, аз чаҳорто масъалаи фурӯъ, он ҳам дар ибодот, чандтое ҳам аз муомилот, аз инҳо, ки бигузарем, дигар фикри дурусте мо дар бораи дин надорем; на дар ин минбарҳо ва дар ин хитобаҳо мегӯем ва на дар ин китобҳо ва рӯзномаҳо ва мақолаҳо менависем ва на фикр мекунем. Мо қабл аз ин ки бихоҳем дар бораи дигарон фикр кунем, ки онҳо мусалмон шаванд, бояд дар бораи худ фикр кунем. Чароғе, ки ба хона равост, ба масҷид ҳаром аст.

Намехоҳам тахтиъа бикунам, ки чаро мубаллиғ ба хориҷ фиристоданд. Албатта кори саҳеҳе аст, бисёр кори хубе аст. Шояд дар он ҷо мусалмони воқеӣ дуруст бишавад ва баъд намуна шаванд барои мо. Вале он чи, ки воҷибтар аст, таваҷҷӯҳ ва танббӯҳ аст ба ин ки мо мусалмонҳое ҳастем, ки фикрамон дар бораи ислом ғалат аст. Сиёсати ҳоким бар ҷаҳон — ё бар ниме аз ҷаҳон — мехоҳад, ки ислом на бимирад ва на зинда бимонад, (балки) ба ҳолати ниммурда ва нимзинда бимонад. Дунё ба ду блок ба истилоҳ қисмат шудааст: шарқ ва ғарб. Ин ду блок дар ду масъала, дар ду чиз бо ҳам иттифоқ доранд: яке, масъалаи Олмон ва яке, масъалаи ислом. Аммо Олмон, ҳар ду блок дар айни ин ки ба зоҳир рӯяш баҳс мекунанд, ботинан тавофуқ доранд ба ин ки ин миллат набояд зинда бишавад, набояд ҷилавашро бозгузошт. Роҷеъ ба ислом ҳам айнан ҳамин тавр, мунтаҳои амр фарқ ин аст, ки блоки шарқ фикр мекунад ба ин ки решаи исломро аз бех биканад, блоки ғарб фикраш ин аст, ки исломро ба ҳоли нимзинда ва ниммурда нигаҳ дорад, яъне ҳамин, ки ҳаст, ин вазъе, ки алъон ҳаст, ҳифз бикунад; на бигузорад аз байн биравад, на бигузорад дуруст зинда бишавад. Дуруст мисли ҳамон чизе аст, ки дар китобҳои ҳашрашиносӣ ва дар равоншиносӣ — он ҷо, ки дар ғароиз баҳс мекунанд — роҷеъ ба як ҳашрае мегӯянд аз занбӯр кӯчактар аст ва аз магас бузургтар, ғаризаи аҷибе дорад, ки модийин дар тавҷеҳи ин қазия гир кардаанд, ки чӣ ҷур тавҷеҳ бикунанд. Мегӯянд, ин ҳайвон, мавқеъи тухмгузорияш, ки мешавад, яке аз кирмҳоро пайдо мекунад, меравад рӯйи пушти он кирм, як нуқтаи махсус, як асаби хеле-хеле борики махсус ҳаст, он асабро пайдо мекунад, рӯйи он асаб неш мезанад, вале неш, ки мезанад, на он ҷур неш мезанад, ки бимирад. Агар бихоҳад бизанад бимирад, мемирад. Оҳиста неш мезанад, ин қадр неш мезанад, ки ин асаб карах ва он ҳайвон беҳис бишавад ва биафтад сари ҷояш, вале намегузорад бимирад. Баъд, рӯйи пушти ин ҳайвон ҳамон ҷо тухм мегузорад. Аҷиб ин аст, ки баъд аз тухм гузордан, худаш пеш аз он ки баччаҳояш аз тухм берун оянд, мемирад. Бинобар ин ҳаргиз насли гузашта ва насли оянда якдигарро намебинанд. Баъд, баччаҳои ӯ бузург мешаванд, яъне аз тухм дармеоянд. Вақте, ки мехоҳад тағаззӣ бикунанд, аз ҳамон гӯшт ин кирм тағаззӣ мекунанд. Ҳамонро мехӯранд, то тамом шавад ва баъд худашон роҳ меафтанд ва мераванд. Ҳоло чаро ин ҳайвон ин кирмро ин қадр неш намезанад, ки бимирад, чун агар бимирад, мегандад ва зуд аз байн меравад. Чаро неш мезанад? Барои ин ки беҳис бишавад ва ҳаракат надошта бошад. Агар ҳаракат дошта бошад, ин наметавонад рӯйи ӯ тухм бигузорад ва баъд баччаҳояш биёянд аз гӯшти ӯ иртизоқ бикунанд ва бихӯранд ва зиндагӣ кунанд. Ба ин ҳолати ниммурда ва нимзинда инро нигаҳ медорад ба қисме, ки на бимирад ва на он қадр зинда бошад, ки ҳаракат дошта бошад, ҳеч кадом. Он чи аҷиб аст дар ғаризаи ин ҳайвон, ин аст, ки ин ҳайвон, ки худаш мемирад насли баъд насли аввалиро намебинад, дар айни ҳол ин насли дигар ҳам баъд, ки бузург мешавад, вақте мехоҳад тухм бигузорад, бо ҳамон маҳорат бидуни ин ки насли қаблро дида бошад ва ёд гирифта бошад, он амали тазриқро анҷом медиҳад ва кори худашро идома медиҳанд. Ин, ҳолати ниммурдагӣ аст.

Албатта инро намехоҳам бигӯям ва шуморо ба ғалат биандозам, ки истеъмор ва истисмор моро ба ин ҳолат даровардааст. На, мо қаблан ба ин ҳолат даромадем, онҳо моро имрӯз ба ин ҳолат нигаҳ медоранд ва иллати мубқияи (боқигузорандаи) мо ҳастанд, вагарна мо қабл аз ин ки истеъмор ва истисморе биёяд, афкоре аз ҷоҳое тадриҷан дар мо пайдо шуд ва моро ба ин ҳолат даровард.

Ленин гуфтааст, дин тарёки иҷтимоъ аст. Як нафар аз нависандаҳои араб аз як файласуфи моддии дигаре нақл мекунад, ки дин, инқилоби зуъафо алайҳи ақвиё ва абармардҳост. Ин нависандаи араб мегӯяд, кадом як дуруст аст? Оё дин тарёк аст ва василаи беҳиссӣ аст ё инқилоб ва ҷунбиш аст? Мегӯяд, ҳар дуто дуруст аст: дин зиндагӣ аст, ҳаракат аст, ҷунбиш аст, аммо кадом дин? Он дине, ки пайғамбарон оварданд. Дар айни ҳол, дин тарёки иҷтимоъ аст, аммо кадом дин? Он маъҷуне, ки мо имрӯз сохтаем.

Боре, ҳадисе бихонам ва ба ароизи худам хотима бидиҳам. Ҳадиси маъруфе аст:

إذا ظهرت البدع فعلی العالم أن يظهر علمه وإلا فعليه لعنة الله

(Усули Кофӣ, ҷ.1 с.54, бо каме ихтилоф) Агар бидъатҳо пайдо бишавад (бидъат яъне он чизе, ки ҷузъи дин нест, вале номи дин ба худаш гирифтааст ва мардум хаёл мекунанд моли дин аст), агар бидъат зоҳир шуд дар миёни мардум, бар доност, ки изҳор бикунад ва бигӯяд.

Ин ҳадиси шариф, вазифаи эҳёи динро, ки дар дараҷаи аввал бар ӯҳдаи табақаи уламост баён мекунад, аз роҳи мубориза бо бидъатҳо ва таҳрифҳо. Умедворам аз маҷмӯаи он чи гуфта шуд битавонем натиҷа бигирем, ки мо акнун беш аз ҳар чизе ниёзмандем ба як растохези динӣ ва исломӣ, ба як эҳёи тафаккури динӣ, ба як неҳзати равшангари исломӣ. Умедворам дар фурсати муносибе тавфиқ ёбам мушаххасоти тафаккури исломиро баён кунам ва роҳ ва барномаи эҳёи онро то ҳудуде, ки бароям мақдур аст, баён намоям. Он чи баҳс шуд, муқаддима ва заминае буд барои андешаи эҳёи тафаккури исломӣ.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ошноӣ бо Мавлоно ба забоне бисёр содда – III
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Агар уммати исломӣ аз қудрати дарунии худ истифода кунад, режими саҳюнистӣ аз қалби ҷомеаи исломӣ бардошта хоҳад шуд”

Матолиби пурбоздид