Дурӯғҳои бузург ба номи ИЛМ

Дурӯғҳои бузург ба номи ИЛМ

Оё пешрафти илм дунёро ба ҷойи беҳтаре табдил кардааст? Шояд натавонем ин пурсишро бо қотеъият посух диҳем, аммо имрӯз, дар даврони авҷи пешрафтҳои илмӣ, як чизро бо итминон медонем: борҳо ба номи илм, ба инсонҳо хиёнат шудааст ва ин хиёнат, дар заминаҳои мухталиф иттифоқ афтодааст.

Дар ин миён, ҳавзаҳои пизишкӣ ва дорусозӣ, иқтисод, иқлимшиносӣ ва санойеъи ғизоӣ омодатарин заминаҳои суистифода будаанд. Мавориди бисёре аз ин хиёнатҳо вуҷуд доранд, ки дар ин гузориш се маврид аз онҳо омадааст:

1) Ба гузориши New York Times, пажӯҳишҳои марбут ба таъсири қанд ва чарбӣ дар бемориҳои қалбӣ, яке аз ошкортарин мавориди хиёнати илм ба мардум ва хидмати он ба санойеъ ва ширкатҳост.

Чанд сол пеш, мадорике аз “Бунёди пажӯҳиши қанд”-и Омрико ифшо шуд, ки нишон медод ин бунёд дар соли 1960 ба се устоди Донишгоҳи Ҳорворд, 50 ҳазор дулор пардохтааст, то таҳқиқе дар бораи қанд, чарбӣ ва бемориҳои қалбӣ анҷом диҳанд. Натиҷаи ин пажӯҳиш он буд, ки миёни қанд ва бемориҳои қалбӣ иртиботи ночизе вуҷуд дорад ва аммо чарбӣ омили аслии он аст.

Ин пажӯҳишҳо ҷиҳатдиҳандаи аслии сиёсатҳои чанд даҳаи ахири давлати Омрико дар умури тағзия будааст; сиёсатҳое, ки ҳамчунон идома доранд. Ҳамин масъала дар ин солҳо боис шуд, ки мардуми Омрико ба ғизоҳои камчарбу пурқанд рӯй биёваранд; чизе, ки натиҷаи онро метавон дар боло будани мизони фарбеҳӣ ба равшанӣ дид.

Имрӯза Анҷумани қалби Омрико ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳанд, ки миқдори зиёди қанд, хатари бемориҳои қалбиро афзоиш медиҳад.

“Фикр мекунам ин масъала тарснок аст. Шумо ҳеч гоҳ намунаҳои чунин фоҳишу ошкор (аз инҳирофи воқеиёти илмӣ) намеёбед.” Ин сухани Мориун Нестле (Marion Nestle), устоди тағзияи Донишгоҳи Ню-йорк аз ин моҷарост. Аммо мавзӯъ онгоҳ тарсноктар мешавад, ки бидонем ҳамин имрӯз ҳам Кукокуло милюнҳо дулор барои таъмини молии пажӯҳишҳое, ки ба дунболи камаҳаммият ҷилва додани робитаи миёни қанд ва фарбеҳӣ ҳастанд, ихтисос додааст. Ин раванд, мутаваққиф нашудааст, балки фақат гузари чанд даҳа лозим аст, то натиҷаи он чиро, ки имрӯз дар ҳоли рух додан аст бибинем.

2) Гармоиши ҷаҳонӣ ҳатто имрӯз ҳам яке аз баҳсҳои муноқишабарангез аст; албатта муноқишае миёни донишмандон ва сиёсатмадорон. Донишмандон онро хатаре барои ҳаёти инсон медонанд ва сиёсатмадорон аммо, дар пайванде танготанг бо ширкатҳои нафтӣ, ин иддаои донишмандонро ёва меноманд. Аммо дар солҳои пеш дар солҳои 1930, 1940 ва 1950, бисёре аз иқлимшиносон иртибот миёни гармоиши ҷаҳонӣ ва тавлиди жилксиди карбон тавассути корхонаҳоро рад мекарданд; бо ин истидлол, ки зарфияти уқёнусҳо барои ҷазби корбуни диоксид бисёр бештар аз мизоне аст, ки корхонаҳо ва ширкатҳои нафтӣ тавлид мекунанд; чизе, ки дақиқан боби майли ширкатҳои нафтӣ ва корхонаҳо буд. Дар соли 1957, Роҷер Ревел (Roger Revelle) ва Ҳонс Суз (Hans E. Suess) дар мақолае нишон доданд, ки зарфияти ҷазби уқёнусҳо маҳдуд аст. Албатта дар нимаи нахусти қарни 20-ум, худи замин ҳам баҳонаи хубе ба дасти ин иқлимшиносон дода буд.

Дамои замин дар ин давра, бо афзоиши бисёр андаке ҳамроҳ буд ва ҳатто дар солҳои 1940, рӯ ба коҳиш гузошт. Иллати ин иттифоқ, чархаи табиии коҳиши дамои замин буд, ки дар ҳудуди 1950 ба поён расид. Аз он замон, давраи табиии гармоиши замин оғоз шуд, аммо ин бор, бар хилофи давраҳои пеш аз инқилоби санъатӣ, ба иллати гозҳои гулхонаӣ (парниковые газы)-и тавлиди инсон, дамои кураи замин бо суръату шиддати ғайримаъмул шурӯъ ба афзоиш кард. Имрӯза дамо нисбат ба солҳои 1950 то 1980, ба дараҷаи бисёр зиёд афзоиш ёфтааст ва донишмандон пешбинӣ мекунанд, ки бо ҳамин раванди кунунӣ афзоиши дамо то соли 2050 ба се дараҷа бирасад; чизе, ки ба маънои воқеии калима, башарро ба марзи нобудӣ хоҳад кашонд.

3) Ба гузориши Guardian, илми дорусозӣ ва иртиботи он бо санъати дору, аз бузургтарин муттаҳамон дар ин замина аст; ҷое, ки “зиддияти манофеъ”-и ширкатҳои дорусозӣ — ва пайрави он, донишмандони ин ҳавза — ва мардум, ба равшанӣ дида мешавад. Дар ин ҳавза, намунаҳо он қадр фаровонанд, ки гузиниш миёни онҳо кори сахте аст. Барои намуна, дар соли 2005, доруи ҷадиде барои диабет равонаи бозор шуд, ки бо истиқболи фаровоне рӯ ба рӯ шуд. Дар ин замон, ин дору бо ин истидлол, ки сатҳи қанди хун ва ба дунболи он, мушкилоти қалбиро поин меоварад, сутуда мешуд. Аммо муддате баъд, Ҷон Бос (John Buse) аз Донишгоҳи Колифурниёи шимолӣ дарёфт, ки ин дору дар воқеъ мушкилоти қалбиро меафзояд. Пас аз ин масъала, раиси донишкадае, ки Ҷон Бос дар он кор мекард, аз сӯи ширкати созандаи ин дору таҳти фишор гузошта шуд, то натоиҷи таҳқиқоти Ҷон Бос пинҳон бимонад. Саранҷом ду сол баъд аз ин иттифоқ, Стив Нисен (Steve Nissen), ки як мутахассиси қалб буд, дар таҳқиқоти худ ба ин натиҷа расид, ки ин дору хатари бемориҳои қалбиро 43 дарсад афзоиш медиҳад. Ин дору дар соли 2010 аз бозор ҷамъоварӣ шуд; ҳангоме, ки 5 сол аз масрафи он тавассути беморони диобетӣ мегузашт.

* * *

Мавориде, ки гуфта шуд, танҳо намунаҳои ошкорест, ки дар он, манфиати тавлидгарони илм, дар таоруз бо беҳбуди шароити зиндагии мардум қарор мегирад; намунаҳое, ки метавонад моро ба сӯи таъсироти пинҳонтари сармоя ва бозор дар шаклдиҳӣ ба шокилаи улум раҳнамун шавад; дар ҷиҳатдиҳӣ ба боварҳое, ки улум барои мо месозанд ва мо зиндагиамонро ба кӯмак онҳо таҷриба мекунем.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Комёбӣ ва муваффақият
Филми Рисолат

Матолиби пурбоздид