Дурӯғ дар ҳама ҳол – мамнӯъ!

Дурӯғ дар ҳама ҳол – мамнӯъ!

Ваъдаи дурӯғ ва дурӯғ гуфтан, фарқе надорад ба бузургон бошад ё ба кӯдакон, яке аз мавзӯотест, ки дар фарҳанги Қуръон ва аҳли байти Паёмбар(с) башиддат аз он наҳй шуда ва Худованди Мутаол ба дурӯғгӯён ваъдаи азоб дода ва сарнавишта бадеро барои онҳо таъйин фармудааст:

فَوَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ الَّذِينَ هُمْ فِي خَوْضٍ يَلْعَبُونَ يَوْمَ يُدَعُّونَ إِلَىٰ نَارِ جَهَنَّمَ دَعًّا
Вой дар он рӯз бар такзибкунандагон, ҳамонҳо ки дар суханони ботил ба бозӣ машғуланд! Дар он рӯз онҳоро ба зӯр ба сӯи оташи ҷаҳаннам мебаранд. (Сураи Тур, ояти 11-13).

Ҳамчунин дар ҷараёни мубоҳилаи паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ бо масеҳиёни Наҷрон мефармояд:

ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَل لَّعْنَتَ اللَّـهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ

Сипас мубоҳила ва нафрин кунем, ки лаънати Худо бар дурӯғгӯён қарор диҳем. (Сураи Оли Имрон, ояти 61).

Бар ин асос, паёмбари раҳмат саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ аз бадаҳдӣ ва дурӯғ наҳй мекарданд. Махсусан дар бораи кӯдакон таъкид мекарданд ҳангоме ки инсон ба кӯдак ва фарзандаш ваъда диҳад ва амал накунад, асари баде хоҳад гузошт.

Чунон ки аз Абдуллоҳ ибни Омир нақл шудааст, ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ба хонаи мо омаданд, дар ҳоле ки кӯдаки хурдсол будам, рафтам то бозӣ кунам. Аз ин рӯ, модарам ба ман гуфт:

Эй Абдуллоҳ! Биё чизе ба ту диҳам.

Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд: Чӣ мехоҳӣ диҳӣ?

Гуфт: Хурмое ба ӯ медиҳам.

Фармуданд: Бидон, ки агар чунин накунӣ, (яъне хурмо надиҳӣ), бароят дурӯғ навишта мешавад.

Лизо яке аз бадтарин ахлоқ назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), дурӯғ буд то ҷое ки аз Оиша (р) нақл шуда, ки Паёмбар ҳар гоҳ мефаҳмид, яке аз аъзои хонавода дурӯғ гуфтааст, аз ӯ дурӣ мекарданд то тавба кунад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гузашту бурдборӣ ва ҳилм дар сираи Расули Акрам(с)
Хирад ва оянданигарии Нӯшервон

Матолиби пурбоздид