Ду гурӯҳ аз инсонҳо
Ду гурӯҳ аз инсонҳо ҳастанд, ки бефоида саъю талош мекунанд: як гурӯҳ онҳое ҳастанд, ки молу сарват ҷамъоварӣ мекунанду аз он истифода намекунанд ва гурӯҳи дигар, касоне ҳастанд, ки илму донишро меомӯзанд, вале ба он амал намекунанд.
Илм чандон, ки бештар хонӣ
Чун амал дар ту нест, нодонӣ
На муҳаққиқ бувад, на донишманд
Чорпое, бар ӯ китобе чанд
Он туҳимағзро чӣ илму хабар
Ки бар ӯ ҳезум аст, ё дафтар.
(Гулистони Саъдӣ, боби ҳаштӯм, “Дар одоби сӯҳбат”, бознависии ҳикояти 3)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: