Ду ҳайат аз Осиёи Миёна аз Исроил боздид карданд

Ду ҳайат аз Осиёи Миёна аз Исроил боздид карданд

Ахбори минтақа

Вазорати хориҷаи Исроил чанде пеш, фаъолияти диплумотики ин кишварро бо кишварҳои Осиёи Миёна гузориш кардааст. Ин гузоришот дар расонаҳои исроилӣ низ бозтоб дошт.

Дар ин гузориш омадааст, дар ду ҳафтаи ахир, ду ҳайат аз панҷ кишвари Осиёи Миёна, аз Исроил боздид кардаанд.

Гуфта мешавад, ҳайати аслӣ ҳанӯз дар Исроил аст ва дар торихи 21/12/2022 аз кӯҳи Маъбад боздид намудаанд.

Аввалин ҳайат ҳудуди ду ҳафта пеш аз Исроил боздид намуданд ва шомили 30 нафар, ҷавонон будаанд, ки шахсиятҳои муҳим ва раҳбарони эҳтимолии ояндаи ин кишварҳо ба шумор мерафтаанд.

Дуввумин ва аслитарин ҳайат, ин ҳафта бо ҳамкории Вазорати хориҷа ва Дафтари минтақаии СММ дар Осиёи Миёна вориди Исроил шуд.

Кишварҳои Осиёи Миёна дар мавриди ҳифозат аз марзҳо ва мубориза бо маводди мухаддир, терроризм ва ҷиноят, моиланд аз таҷрибаҳои Исроил истифода намоянд ва болотар аз ин, аз абзорҳое, ки Исроил барои ин манзур эҷод кардааст, дарёфт кунанд.

Ин аввалин бор аст, ки ҳайате аз мақомоти аршади мусалмон вориди Исроил мешавад то аз мутахассисони исроилӣ дар бораи мубориза бо маводди мухаддир, ҷиноят ва қочоқ таҷриба биомӯзанд.

Ин мавзӯот барои кишварҳои Осиёи Миёна, ки бо мушкилоте дар заминаи амният ва масоили минтақаӣ рӯбарӯ ҳастанд, аҳамият дорад.

Дар бахше аз ин боздид, ширкаткунандагон бо намояндагони Созмони миллии сойберӣ, Созмони пулшӯӣ, намояндагони додгустарӣ ва ғайра дидор хоҳанд кард.

Аъзои ҳайат аз бандари Ашдуд боздид намуда ва бо намояндагони гумрук ва Созмони умури молиётӣ низ дидор карданд.

Онҳо инчунин аз Фармондеҳии ҷануб боздид карда ва дар онҷо назароте дар мавриди таҳдидот ва мушкилоти амниятии Исроил шуниданд ва ҳамчунин ба санъати ҳаво ва фазои ин кишвар ошно шуданд.

Ин ҳайат ҳамчунин ҷаласоте дар вазорати умури хориҷа баргузор хоҳад кард ва назароти мақомоти аршад дар бахши роҳбурдӣ ва бахши Авросиё (Евразия) ва намояндагон дигар вазоратхонаҳои давлатӣ дар бораи масоили амниятӣ, таҳдидот, масъалаи Эрон ва ҳамкориҳои эҳтимолӣ гуфтугӯ хоҳанд намуд.

Дар Исроил ба тақвияти ҳузури Исроил дар манотиқи ҳаммарз бо Эрон аҳамият дода мешавад.

Мақомоти исроилӣ мегӯянд, ки барои истифода аз ҳар гуна аҳрум, ки мумкин аст, аз ҳамаи ҷиҳатҳое, ки метавонад бар Эрон таъсир гузорад, фикри амалиётӣ, ба нафъи Исроил бояд анҷом бигирад.

Раиси бахши Авросиё (Евразия) дар вазорати умрури хориҷа, гуфтааст: “Эҳсоси таҳдиди онҳо пас аз ақибнишинии Амрико аз Афғонистон сарчашма мегирад. Ин мавзӯъ ҳамчунин ба мавзӯи маводди мухаддир, терроризм ва исломи бунёдгаро марбут мешавад”.

Дар мавриди ҳамкориҳои Исроил бо кишварҳои Осиёи Миёна, дар ин гузориш ёдовар шудааст, ки то ба ҳол Исроил дар Осиёи Миёна умдатан дар заминаи тавонмандсозии занон ва низ масоили муҳити зист ҳамкорӣ доштааст.

Вазорати умури хориҷа таъкид намудааст, ки тақвияти ҳамкорӣ байни ниҳодҳои ҳирфаии Исроил ва кишварҳои Осиёи Миёна барои идомаи мубориза бо таҳдидҳо ва мушкилоте, ки саботро таҳдид мекунад ва ҳамчунин барои тақвияти робитаҳои дӯстона муҳим аст.

Байни Исроил ва ҳар як аз кишварҳои ширкаткунанда, дар ин барнома, дар тӯли ҳафта, роҳҳо ва имконот барои идомаи корҳои муштарак баррасӣ мешавад. Исроил умедвор аст, пас аз бозгашти аъзои ҳайат ба кишварҳои худ ва ироаи назароти худ, раванди тақвияти ҳамкорӣ аз тариқи мизи гирдҳо ва семинорҳои муштарак оғоз мешавад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷаззобияти Маснавии Маънавӣ
Ҳикматнома

Матолиби пурбоздид