Дӯстгонӣ
Додоҷон Атовуллоев
Дар рӯзи Иди Саъиди Қурбон
Эй Дӯст, ҳамаро қурбони Ту мекунам, танҳо ба хотири он ки ишқамро бипазирӣ!
Эй Дӯст, ҳар рӯз ҳазор саҷда меоварам, ки Туро ёфтам ва раҳоям накардӣ!
Эй Дӯст,Ту маро давлату сарвати беинтиҳо додӣ: ошиқона нафас кашидан, ошиқона зистан, ба офтоб дуруд фиристодану ба моҳтоб бидруд гуфтан!
Эй Дӯст, дар ин рӯз, дар ин соъат, дар ин лаҳза ба Ту муроҷиъат мекунам:
бар қаҳрамонони фаластинӣ пирӯзӣ ато намо;
бар Ватани кӯчаки ман корвонеро бо сорбони раҳрави шоҳроҳи худат бифирист;
муҳоҷирону мусофирону оворагону ғарибонро ба манзилҳои худашон баргардон;
Эй Дӯст, дар ин миён маро ҳам ба фаромӯшӣ масупор: қабл аз он ки ба дидори Ту бирасам, боз як бор гирди як дастархон бо пайвандонам ва дӯстонам бинишон!
Эй Дӯст, имрӯз ва ҳама рӯзҳои дигар дар интизори дидори деринтизор бо Туям. Савганд ба номи покат, қасамияро тӯлонӣ намекунам, ба ҷуз висоли Ту дигар ганҷу ганҷинае намехоҳам.
Эй Дӯст, магар лаззате, шӯҳрате, мартабае болотар аз ШАҲИДИ ИШҚ ё ҚУРБОНИИ ИШҚ гаштан ҳаст?!
«Касе,ки бадрақааш ъишқ шуд ба Каъбаи васл,
На хавфи бодия диду на ранҷи роҳ кашид!»
Зинда бод ИШҚ!
Поянда бод ОШИҚӢ!
Ид муборак!
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Додоҷон Атовуллоев