Ҷаҳони ҳунар – сарчашмаи ноби зебоӣ

Фарҳанг

Ҷаҳони ҳунар – сарчашмаи ноби зебоӣ

Ёддошти Сайид Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ, вазири фарҳанги пешини Ҷ.И.Эрон дар ёду хотираи марҳум Давлатманд Холов

Fararu

Ёддошти Сайид Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ, вазири фарҳанги пешини Ҷ.И.Эрон дар ёду хотири марҳум Давлатманд Холов – сарояндаи маъруфи тоҷик:

“Мо дар ҷаҳонҳои гуногун, мутақорин ва гоҳ мутазодд ва пуркашокаше зиндагӣ мекунем. Шояд барои мо, эрониёне, ки дар хориҷ аз Эрон зиндагӣ мекунем, истифода аз се тақвим, нишонаи се ҷаҳон бошад. Тақвими ҳиҷрии хуршедӣ, ки тақвими расмии кишвари мост, тақвими ҳиҷрии қамарӣ, ки муносибатҳои динӣ ва мазҳабиро бо он месанҷем ва тақвими мелодӣ, ки ногузир аз нигоҳ ба ин тақвим ва гузарони рӯзмарраи зиндагӣ дар ин сӯйи ҷаҳонем.

Аммо ҷаҳонҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад. Дар канори ҷаҳони рӯзмарра ва такрорӣ ва ранҷовар ва гоҳ бисёр озорандаи сиёсат, ки тасвири воқеияти чунин ҷаҳонеро ин рӯзҳо дар Фаластин шоҳидем, ҷаҳони дигаре ҳам вуҷуд дорад: ҷаҳони ҳунар, ки дурахшонтарин ва хушояндтарини ҷаҳонҳост. Мисли ҷаҳони хирад, ки ба таъбири Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, ҷаҳони ақл, салтанат ва вилояти касеро намепазирад магар он ки қонеъ шавад ва аз самими дил хурсанд.

Дар ҷаҳони ҳунар, бо моварои хирад мувоҷеҳ ҳастем. Ҷаҳоне, ки моро ба сарчашмаи ноби зебоӣ мебарад. Дар баробари зебоӣ касе наметавонад муқовамат кунад. Ба гумонам, касе зеботар аз Саъдӣ ин мазмунро насурудааст:

Парри товус дар авроқи масоҳиф дидам,

Гуфтам: ин манзалат аз қадри ту медонам беш.

Гуфт: хомӯш, ки ҳар кас, ки ҷамоле дорад,

Ҳар куҷо пой ниҳад, даст бидорандаш пеш.

Давлатманд Холов, ҳунарманди бузурги тоҷик, ки тозагӣ даргузашт, аз наводире буд, ки дар тарсим ва таҳаққуқи ҷаҳони зебоӣ ва маънавии ҳунар ва мусиқӣ дар минтақаи мо, бавежа барои порсизабонони тоҷик ва Эрон ва Афғонистон ва Бухоро ва Самарқанд ва Марв ва… нақши мисолзаданӣ дошт.

Бо ҷамъе аз ҳунармандон ва донишгоҳиён ва аҳли фарҳанг, ки равоншод дуктур Аббос Зарёбхуӣ, равоншод устод дуктур Маҳмуд Руҳуламинӣ, равоншод устод Муршид Муродэзидӣ ва устод дуктур Алӣ Мусавии Гарморудӣ аз ҷумлаи ҳамроҳон буданд, барои ширкат дар ҷашнвораи ҳазораи Фирдавсӣ ба Тоҷикистон рафта будем. Ман барои бори аввал Давлатманд Холовро дар шаҳривармоҳи соли 1373 (августи 1994) дар шаҳри Душанбе дар зиёфати аҳли фарҳанг ва ҳунар дар хонаи равоншод устод Ҷӯрабек Назрӣ дидам. Ҷӯрабек Назрӣ аз наводир буд. Фарзона ба тамоми маъно, устоди овоз ва мусиқӣ ва забоншинос ва мусаллат ба кӯчаву боғҳои фарҳанг ва ҳунари Машриқзамин. Аз шахсиятҳое буд, ки нишоти мусоҳибат бо ӯ барои ҳамеша дар ёдам мондааст. “Қалам инҷо расиду сар бишкаст!” Дар барномаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон, ки ҳамон айём баргузор шуд, ҳар ду дар толори “Борбад” ҳузур доштанд. Ҷӯрабек се сол пеш дар 74-солагӣ даргузашт ва Давлатманд ҳафтаи пеш реҳлат кард.

Бар хилофи марзҳои сиёсӣ, ки давлатҳо мудом дар андешаи девор кашидан ё танбеҳи мутаҷовизон ба марзҳо ҳастанд, монанди моҷарои марзи Омрико ва Мексик, ки аз рӯзгори сиёҳи Тромп то кунун барҷой мондааст, агар Тромп баргардад, эҳтимолан шоҳиди шиллики мустақим ба муҳоҷирони мексикӣ хоҳем буд, дар ҷаҳони ҳунар ва мусиқӣ марзе вуҷуд надорад, ҳатто агар фарде забон ҳам надонад, иртибот барқарор мекунад. Дилаш ба шӯру нишот меояд. Наметавонад бо мусиқӣ ва овои таронаи: “Дур машав, дур машав!” ё “Шоҳи хуросониям”-и Давлатманд ба ваҷд наёяд.

Ҷаҳони сиёсат, ҷаҳони: “Дур бишав, дур бишав” аст. Теъдоди сандалиҳо маҳдуд аст ва мутақозиён бештар. Пас бояд рақибонро дар нимаи роҳ муъаттал кард ё бо баҳонасозӣ ва баҳонаҷӯӣ онҳоро лагад ва ҳазф кард, то бо хаёли роҳат бар курсиҳо такя бизананд. Албатта курсиҳои муваққат.

Дар ҷаҳони ҳунар, касе ба шумо курсӣ таъоруф намекунад. Он курсиро худ месозед ва баъдан миллат курсии шуморо бар дӯш мегирад. Сиёсатмадорон, ки меҳмонони таъриханд, мераванд ва мутафаккирон ва ҳунармандон, ки мизбонанд, боқӣ мемонанд. Магар миллати мо ва ҳамаи порсизабонони ҷаҳон, курсии Рӯдакӣ ва Хайём ва Фирдавсӣ ва Мавлавӣ ва Низомӣ ва Ҳофиз ва Саъдиро бар дӯш нагирифтаанд?! Дигар касе наметавонад ин курсиҳоро бар замин бигузорад, чун ин курсӣ эътибораш гузаро ва вобаста ба аҳли сиёсат ва таблиғоти рӯз нест, ки аз боду борон наёбад газанд.

Шахсиятҳои сиёсӣ ҳастанд, ки ҳамеша дучори боду боронҳо ва тӯфонҳои мавсимӣ ҳастанд. Аслан, касе тасаввур мекард, ки дар кишвари мо ва дар низоми Ҷумҳурии Исломӣ тавассути ниҳоди мӯҳтарами Шӯрои нигаҳбон, салоҳияти Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Ҳасан Руҳонӣ рад шавад?! Ин дигар чеҳраи бараҳнаи сиёсат аст.

Аммо ҷаҳони ҳунар ва мусиқӣ ва адабиёт роҳу расми дигаре дорад. Сиёсат мисли кафи рӯйи об аст, ҷаҳони лағзону тӯфонзадаи сиёсат, бо фарозу фуруди замона дигаргун мешавад. Аммо ҷаҳони ҳунар ва адабиёт мемонад.

Дар коноли Донишгоҳи Азҳари Қоҳира дар дарси нақди адабӣ, устод ашъори Мутанаббиро дарс медод, қасидаеро мехонд, ки Мутанаббӣ дар ҷавонӣ дар васфи фарде гуфтааст. Агар Мутанаббӣ он қасидаро нагуфта буд, касе дар ҷаҳон ва дар таърих он номро намешунид. Мисли шоҳоне, ки дар қасоиди Саъдӣ ё гоҳ дар ғазалиёти Ҳофиз бар сари суфраи Саъдӣ ва Ҳофиз нишастаанд ва рӯзӣ мехӯранд.

Давлатманд Холов, аз ситорагони сохти чунин ҷаҳоне буд, ҷаҳони зебоӣ ва ҳунар. Ӯ ҳушмандона дар се даҳаи вопасини зиндагии худ, бо хондани ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ба сарчашмаи ҷаҳони зебоӣ ва латофат ва ҳунар роҳ ёфта буд. Бо садои тораш ва овози хушаш, ки гӯӣ омезае аз латофати садои Муҳаммадризо Шаҷариён ва занги осмонии овои Шаҳроми Нозирӣ буд, барои мо ҷаҳоне аз зебоӣ офарид.”

Fararu

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи бесобиқаи Ҳизбуллоҳ ба Исроил
Тафриқа афкан ва ҳукумат кун!

Матолиби пурбоздид