Заминларза дар Мурғоб

Заминларза дар Мурғоб
Ахбори минтақа
ба гузориши Озодӣ: Субҳи панҷшанбеи 23-юми феврал заминларзаи шадид қаламрави Тоҷикистонро такон дод. Зилзила соати 5:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод ва дар Душанбе замин ба муддати тақрибан 20-25 сония ларзид ва сокинони минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ шиддати зилзиларо ҳис кардаанд. Зилзила дар Чин, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам ҳис шудааст.
Ба гуфтаи Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази зилзила дар 47-километрии Аличури Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, мебошад. Қувваи зилзила дар маркази он 6,8 дараҷа будааст. Хабаргузории “Рейтерз” ба нақл аз телевизиони давлатии Чин шиддати ин зилзиларо 7,2 дараҷа гузориш додааст.
То ба ҳол дар мавриди хисороти ин заминҷунбӣ маълумоте ба даст нарасидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар сафҳаи “Фейсбук”-и худ навишт, ки “дар Сарез ҳама чиз ором аст. Ором бошед”.
Кӯли Сарез дар минтақаи наздик ба маркази зилзила ҷойгир аст. Ин кӯл соли 1911 бар асари кӯчиши кӯҳ миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, ҳудуди 17 миллиард метри мукааб об дорад. Мутахассисон мегӯянд, ки дар сурати рахнашавии оби Сарез, на танҳо сокинони рустоҳои Бадахшони Тоҷикистон, балки сокинони дигар кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо хатар рӯ ба рӯ мешаванд
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мақоми дуюми мусобиқоти Қуръони Карим: Муҳаммадёр
Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим

Матолиби пурбоздид