Зеҳнияти харчангӣ
Мабоҳиси иҷтимоӣ
Бисёре аз моҳо зеҳнияти Харчангӣ (Crаb mentality) дорем! Зеҳният ва ё шахсияти Харчангӣ чист?:
«Агар ман наметавонам чизеро дошта бошам, дигарҳо ҳам набояд дошта бошанд. Агар ман муваффақ нестам, ғайри ман ҳам набояд муваффақ бошанд».
Ҳоло ин мавзуъ ба Харчангҳо чӣ дахл дорад?
Агар шумо чанд Харчангро дар даруни як қуттӣ ва ё як сатил партоед, онҳо метавонан ба осонӣ аз он берун биёянд, вале ин кор иттифоқ намеафтад. Медонед барои чӣ? Чун ҳар Харчанге, ки бихоҳад аз он сатил ё чуқурӣ ё… берун биёяд, дигар Харчангҳо ӯро поин мекашанд ва намегузоранд, ки наҷот пайдо кунад. Ин воқеа то онҷо идома пайдо мекунад, ки ҳамаи он Харчангҳо яке пас аз дигарӣ мемиранд ва ҳеҷ як наҷот пайдо намекунад, дар ҳолате ки метавонистанд бо кӯмаки ҳам ба содагӣ аз он берун биёянд.
Дар мабоҳиси оятшиносии низоми хилқат, Харчанг ояти Худост ва дар ахлоқи исломӣ аз он ба унвони ” ҳасодат” ёд мешавад.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайид Муҳаммади Ғозӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн