Тоҷирони Русия ба Тоҷикистон сафар мекунанд

Тоҷирони Русия ба Тоҷикистон сафар мекунанд

Ахбори минтақа

Тоҷирон ва соҳибкорони Вилояти Орлови Русия қасди сафар ба Тоҷикистонро доранд.

Ба гузориши «Спутник», дар сафари тоҷирони вилояти Орлови Русия ба Тоҷикистон, масоили ворид шудан ба бозори ҷумҳурӣ ва ба роҳ мондани робита бо соҳибкорони тоҷик баррасӣ хоҳад шуд.

Қарор аст, дар ин сафар, намояндагони чаҳор корхонаи бузурги вилояти Орлови Русия ба Душанбе ташриф биёранд.

Раиси Утоқи бозаргонии (Торгово-промышленная  палата) вилояти Орлов, Светлана Ковалева, дар гуфтугӯ бо намояндаи тиҷории ин кишвар дар Тоҷикистон, Евгений Коренков хабар додааст, як ҳайати бузурги соҳибкорони ин вилоят рӯзи 22-апрел вориди пойтахти Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Ковалева изҳори умедворӣ кардааст, сафари онҳо ба Тоҷикистон ормонҳои соҳибкорони вилоятро амалӣ хоҳад сохт.

Вай илова намудааст, ки Утоқи бозаргонии вилояти Орлов барои ин манзур, аз тамоми имкониятҳои мавҷуд истифода хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони соҳибкорону тоҷирони вилояти Орлов қайд карданд, ки онҳо ҳавасманди воридшавӣ ба бозори Тоҷикистон ҳастанд, аммо ин бозор ба соҳибкорони ин вилоят чандон ошно нест.

Ба ҳамин хотир соҳибкорони ин вилояти Русия ният доранд аз Тоҷикистон боздид кунанд ва аз наздик бо бозори кишвар ошно шаванд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муноқишаи Амрико ва Чин бар сари чист?
Зуд бирафт…

Матолиби пурбоздид