Арабистони Саудӣ ба Телавив нафт ирсол кардааст

Арабистони Саудӣ ба Телавив нафт ирсол кардааст

Арабистони Саудӣ дар авҷи наслкушӣ дар Ғазза, ба Телавив нафт ирсол кардааст

Ахбори байналмилал

Бархе кишварҳо аз ҷумла Арабистони Саудӣ дар таъмини сӯхти ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ, ки барои 6-умин моҳи паёпай борикаи Ғаззаро омоҷи ҳамалот қарор додааст, мушорикат доранд.

Созмони Oil Change International дар гузориши худ, бар нақши вайронгари нафт дар доман задан ба наслкушии бевақфа алайҳи миллати Фаластин ишора ва таъкид кардааст: “Кишварҳо ва ширкатҳое, ки манобеъи сӯхти онҳо бӯҳрони инсонӣ дар Ғаззаро идома мебахшад, метавонанд бо бастани кранҳои нафт, ба барқарории оташбас дар ин борика кӯмак кунанд.”

Дар ин гузориш омадааст: “Иёлоти Муттаҳида дар садри феҳристи содиркунандагони умдаи нафт ба артиши ишғолгар барои таъмини сӯхти ҳавопаймоҳои ҷангиаш қарор дорад. Бразил ва Арабистони Саудӣ низ дар таъмини сӯхти ҳавопаймоҳои режими ишғолгар мушорикат доранд ва Исроил маҳмулаҳои нисбатан кӯчаки нафтӣ, аммо ба сурати муназзамро аз тариқи хатти лӯлаи SUMED дарёфт мекунад, ки мизбони нафти хом аз Арабистони Саудӣ, Аморот, Ироқ ва Миср аст.”

Ин гузориш таъкид мекунад, ки “кишварҳо ва ширкатҳое, ки ба таъмини сӯхт барои Исроил идома медиҳанд, дар тасбити хушунат ва зулми мустамар алайҳи миллати Фаластин нақш доранд”.

Элли Розенблут (Allie Rosenbluth), мудири барномаи байналмилалии созмони мазкур дар Иёлоти Муттаҳида гуфтааст: “Кишварҳо ва ширкатҳои нафтии бузурге, ки ба мошини ҷангии Исроил сӯхтрасонӣ мекунанд ва садҳо қарордоди таслиҳотӣ бо ин режим бастаанд, дар наслкушии мудовими миллати Фаластин шарик ҳастанд ва бавежа Иёлоти Муттаҳида ба хотири нақзи эҳтимолии қавонини байналмилалӣ бояд посухгӯ бошад”.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яман як новшикани омрикоиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод
Озодии тарроҳишуда!

Матолиби пурбоздид