Иддаои Трамп: Дар як шаб ба ҷанги Украина поён мебахшам

Иддаои Трамп: Дар як шаб ба ҷанги Украина поён мебахшам

Раиси ҷумҳури пешини Амрико бо интиқод аз тадовуми кумакҳои низомӣ ва молӣ ба Украина муддаӣ шуд, метавонад бо як тамоси телефонӣ бо русои ҷумҳури Русия ва Украина, ба даргириҳо дар Украина поён диҳад.

Ба гузориши хабаргузории “NBC News”, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико бо интиқод аз кумакҳои низомии мудовими давлати ин кишвар ба артиши Украина гуфт тадовуми кумакҳои низомӣ ва ирсоли пул ба Украина сулҳро ба таъхир меандозад.

Вай дар ин бора афзуд: Ҷанг дар Украина бояд мутаваққиф шавад ва ин имкон вуҷуд дорад. Агар ман дар интихоботи (2024) пирӯз шавам, як шаба ҳамзамон бо Владимир Путин ва Владимир Зеленский, тамос мегирам ва аз онҳо мехоҳам, ки дар як нишасти муштарак ширкат ва масоилашонро ҳал кунанд.

Доналд Трамп дар идома бори дигар муддаӣ шуд: Агар ман раиси ҷумҳур будам, раиси ҷумҳури Русия ҳаргиз амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз намекард.

Бино баргузораши расонаҳои Амрико, давлати ин кишвар аз оғози ҷанг дар Украина наздик ба 100 миллиард доллар ба Украина кумаки молӣ ва низомӣ кардааст.

Пеш аз ин дар 13 декабр, андешкадаи “Маркази мутолиотии байналмилалӣ ва роҳбурдӣ” ё (CSIS), мизони кулли кумакҳои давлати Амрико ба Украинаро баррасӣ ва мунташир кард, ки тибқи бароварди ин андешкада кумакҳои Амрико ба Украина дар се бахши низомӣ, давлатӣ ва башардӯстона дар гузари 9 моҳи гузаштаи ҷангро нишон медиҳад. Вашингтон то кунун дар бахши низомӣ 60 миллиард доллар, дар бахши давлатӣ 27 миллиард доллар ва дар бахши кумакҳои башардӯстона 15 миллиард доллар ба Украина кумак кардааст. Ин мизон кумак ё муҳаққақ шуда ва ё тасвиб шуда ва дар оянда ба Украина хоҳад расид.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зеҳнияти харчангӣ
Манотиқи муҳоҷирпазири Русия

Матолиби пурбоздид