Изҳори хушҳолии як хохоми саҳюнист аз марги ҳазорон нафар дар зилзилаи Туркия ва Сурия

Изҳори хушҳолии як хохоми саҳюнист аз марги ҳазорон нафар дар зилзилаи Туркия ва Сурия

Ахбори ҷаҳон

Як хохоми саҳюнист бо хушҳолӣ аз марги даҳҳо ҳазор нафар дар зилзилаи Туркия ва Сурия гуфт, ки “бидуни онҳо дунё ҷойи беҳтаре хоҳад буд”.

Ба гузориши сойти исроилии Stmegi, Шмуэл Элиягу, хохоми саҳюнист ва аз наздикони вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, шуҳадои зилзилаи фоҷеаомези Туркия ва Сурияро ба “ёрони Фиръавн”, ки дар дарё ғарқ шуданд, ташбеҳ кард.

Ин саҳюнисти нажодпараст навишт: “Худованд бар тамоми кишварҳое, ки атрофи мо ҳастанд ва борҳо хостаанд ба кишвари мо ҳамла карда ва моро ба дарё биандозанд ҳукмронӣ мекунад, Тамоми иттифоқоте, ки афтод дар ростои поксозии ҷаҳон ва беҳтар кардани он буд”.

Шмуэл Элиягу навиштааст: “Сурия барои садҳо сол яҳудиёнро дар Димишқ ва дигар манотиқ озору азият кард ва се бор ба Исроил барои куштор ва харобӣ ҳамла кард”.

Вай ҳамчунин дар мавриди Туркия низ навишт, ки ин кишвар ҳамвора душмани режими саҳюнистӣ будааст ва афзуд: “Дар мавриди Туркия намедонем, ки чӣ гуна бо онҳо тасвияҳисоб кунем. Онҳо обрӯи моро дар ҳамаи арсаҳо дар ҷаҳон бурдаанд. Агар Худованд бихоҳад онҳоро муҷозот кунад, пас мо коре ҷуз нишастан ва нигоҳ кардан набояд анҷом диҳем”.

Гуфтанист, зилзилаи Туркия дар таърихи 6 феврали 2023, бахшҳои зиёде аз минтақаи ғарби Осиё ва шарқи Медитаронаро ба ларза даровард. Ин зилзила то кунун талафот ва хасороти сангине дар ҳар ду кишвари Сурия ва Туркия бар ҷой гузошта ва то ин лаҳза беш аз 37 ҳазор нафар қурбонӣ дар ду кишвар дар пай доштааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

ПМТ ба мардуми Бадахшон паёми таслият ирсол намуд
Интифозаи севвуми Фаластин дар пеш аст

Матолиби пурбоздид