Изҳори ҳамдардии Сарвазири Тоҷикистон дар сафорати Эрон

Изҳори ҳамдардии Сарвазири Тоҷикистон дар сафорати Эрон

Ахбори минтақа

Сарвазири Тоҷикистон ба сафорати Эрон ташриф бурда ва ба давлат ва миллати Эрон изҳори ҳамдардӣ кард.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба Сафорати Эрон дар Душанбе рафта ва аз номи ҳукумат ва мардуми кишвар ба эрониён ҳамдардӣ изҳор намуд.

Дар пайи шаҳодати Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва ҷамъе аз мақомот ва шаҳрвандони ин кишвар дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил, имрӯз дар Сафорати Эрон дар Душанбе “Дафтари ёдбуд” боз шудааст.

Сарвазири Тоҷикистон ҳам ба ин ниҳоди диломатӣ омада, изҳори ҳамдардияшро баён ва онро дар “Дафтари ёдбуд” сабт кард.

Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ барои изҳори таслият ва ҳамдардӣ ба Сафорати Эрон дар ҳоли омадан ҳастанд.

Лозим ба ёдоварист, ин маросим то соати 16:30 идома дорад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳазинаи ҷанг барои Амрико: рӯзона як миллиард доллар
Эъломияи Сипоҳ: Пойгоҳи ҳавоии артиши Исроилро ҳадф қарор додем

Матолиби пурбоздид