Иллати аслии душмании Амрико бо Эрон дар баёни Оятуллоҳ Хоманаӣ

Иллати аслии душмании Амрико бо Эрон дар баёни Оятуллоҳ Хоманаӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Иллати аслии душмании Омрико бо миллати Эрон”

Байналмилал

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон дар дидори ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардум, ба баёни рӯйдодҳои рӯз пардохт ва дар посух ба ин ки “иллати аслии душмании Омрико бо миллати Эрон чист”, гуфт: “Ин суол, суоли осоне ба назар мерасад, лекин суоли печидае аст. Ҷавоби ин суол, ҷавоби муҳимме аст. Ҷавоби печидае аст. Моли имрӯз ҳам нест, ин душманӣ, 45 сол аст, ки давлатҳои Омрико аз анвоу ақсоми афрод ва ашхос ва аҳзоби гуногуни Омрико, ки сари кор омаданд, ҳамин душманиро, ҳамин таҳримро, ҳамин таҳдидро нисбат ба Ҷумҳурии Исломӣ ва миллати азизи Эрон доштаанд. Иллат чист?”

Вай афзуд: “Дар гузашта ин иллатро кетмон мекарданд, таҳти ановини гуногуне ба унвони теруризм, ба унвони ҳуқуқи башар, ба унвони масъалаи зан, ба унвони демукросӣ, таҳти ин унвон, ё агар ҳам мегуфтанд, ба шакли обрӯмандона, мегуфтанд рафтори Эрон мехоҳем иваз бишавад; гузаштаҳо ин ҷур ҳарф мезаданд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ идома дод: “Ин оқое, ки имрӯз сари кор аст дар Омрико, масъаларо ошкор кард; он ҳадафи ҳақиқиро равшан кард; гуфт “Мо муқобилаамон бо Эрон, бо миллати Эрон, барои ин аст, ки Эрон гӯш ба фармони Омрико бошад.” Мо, миллати Эрон бояд инро дуруст бифаҳмем; ин масъалаи муҳимме аст. Албатта таъбири ӯ мумкин аст як миқдоре бо ине, ки ман гуфтам мутафовит бошад, масалан: “Ҳарф гӯшкун бошад”, “Эрон, ҳарфгӯшкун бошад”; ба ин таъбир гуфта бошад.”

Вай гуфт: “Яъне як давлате, як қудрате пайдо шуда дар дунё, ки нисбат ба Эрон – Эрони бо ин таърих, Эрони бо ин иззат, Эрони бо ин миллат – ин таваққӯъро дорад, ки ин кишвар, ин таърих, ин миллати бузург, бо ҳама ифтихороташ, гӯш ба фармони ӯ бошад; ин душманиҳо ба хотири ин аст.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Омрико мехоҳад Эрон гӯш ба фармони ӯ бошад. Миллати Эрон аз чунин иҳонати бузурге ба шиддат ранҷида мешавад ва дар муқобили он кас ва касоне, ки чунин таваққӯи ғалате аз миллати Эрон дорад, бо ҳамаи қудрат меистад. Касоне, ки мегӯянд, чаро бо Омрико музокираи мустақим анҷом намедиҳед ва масоилро ҳал намекунед, зоҳирбин ҳастанд”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайидмуҳаммади Садр: Исроил бо террори Раисӣ ба Эрон паём дод
Ин навъдӯстиҳо ва ҳамдардиҳо дигар мазза надорад, ҳама дурӯғ аст

Матолиби пурбоздид