Илмро иллат кажу золим кунад…
Фақат ин Мавлоност, ки бо як ҷумлаи кӯтоҳ, қодир аст як ҷаҳон маъноро бирасонад. Мегӯяд:
Ҷаҳлро беиллатӣ олим кунад,
Илмро иллат кажу золим кунад.
Мехоҳад бигӯяд, шарти қазовати дуруст ва изҳори назари саҳеҳ, ин, холӣ будан аз ғаразу мараз аст. Масалан, аз ту хоста шавад, дар бораи Исмоили Сомонӣ доварӣ ва изҳори назар кунӣ, ки одами хуб будааст ва ё бад. Аммо аз он ҷо, ки ӯ дар назди ту аз як қадосати хоссе бархӯрдор аст (чун ӯро поягузори давлати тоҷикҳо мешуморӣ ва тоза, муҷассамаи ӯ дар маркази шаҳри Душанбе ҳам насб аст ва хулоса, вай пеши тоҷикҳо як муқаддас аст ва ту ҳам тоҷикӣ), ин ҷойгоҳи вай пеши ту, намегузорадат дар бораи ӯ ҳатто як сухани нораво занӣ ҳатто агар дар китоби таърих хонда бошӣ, ки Исмоил дар фалон моҷаро нобаҳақ буда, ту саъй мекунӣ онро тавҷеҳ кунӣ ва Исмоилро дар он моҷаро ҳақ баҷониб нишон бидиҳӣ. Ин аст ғаразу мараз! Яъне алоқамандии ту ба ӯ ва ҷойгоҳи ӯ дар назди ту, чашматро кӯр ва гӯшатро кар сохта.
Аммо агар ҳеч ғаразу маразе надошта бошӣ, дар бораи вай ҳамонро мегӯӣ, ки воқеият аст, яъне дар китобҳои таърихӣ омада.
Хуб, Мавлоно мегӯяд, агар одам нисбат ба як қазия ғаразу маразе надошта бошад (беиллатӣ), ҳамин ҳолат ӯро олим мекунад, то дуруст қазоват кунад, ҳатто агар одами нодон аст: “Ҷаҳлро беиллатӣ олим кунад”.
Аммо агар дорои ғаразу маразе бошӣ, ҳатто агар одами олим ҳам, ки бошӣ, вале ҳамин ғаразу мараз (иллат) сабаб мешавад, ки дар бораи он моҷаро нодуруст ва носаҳеҳ доварӣ кунӣ: “Илмро иллат кажу золим кунад”.
Хулоса, беғараз будан нодониро ба доноӣ дигаргун месозад ва ҳамин ғараз доноиро воруна мекунад ва онро мояи ситамкорӣ месозад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн