Имрӯз навбати ислом аст
Тамаддуни исломӣ аз дидгоҳи шаҳид Хоманаӣ
Як рӯзе мардуми аврупо бо истифода аз дониши муслимин ва фалсафаи муслимин тавонистанд аз ин дониш ва фалсафа истифода кунанд ва як тамаддунеро барои худашон шолударезӣ (поярезӣ) кунанд. Ин тамаддун албатта тамаддуни моддӣ буд. Аз қарни шонздаҳӯм ва ҳафдаҳӯми мелодӣ аврупоиҳо шурӯъ карданд ба шолударезии як тамаддуни ҷадид ва чун моддӣ буд, аз абзорҳои гуногуне бемуҳобо истифода карданд; аз тарафе ба самти истеъмор рафтанд, ба самти мағлуб кардани миллатҳо рафтанд, ба самти ғорат кардани сарвати миллатҳо рафтанд; аз як тараф ҳам, худашонро дар дарун тақвият карданд, бо илму фанноварӣ ва бо таҷриба ва ин тамаддунро бар олами башарият ҳоким карданд. Ин коре будааст, ки аврупоиҳо дар тӯли чаҳор-панҷ қарн анҷом доданд. Ин тамаддуне, ки онҳо ба дунё арза карданд, ҷилваҳои зебое аз фанноварӣ ва суръат ва суҳулат ва абзорҳои зиндагиро дар ихтиёри мардум гузоштанд, аммо хушбахтии инсонҳоро таъмин накард, адолатро барқарор накард; миллатеро фақир кард, миллатҳоеро таҳқир кард; дар даруни худ ҳам дучори тазод шуд, аз лиҳози ахлоқӣ фосид шуданд. Имрӯз худи ғарбиҳо ба ин маъно гувоҳӣ медиҳанд. Як сиёсатмадори барҷастаи ғарбӣ ба ман гуфт, дунёи мо дунёи пучу пӯке аст ва инро ҳис мекунем. Рост мегӯяд; ин тамаддун зоҳири пурзарқу барқе дошт, аммо ботини хатарноке барои башарият дошт. Имрӯз тазодҳои тамаддуни ғарбӣ худро нишон медиҳад; дар Амрико як ҷур, дар аврупо як ҷур, дар манотиқи таҳти султаи инҳо дар саросари дунё ҳам як ҷур.
Имрӯз навбати мост, имрӯз навбати ислом аст. Имрӯз навбати муслимин аст, ки бо ҳиммати худ, тамаддуни навини исломиро шолударезӣ кунанд. Ҳамчунон ки аврупоиҳо он рӯз аз дониши муслимин истифода карданд, аз таҷрибаҳи муслимин истифода карданд, аз фалсафаи муслимин истифода карданд, мо ҳам имрӯз аз дониши ҷаҳон истифода мекунем, аз абзорҳои мавҷуд барои барпо кардани тамаддуни исломӣ истифода мекунем, мунтаҳо бо руҳи исломӣ ва бо руҳи маънавият. Ин вазифаи имрӯзи мост.
Ин асосан хитоб ба уламои дин ва рушанфикрони ростин аст. Банда дигар чандон умеде ба сиёсатмадорон надорам. Қаблан тасаввур мешуд, ки сиёсатмадорони дунёи ислом дар ин роҳ битавонанд кӯмак кунанд, аммо мутаассифона ин умед заиф шудааст. Имрӯз умеди мо ба уламои дин дар саросари дунёи ислом ва ба рӯшанфикрони ростин аст, ки ғарбро қиблаи худашон надонанд; умед ба онҳост ва ин мумкин аст. Нагӯед ин кор шуданӣ нест; ин шуданӣ аст, ин кор амалӣ аст. Дунё абзорҳои фаровоне дорад: мо ҷамъияти хубе дорем, сарзаминҳои хубе дорем мавқеияти ҷуғрофиёии барҷастае дорем, манобеи табиии бисёре дар дунёи ислом дорем. Неруҳои инсонии боистеъдод ва барҷастае дар дунёи ислом дорем, ки агар инҳоро бо таолими исломи мустақил бор биёварем, метавонанд офаринишҳо ҳунармандонаи худашонро дар арсаи илм, дар арсаи сиёсат, дар арсаи фанноварӣ ва дар арсаҳои гуногуни иҷтимоӣ нишон бидиҳанд ва ироа бидиҳанд.
Шаҳид Оятуллоҳ Хоманаӣ












