Инсон ва озодихоҳӣ (бахши поёнӣ)

Инсон ва озодихоҳӣ
Бахши поёнӣ
Назари мухтор дар бораи озодихоҳӣ
Инак пас аз зикри чанд назария дар боби меъёри феъли ахлоқӣ аз ҷумла озодихоҳӣ, навбати он аст, ки назари мухтор дар ин заминаро арз кунам.
Ба назари инҷониб, ҷомеътарин таъриф аз феъли ахлоқӣ аз ҷумла озодихоҳӣ, таърифе аст, ки файласуф ва ҳакими исломии муосир шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ ироа кардааст. Вай менависад:
“Феъли ахлоқӣ он феъле аст, ки ҳадаф аз он, манофеъи моддӣ ва фардӣ набошад”. (Муртазо Мутаҳҳарӣ; Таълиму тарбият дар ислом, с.135)
Ба назари Мутаҳҳарӣ, ҳамин миқдор, ки ҳадаф аз феъл “худ” ва манфиати фард набошад, кифоят мекунад, ки ҳукм ба ахлоқӣ будани он феъл бишавад. “Худ”, аъамм аз “худи шахсӣ”, “худи хонаводагӣ” ва “худи миллӣ” аст. Яъне агар феъле барои худи хонаводагӣ ва ё худи миллӣ (як миллати хосс) анҷом шавад, боз феъли ахлоқӣ нест, зеро боз барои манофеъи “худ” анҷом гирифтааст, фақат “худ” васеътар шудааст.
Нуктаи муҳимми дигар ин ки аз назари Мутаҳҳарӣ, то модоме, ки ахлоқ як пуштвонаи иҷроӣ надошта бошад, ҳеч суде надорад. Бинобар ин, танҳо замоне ахлоқ метавонад таҳаққуқ пайдо кунад, ки такя бар дин ва Худо зада бошад. Яъне зомини мунҳасир ба фарди иҷроии ахлоқ, эътиқод ба Худованд ва маъод аст, вагарна далеле надорад, ки мардум ахлоқро риоят кунанд. Ахлоқ фақат дар макотиби динӣ маъно пайдо мекунад, фақат бо вуҷуди Худо ва дин метавон ахлоқро ба таври мантиқӣ тавҷеҳ кард.
Мутаҳҳарӣ мӯътақид аст, макотиби ахлоқии ғайри динӣ бале баҳрае аз ҳақиқат бурдаанд, яъне қисмате аз ҳақиқатро баён кардаанд, вале онҳо як костии бузург доранд ва он ин аст, ки хостаанд ахлоқро мустақил аз дин ва Худо матраҳ кунанд, дар ҳоле, ки таваҷҷӯҳ надоштаанд, ки чунин амал кардан решаи ахлоқро хушкондан аст. Пас қадами аввал дар ахлоқӣ кардани фард ва ҷомеа ин аст, ки эътиқод ва имон ба Худо афзоиш ёбад. (Ҳамон манбаъ, с.113 ва низ китоби “Фалсафаи ахлоқ”, с.132-128)
Поён
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё Амрико ҳақ дорад, худро мудофеи каромати инсонӣ бишморад?
Қитъае зебо аз Ҳофиз

Матолиби пурбоздид