Интиқоди муфтии Уммон аз кишварҳои арабӣ ба хотири кӯмакашон ба Исроил

Интиқоди шадиди муфтии Уммон аз кишварҳои арабӣ ба хотири кӯмакашон ба Исроил

Ахбори байналмилал

Twitter

Муфтии Уммон, зимни интиқод аз кишварҳои арабӣ ба хотири кӯмаки онҳо ба режими саҳюнистӣ, таъкид кард, ки “миллати мазлум ва муборизи Фаластин аз гуруснагӣ дар ранҷ ҳастанд, вале хешовандони онон (кишварҳои арабӣ) ба душман (Исроил) кӯмак мекунанд.”
Шайх Аҳмад бен Ҳамад ал-Халилӣ, муфтии Уммон, (шанбе, 3 феврал) дар паёме шадидуллаҳн дар сафҳаи худ дар шабакаи Х (Твиттери собиқ), хитоб ба кишварҳои арабӣ ва исломӣ, ки ҳеч коре барои шикасти муҳосираи Ғазза анҷом намедиҳанд, аз кӯмаки ин кишварҳо ба режими саҳюнистӣ башиддат интиқод кард.
Ал-Халилӣ, ки ба мавозеи ҳимоятии худ аз масъалаи Фаластин машҳур аст, гуфт: “Вазъият дар Фаластини ишғолӣ вахим шуда ва зулм ҳам ба бештарин мизони худ расидааст. Дар ҳоле, ки миллати мазлум ва муборизи Фаластин, аз гуруснагӣ дар ранҷ ҳастанд, хешовандони онон (кишварҳои арабӣ) ба душман (Исроил) кӯмак мекунанд.”
Вай, бо ишора ба ин ки комюнҳои ҳомили кӯмаки кишварҳои арабӣ дар ҳоли кӯмак ба режими саҳюнистӣ ҳастанд, хотирнишон кард: “Пирамардон, занон ва ятимони Фаластин, чизе барои хӯрдан надоранд ва наметавонанд дар ин сармои шадид, пайкарҳои урёни худро бипӯшонанд. Бародарии исломӣ, ғурури арабӣ ва кӯмаки инсонии шумо куҷо рафтааст?”
Ал-Халилӣ бо ишора ба ин ки ин паёми вай хитоб ба мардуми ғаюр ва шуҷои мусалмон аст, таъкид кард, ки бо ҷиноёти саҳюнистҳо, корд ба устухон расидааст ва мардуми Фаластин дар муҳосира қарор доранд.
Twitter

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳама мунтазири посухи Ҳамос ҳастанд
Эҳтимоли барқарории оташбас дар Ғазза

Матолиби пурбоздид