Инфиҷор дар ғарби Кобул
ДОИШ ин инфиҷорро ба ӯҳда гирифт
Ахбори байналмилал
Irna
Асри дирӯз (6-январ) як минибус дар минтақаи Қалъаи Нозир дар ғарби Кобул дар минтақаи шианишин мунфаҷир шуд ва дар он, шуморе аз мусалмонони шиаи Афғонистон кушта ва захмӣ шуданд.
Ба гузориши расонаҳои афғонистонӣ, Холид Задрон, сухангӯи фармондеҳии амниятии Толибон дар Кобул гуфт: “Дар ин инфиҷор, 2 нафар ба шаҳодат расида ва 14 нафари дигар захмӣ шудаанд.”
Имрӯз (7-январ) гурӯҳи теруристии ДОИШ масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда гирифт.
Ба гузориши Ирно ба нақл аз хабаргузории Садои Афғон (Ово), гурӯҳи теруристии ДОИШ масъулияти инфиҷори дирӯз асрро бар ӯҳда гирифт.
Дар ду соли ахир, минтақаи Дашти Барчӣ дар ғарби Кобул борҳо ҳамалоти маргборро шоҳид будааст.
Irna
Қаламонлайн