Исроил: Омодаи набард бо ҳусиҳо ҳастем
Ахбори байналмилал
Исроил: “Артиш худро омодаи набард бо Ҳусиҳо дар хоки Исроил мекунад”
Рӯзномаи исроилии Israel HaYom навишт, ки артиши Исроил худро омодаи сенарияе мекунад, ки дар он, размандагони яманӣ ба хоки Исроил нуфуз кунанд.
Ба гузориши ин рӯзномаи исроилӣ, артиш дар ҳоли омодабош қарор гирифтааст, то дар баробари эҳтимоли ҳамла аз сӯйи Ҳусиҳо вокуниш нишон диҳад.
Ин рӯзнома фош кард, ки Ҳусиҳо ҳамчунон дар ҳоли омӯзиши ягонҳои нухба аз размандагони худ ҳастанд, ки тахассуси онҳо, иҷрои ҳамалоти мустақим алайҳи Исроил аст.
Israel HaYom навишт: “Яке аз сенарияҳои ҷиддии матраҳшуда, анҷоми амалиёти нуфузи дарёӣ ба хоки Исроил аст. Бо вуҷуди фосилаи ҷуғрофиёии зиёд, аммо бесуботии минтақаӣ метавонад ин сенарияи кобусворро ба як воқеияти хатарнок табдил кунад.”
Ин расонаи саҳюнистӣ таъкид кард: “Баёнияҳои содиршуда аз сӯйи Санъоро бояд ба унвони ҳушдор талаққӣ кард, зеро тарҳи Ҳусиҳо барои анҷоми чунин ҳамлае, аз пеш тарроҳӣ шуда ва ҳарчанд акнун дар мароҳили аввалия аст, аммо метавонад дар ҳар лаҳза ба тарзи ғофилгиркунанда ва таҳдидомез намоён шавад.”
Israel HaYom дар идома навишт: “Таҳдиди Яман мусталзими расади доимӣ аст, то аз бурузи ҳамлае ногаҳонӣ аз сӯйи артиши Яман, чӣ аз роҳи дарё ва чӣ заминӣ, ба нуқоте монанди Илот ё шаҳракҳои саҳюнистнишини осебпазир ҷилавгирӣ шавад.”
Ҳушдори ин рӯзномаи исроилӣ дар ҳолест, ки Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, борҳо аз омодагии размандагони яманӣ барои кӯмак ба мардуми Фаластин ва убур аз хоки Арабистони Саудӣ ва Ӯрдун ба хоки Фаластини ишғолӣ сухан гуфтааст.
Вай рӯзи гузашта низ гуфт: “Ҷудои аз нерӯҳои кодри низомӣ, як миллиону ҳафт ҳазор нафар омӯзиш дидаанд ва ин теъдод омодагии эъзом ба Фаластинро доранд.”
Ҳусӣ афзуд: “Ман бори дигар аз режимҳои кишварҳое, ки аз назари ҷуғрофиёӣ мобайни Яман ва Фаластин қарор доранд, дархост мекунам, ки хоки худро барои убури мардуми Яман боз кунанд, то муҷоҳидин битавонанд аз он ҷо тараддуд ва ҳаракат кунанд. Онҳо ба хости Худо садҳо ҳазор нафар барои расидан ба Фаластин ва ҳимоят аз мардуми Фаластин ҳаракат хоҳанд кард. Ин чизест, ки мо ба он умедворем ва чизест, ки барои он талош мекунем ва чизест, ки мо умедворем ба он даст ёбем ва барои он талош мекунем.”
Дар ин росто артиши Яман давраҳое таҳти унвони “Тӯфон ал-Ақсо” бо ҳадафи омӯзиши низомии ҳамагонӣ барои набард бо Омрико ва режими саҳюнистӣ баргузор мекунад ва то кунун садҳо ҳазор нафар дар ин давраҳо омӯзиш дидаанд.
Қаламонлайн