Исроил саранҷом дар баробари Ҳамос кӯтоҳ омад

Исроил саранҷом дар баробари Ҳамос кӯтоҳ омад

Ахбори байналмилал

Raialyoum

Ба гузориши рӯзномаи Раъюл-явм, телевизиони режими саҳюнистӣ ба нақл аз як мақоми ин режим, ки аз раванди музокирот бо ҷунбиши Ҳамос аз тариқи миёнҷигарони мисрӣ ва қатарӣ огоҳ аст, эълом кард, ки пешрафтҳои дар ин замина ҳосил шуд.

Вай таъкид кард: “Ҳамос бар таваққуфи ҷанг пофишорӣ дорад ва бидуни ин амр ҳеч таҳаввуле таҳаққуқ намеёбад. Бархе вузарои мо (саҳюнист) бо бархе ҷанбаҳои сиёсии музокирот мухолифат карданд.”

Ин мақоми огоҳ изофа кард: “Пешрафтҳое дар як масъалаи аслӣ, ки бо Ҳамос бар сари он низоъ доштем, ҳосил шуд.”

Бар асоси ин гузориш, ахиран рӯзномаи исроилии Едиот Ахорот ба нақл аз як манбаи баландпояи режими саҳюнистӣ навишт: “Дар ниҳоят ба формуле хоҳем расид, ки поёни ҷанги Ғаззаро тавҷеҳ кунад, зеро ҳамаи касоне, ки бо мавзӯи музокирот сару кор доранд ва бо он ошно ҳастанд, мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки Ҳамос тавофуқеро бидуни поёни ҷанг ё тазмини поёни он пас аз марҳилаи аввал намепазирад.”

Raialyoum

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳимояти қотеи Теҳрон аз Димишқ
Ироқчӣ дар Онқоро: “Ҳар пуштибоние, ки лозим бошад, аз Сурия ба амал меоварем”

Матолиби пурбоздид