Исроил: “Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ “нафратангез” буд”
Ахбори байналмилал
Вазири хориҷаи “Исроил”: “Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал “нафратангез” буд”
Ба гузориши Садои Омрико, Эли Коэн, вазири хориҷаи “Исроил”, қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дархост барои барқарории оташбас дар Ғаззаро рад кард ва онро “нафратангез” хонд.
Эли Коэн дар шабакаи паёмрасони Х навишт: “Ба сароҳат дархости нафратангези Маҷмаи Умумии Созмони Милал барои оташбасро рад мекунем”.
Ӯ таъкид кард, ки “Исроил қасд дорад Ҳамосро ҳамон тавр, ки дунё бо нозиҳо ва ДОИШ бархӯрд кард, нобуд кунад”.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа бо тасвиби қатъномае, хостори оташбаси фаврӣ ва пойдор дар Исроил ва навори Ғазза шуд.
Ин қатънома бо 120 раъйи мувофиқ, 14 раъйи мухолиф ва 45 раъйи мумтанеъ ба тасвиб расид.
Қаламонлайн