Истиқболи Созмони Ҳамкории Исломӣ аз қатъномаи СММ дар бораи Фаластин

Истиқболи Созмони Ҳамкории Исломӣ аз қатъномаи СММ дар бораи Фаластин

Ахбори ҷаҳон

Созмони Ҳамкории Исломӣ, дар баёнияе аз қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи Фаластин истиқбол кард.

Ба гузориши farsnews, Созмони Ҳамкории Исломӣ, дар баёнияе аз қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи Фаластин, бахусус қатъномае, ки аз Додгоҳи байналмилалӣ мехоҳад, ки дар бораи моҳияти ишғолгарии Исроил раъй содир кунад, истиқбол кард.

Маҷмаи умумии СММ, рӯзи шанбе, тарҳеро тасвиб кард, ки аз Додгоҳи байналмилалӣ (Лоҳа) мехоҳад дар бораи табаоти қонунии ишғолгарии тӯлонимуддати Фаластин тавассути Исроил, шаҳраксозӣ ва иқдомоти террористии режими Исроил ва барои тағйири вазъият дар Қудси ишғолӣ раъй содир кунад.

Агарчӣ кишварҳое мисли Амрико, Конодо, Итолиё, Утриш (Австия), Маҷористон, Чек, Гвотемоло, Эстония ва Олмон бар ин қатънома раъйи мухолиф додаанд, аммо ин қатънома бо 78 раъйи мувофиқ ва 26 раъйи мухолиф дар СММ тасвиб шудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натонёҳу қатъномаи СММ дар бораи ишғоли Фаластинро беаҳамият донист
Ҳикояти вазири оқил

Матолиби пурбоздид