Натонёҳу қатъномаи СММ дар бораи ишғоли Фаластинро беаҳамият донист

Натонёҳу қатъномаи СММ дар бораи ишғоли Фаластинро беаҳамият донист

Ахбори ҷаҳон

Нахуствазири Исроил қатъномаи СММ дар бораи ишғолгарии Фалстин тавассути Исроилро беаҳамият донист.

Бенёми Натонёҳу нахуствазири Исроил қатъномаи СММ дар бораи Фаластинро беаҳамият дониста гуфтааст: Исроил ҳаргиз ба ин раъйгирии ҳақирона мулзам нахоҳад буд.

Бино ба гузориши шабакаи Алҷазира, Натонёҳу муддаӣ шудааст: Миллати яҳуд дар сарзамини худ ва пойтахти абадии худ, яъне Қудс, ишғолгар нест ва ҳеч қатъномае мумкин нест, ки ин воқеиятро таҳриф кунад.

Тавре дар гузоришҳои хабарӣ омада буд, Маҷмаи умумии СММ тарҳеро тасвиб кард, ки дар он аз Додгоҳи байналмилалӣ хоста шудааст, дар бораи тағйири вазъият дар Қудс, ишғолгарии тӯлонимудддат, шаҳраксозиҳо ва иқдомоти режими Исроил раъй содир намояд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё ба Амрико мешавад, эътимод кард?
Истиқболи Созмони Ҳамкории Исломӣ аз қатъномаи СММ дар бораи Фаластин

Матолиби пурбоздид