Истиқболи Ҳамос аз қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ
Истиқболи Ҳамос аз қатъномаи зидди исроилии Маҷмаи Умумии СММ
Ахбори байналмилал
Ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос ҷумъашаб дар баёнияе аз қатъномаи тасвибшуда дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал, ки хостори оташбаси фаврии инсонӣ дар Ғазза аст, истиқбол кард.
Ба гузориши расонаҳои фаластинӣ, ин ҷунбиш эълом кард, ки мо зимни истиқбол аз тасвиби ин қатънома, аз Маҷмаъи умумии Созмони Милал ва дигар ниҳодҳои зирабти байналмилалӣ мехоҳем тадобири лозимро барои иҷрои фаврии ин қатънома ба иҷро бигузоранд, то гузаргоҳҳои Ғазза бозгушоӣ шуда ва сӯхт ва кӯмакҳои башардӯстонаи фаврӣ ба дасти мардуми ин минтақа бирасад.
Маҷмаъи умумии Созмони Милал пешнависи қатъномаи пешниҳодии кишварҳои арабӣ дар мавриди даргириҳои муқовамати Фаластин ва режими саҳюнистиро тасвиб кард ва хостори оташбаси башардӯстонаи фаврӣ ва таваққуфи хусуматҳо дар Ғазза шуд.
Ин қатънома ҷумъашаб бо 120 раъйи мувофиқ дар муқобили 14 раъйи мухолиф ва 45 раъйи мумтанеъ ба тасвиб расид.
Режими саҳюнистӣ ва Омрико ба ин қатънома раъйи манфӣ доданд.
Қаламонлайн