Илму ҳикмат биёмўз

Таърих

Илму ҳикмат биёмўз

Тавсияҳои Луқмони Ҳаким ба фарзандашон

Илму ҳикмат биёмўз, то шарофат ёбӣ. Зеро ҳикмат инсонро ба дин раҳнамун мешавад ва бардаро бар озод шараф медиҳад ва ниёзмандро бар тавонгар рафъат мебахшад ва кўчакро бар бузург муқаддам медорад ва фақирро дар ҷойгоҳи подшоҳон менишонад ва бар шарофати шариф ва сарварии сарвар ва азамати ғанӣ меафзояд.
Ва чӣ гуна одамизод гумон дорад, ки кори дину дунёяш беҳикмат фароҳам мегардад, дар ҳоле ки Худои азза ва ҷалла кори дунёву охиратро ҷуз бо ҳикмат маҳйё намесозад?! Ва масали ҳикмати бидуни тоат, монанди ҷисми беҷон ё хоки беоб аст ва ҷисми беҷону хоки беоб ва ҳикмати бетоат, ҳеҷ фоидае надоранд.
***
Ҳаргоҳ мардум ба некўии суханонашон фахр намуданд, ту ба некўии сукутат мубоҳот кун.***
Тангдастӣ, беҳтар аст аз ин ки ситамгару туғёнгар бошӣ…
Эй писаракам! Ҳазар кун аз ин ки фақир аз дунё биравӣ, дар ҳоле ки умуру дороиҳоятро ба дигарӣ вомегузорӣ ва ўро амиру фармонраво мекунӣ.
***
Некият туро ба худписандӣ вомадорад ва кори хубатро бузург машмор, вагарна ҳалок мегардӣ.
***
Гуноҳонатро то рўзи қиёмат пеши чашмонат қарор деҳ, аммо аз некиҳоят ғофил шав, зеро онҳоро касе ки мешуморад, фаромўш нахоҳад кард.
***
Ҳар кас молики забонаш набошад, пушаймон мешавад.
***
Аз қарздор шудан бипарҳез, зеро мояи зиллату рўзу андўҳи шаб аст.
Эй писаракам!… Аз навкиса қарз магир ва ҳаргиз бо доруға бародарӣ макун.
***
Достони ҷолиби писари Луқмон
Луқмон (а) писарашро ба се чиз васият карду гуфт: Эй писаракам! Розатро пеши ҳамсарат фош макун ва аз навкиса қарз магир ва ҳаргиз бо доруға бародарӣ макун.
Вақте Луқмон (а) даргузашт, писараш хост, ки васияти ўро таҷриба кунад. Бинобар ин, ба бозор рафту гўсфанди пўсткандаеро харид ва онро дар хурҷин гузошт. Сипас назди занаш омаду гуфт: Ман касеро куштаам ва онро дар хона дафн мекунам. Пас ба ҳеҷ кас магў!
Онгоҳ онро назди вай дафн кард. Сипас назди навкисае рафту аз ў қарз гирифт ва бо доруға рафоқат кард.
Чанд рўзе, ки сипарӣ шуд, бо занаш бигў-магў карду ўро зад. Зан фарёд заду ба ў гуфт: Мардеро куштӣ, ҳоло мехоҳӣ маро бикушӣ?!
Сипас зан подшоҳро аз моҷаро огоҳ сохт ва писари Луқмон (а) ба хонаи ҳамон доруға гурехт. Вақте доруға назди подшоҳ рафту занро назди ў дид, подшоҳ ба ў гуфт: Ўро куҷо биёбам?
Доруға гуфт: Ман ҷои ўро медонам, чун ў рафиқи ман аст. Сипас рафт то ўро дастгир кунад. Писари Луқмон (а) ба ў гуфт: Субҳоналлоҳ! Ту рафиқи ман ҳастӣ ва ман ба ту паноҳ овардаам!
Доруға гуфт: Ин, хун аст ва фармони подшоҳ сахттар аз ин аст, ки туро аз ў пинҳон кунам.
Онгоҳ ўро дастгир карду назди подшоҳ бурд. Дар ҳамин замон буд, ки талабкори навкиса ба ў расид ва ўро гирифту гуфт: Шояд ту кушта шавӣ ё ба дор овехта шавӣ. Моли ман чӣ мешавад?
Писари Луқмон (а) ба ў гуфт: Сабр кун, то аз дасти онҳо раҳо шавам.
Навкиса гуфт: На, мўҳлат намедиҳам, то ин ки аввал қарзи маро бидиҳӣ.
Вақте ба ҳузури подшоҳ расид, подшоҳ ба ў гуфт: Эй писари Луқмон! Чунин коре сазовори ту нест. Пас чаро инсони мўҳтарамеро куштӣ?
Гуфт: Худо подшоҳро азиз гардонад! Якеро бифирист, то куштаро бибинад.
Онгоҳ ҷустуҷў карданду сари хурҷинро кушоданд ва гўсфанди пўсткандаеро берун оварданд. Дар ин ҳол подшоҳ хандиду гуфт: Шарҳи ҳол чист?
Писари Луқмон (а) гуфт: Дар ҳақиқат падарам маро ба се чиз васият карда буд. Хостам онҳоро таҷриба кунам, ки таҷриба кардам. Пас ҳамон тавре ки ў гуфт, дуруст буд. Манбаъ: Маҳбуб-ул-қулуб

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Axios: Илтимоси Натонёҳу ба Омрико барои тавофуқ бо Ҳамос
Хоҳам ки ба ту роз бигӯям як дам

Матолиби пурбоздид