Истиқболи Ҳамос аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ барои оташбас
Истиқболи Ҳамос аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза
Ахбори байналмилал
Alalam
Ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос эълом кард:
“Мо аз дархости имрӯзи Шӯрои амнияти Созмони Милал барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза истиқбол мекунем.”
Ба гузориши Алъолам, дар баёнияи ҷунбиши Ҳамос омадааст:
“Мо бар зарурати дастёбӣ ба оташбаси доимӣ, ки мунҷар ба хуруҷи тамоми нерӯҳои саҳюнист аз борикаи Ғазза ва бозгашти оворагон ба хонаҳое, ки аз он хориҷ шудаанд, таъкид мекунем.”
Ҳамос афзудааст:
“Ҳамчунин мо бар омодагии худ барои табодули фаврии асирон, ки мунҷар ба озодии асирони ду тараф мешавад, таъкид мекунем.”
Дар идома Ҳамос афзудааст:
“Мо бар аҳаммияти озодии тараддуди шаҳрвандони фаластинӣ ва вуруди тамоми ниёзҳои башардӯстона барои ҳамаи сокинон дар тамоми манотиқи борикаи Ғазза таъкид мекунем. Албатта мо аз Шӯрои амният мехоҳем, ки ишғолгаронро таҳти фишор бигузорад, то ба оташбас пойбанд бошанд ва ҷанги наслкушӣ ва поксозии қавмӣ алайҳи мардуми моро мутаваққиф кунанд.”
Дар поён Ҳамос ишора кардааст, ки мо бар ҳаққи мардуми худ барои эҷоди кишвари мустақилли Фаластин бо пойтахтии Қудси шариф ва ҳаққи бозгашт ва таъйини сарнавишт бар асоси қатъномаҳои байналмилалӣ таъкид мекунем.
Alalam
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: