Муҳоҷири тоҷикро ба муддати сад сол аз Русия депорт кардаанд

Муҳоҷират

Муҳоҷири тоҷикро ба муддати сад сол аз Русия депорт кардаанд

Муҳоҷират

Ба гузориши Озодӣ, як муҳоҷири тоҷикро ба муддати сад сол аз Русия ихроҷ намудаанд.
Нусхаи қарори ихроҷи Алиҷон Раҳмоновро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров нашр кард.
Бар асоси он, муҳоҷири тоҷик аз 3-юми апрели соли 2023 то 2123 ҳаққи даромадан ба Русияро надорад.
Ин ҷавони тоҷик ҳоло 26-сола аст ва агар умр вафо кунад, танҳо дар 126-солагӣ ҳаққи рафтан ба Русияро пайдо хоҳад кард.
Назари мақомоти Русия маълум нест. Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, гуфт, “Алиҷонро танҳо барои нақзи қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор кардаанд”.
Ёров ишора кардааст, ки дар гузашта як ҷавони дигари тоҷикро барои 99 сол аз Русия ронда буданд, вале бори аввал шоҳиди як аср ихроҷ шудани муҳоҷир аз Русия мешавем.
Ӯ мегӯяд: Чунин тасмимҳоро баъзе аз мақомдорони рус замоне мегиранд, ки “муҳоҷирон барои дифоъ аз ҳуқуқи худ пойфишорӣ мекунанд”.
Дар чанд соли охир беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд. Маъмулан муҳоҷиронро аз 3 то 25 сол ихроҷ мекунанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тасмими валиаҳди Саудӣ
Умед

Матолиби пурбоздид