Ифтитоҳи сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар “Исроил” 

Ифтитоҳи сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар “Исроил” 
“Исроил”: “Дунболи ташкили ҷабҳаи якпорча алайҳи Эрон ҳастем
Ифтитоҳи сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Телавив баъд аз гузашти 30 сол аз оғози равобити расмӣ миёни ду тараф анҷом шуд.
Ин нишонае аз тақвияти равобит миёни “Исроил ва Ҷумҳури Озарбойҷон аст.
Ҷумҳурии Озарбойҷон бо аксарияти ҷамъияти мусалмони шиъа, ҳамсояи шимолии Эрон аст. Эрон ва “Исроил” якдигарро душмани шумора яки худ медонанд. “Исроил” дар Боку ҳам сафорати фаъоле дорад.
Ҷайҳун Байрамов, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон барои ҳузур дар маросими ифтитоҳи сафорат ба “Исроил” сафар кардааст.
Вазири хориҷаи “Исроил” дар маросими ифтитоҳи сафорати Ҷумҳури Озарбойҷон (дирӯз, чаҳоршанбе, 29 март) гуфт, бо вазири хориҷаи Озарбойҷон дар бораи ташкили ҷабҳаи якпорча алайҳи Эрон гуфтугӯ кардам. Дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, амнияти энержӣ ва ибтикор гуфтугӯ кардем.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ниёишҳои рамазонӣ
Идомаи тазоҳуроти исроилиҳо

Матолиби пурбоздид