Дархости Омрико аз вазирони хориҷаи 4 кишвар: “Бо Амирабдуллоҳиён тамос бигиред ва паёми Омрикоро мунтақил кунед”

Дархости Омрико аз вазирони хориҷаи 4 кишвар: “Бо Амирабдуллоҳиён тамос бигиред ва паёми Омрикоро мунтақил кунед”
Ахбори байналмилал
Мақоми аршади Омрико аз вазирони хориҷаи 4 кишвари минтақа хостааст, бо вазири хориҷаи Эрон тамос бигиранд ва паёми Омрикоро мунтақил кунанд.
Ба гузориши Reuters, фиристодаи Омрико ба Ховари Миёна бо вазирони хориҷаи Арабистони Саудӣ, Аморот, Қатар ва Ироқ тамос гирифт ва аз онҳо хост, паёмеро ба Эрон бирасонанд. Муҳтавои паём, дархост аз Эрон барои коҳиши сатҳи таниш бо Исроил аст.
Ба дунболи ҳамлаи Исроил ба сафорати Эрон дар Димишқ ва шаҳодати 7 узви Сипоҳ, сатҳи таниш миёни Эрон ва Исроил ба шиддат боло рафт.
Брет Макгурк, фиристодаи Омрико ба Ховари Миёна, аз вазирони хориҷаи кишварҳои минтақа хост, то бо вазири умури хориҷаи Эрон тамос бигиранд ва ин паёмро бирасонанд, ки Эрон бояд дар иртибот бо Исроил оромишро ҳифз кунад. Онҳо ҳам ин корро карданд.
Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе (дирӯз) эълом кард, вазирони хориҷаи Арабистон, Аморот, Қатар ва Ироқ бо вазири умури хориҷаи Эрон тамоси телефонӣ доштанд ва дар бораи таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ карданд.
Дар ҳамлаи Исроил ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқи Сурия, 7 узви Сипоҳ аз ҷумла 3 фармондеҳи олирутбаи нерӯи Қудси Сипоҳ ба шаҳодат расиданд. Эрон баъд аз он ваъдаи интиқом ва вокуниш додааст.
Оятуллоҳ Сайидалӣ Хоманаӣ, раҳбари Эрон гуфт, ки Исроил бобати ҳамла ба муҷтамаъи сафорати Эрон дар Димишқ “бояд танбеҳ шавад ва танбеҳ хоҳад шуд”.
Вазири хориҷаи Исроил ҳам гуфтааст, дар сурате, ки Эрон аз хоки худ ба Исроил ҳамла кунад, Исроил ҳам вокуниш нишон хоҳад дод ва ба хоки Эрон ҳамла хоҳад кард.
Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Артиши Исроил: Эрон бо чандин паҳбод ба мо ҳамла кардааст
Расонаи омрикоӣ: Эрон аз хоки худ ба Исроил ҳамла мекунад

Матолиби пурбоздид