Иқбол ва сайри рӯшанфикрии динӣ – 1
Иқбол ва ренусонси исломӣ
Бахши аввал
Парасту Кулоҳдуз, Ҳамиди Обидӣ
Бахши аввал
Чакидаи мақола
Масъалаи таҷдиди ҳаёти ислом ва дар марҳилаи пешрафтатари он, «ренусонси исломӣ», ба таври вижа дар ду қарни ахир аз тарафи муслиҳон ва мутафаккирони динии ҷаҳони ислом ба манзури ҳаллу фасли масъалаи ақибмондагӣ ва низ бархӯрд бо масъалаи ҳуҷуми фарҳанг ва истеъмори ғарбӣ, матраҳ шудааст.
Ба ақидаи бисёре аз муҳаққиқон, Аллома Иқболи Лоҳурӣ аз муҳимтарин ислоҳгарони динист, ки дар истимрори ҷунбиши эҳёгарӣ нақши умдае доштааст. Ӯ файласуфе ошно бо мабонии фикрии ислом ва мусалмоне огоҳ ба вазъияти ҷомеаҳои исломӣ буд ва бо ин дониш ва биниш, фаъолиятҳои ислоҳталабонаи худро идома медод ва дар ниҳоят идеяи як кишвари мустақилро барои аввалин бор дар миёни мусалмонони Ҳиндустон матраҳ кард.
Иқбол дар арсаи шеъру адаб аз наводир ба шумор мерафт ва сурудаҳои худро дар хидмати огоҳии тӯдаҳо ва бедор кардани онон қарор медод; то ҷое, ки акнун дар нигоҳи ағлаби андешмандон, вай яке аз нахустин мунодиёни ваҳдати исломӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Умдатарин мабоҳиси ренусонси исломии Иқбол дар китоби «Эҳёи фикри динӣ дар ислом» табйин шуда ва меҳвари асосии ҷаҳонбинии вай, фалсафаи «худӣ» аст.
Ин навиштор бар он аст, то зимни таърифи ҷараёни ренусонси исломӣ, онро дар осори Иқбол бозшиносад ва иллатҳои гароиши ӯ ба ин мақуларо арзёбӣ ва сипас мизони таъсиргузории назариёти вай дар ҷаҳони исломро таҳлил кунад.
Муқаддима
Дар бораи Иқбол ва ҷойгоҳи ӯ дар сайри рӯшанфикрии динӣ
Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ дар шаҳри Сиёлкути Панҷоби Ҳиндустон дар хонаводае бо шароити иқтисодии мутавассит ба дунё омад. Ҷовид Иқбол, фарзанди вай, дар бораи торихи дақиқи таваллуди падар мегӯяд: «Дар партави шавоҳид, метавон гуфт, торихи таваллуди Иқбол 9-уми ноябри 1877 аст.»
Иқбол худ чандон алоқае ба зиндагии хусусиаш надошт ва дар посухи дӯсте, ки шарҳи зиндагиашро хоста буд, гуфт: «Дар бораи зиндагиам агар бипурсед, дар он чизи ҷолибе нест.» Аммо шинохти комили зиндагии Иқбол аз ин ҷанба ҳоизи аҳаммият аст, ки ӯ арсаҳои мухталифи фикрӣ ва иҷтимоиро шахсан таҷриба карда ва дар ҳар кадом аз ин ҳаракатҳо дар замони хеш пештоз будааст. Бисёре аз пажӯҳишгарони муосир, Иқболро шахсияте камназир дар ҷараёни эҳёгарии динӣ ва ташкили уммати воҳиди исломӣ медонанд.
Он чи азамат ва арзиши ҷойгоҳи Иқбол ва осорашро бештар мекунад, назариёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабии ӯ ва таъаллуқи хотири амиқаш ба дини ислом аст. Таваҷҷӯҳ ба шароити иҷтимоии давроне, ки Аллома Лоҳурӣ дар он мезист ва фарозу нишебҳои зиндагии ӯ, метавонад дар рӯшан шудани андешаҳо ва осори ин андешманд ва авомили муассир дар шаклгирии онҳо муфид бошад.
Даврони ҳаёти Иқбол асри ҳушёрии нисбии ҷомеаҳои гуногун буд. Барои намуна, дар Эрон бо ҳиммати Амир Кабир дарҳое ба сӯи дунёи ҷадид гушуда шуд ва тағйироти иҷтимоӣ шиддат ёфт. Дар ин бурҳа, руҳоният дигар ба танҳоӣ наметавонист посухгӯи ниёзҳои насли ҷадид бошад ва мазҳаб агарчи қудрати иҷтимоӣ дошт, фоқиди қудрати фикрӣ буд ва дар баробари ҳуҷуми идеулужики қутби мухолиф, ки бисёр ғанӣ ва муҷаҳҳаз буд, тоби муқовимат надошт. Дар ҳақиқат, навандешии динӣ таваҷҷӯҳе ба фаҳми дубораи ислом дошт ва ин фаҳм бо ҳадафи тағйир дар афкору аҳволи мардум ва хуруҷ аз бунбасти ақибмондагии иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва вуруд ба ҷаҳони мудерн сурат мегирифт.
Аз ин рӯ, касоне ба по хостанд, ки эҳсоси вазифа мекарданд, то барои ошно кардани насли бегонашуда аз ислом талош кунанд ва дар ин замон мушкили онон дучандон шуда буд, чаро ки аз як сӯ теъдоди зиёде аз ҷавонони таҳсилкарда бо ислом фосила пайдо карда буданд ва аз сӯйи дигар душманон аз роҳҳои бисёр барномарезишуда матолиби зидди диниро барои онҳо ироа мекарданд. Ин гурӯҳи ҷадид, ки байни суннатгароёни қишрӣ ва рӯшанфикрони ғарбӣ қарор доштанд, рӯшанфикрони мазҳабӣ ном гирифтанд, ки ба саҳми худ, дар тағзияи фикрии мардум, аз ҳайси мабонии динӣ ва инқилобӣ, нақши муассир ва муфиде ифо карданд. Онон донистанд, ки миёни ҷомеаи хеш ва дунёи мудерн фосилае ҳаст ва дарёфтанд, ки пойбандии сирф ба дини суннатӣ дар дунёи ҷадид номумкин аст ва дастовардҳои ин дунёро наметавон нодида ангошт, аз ин рӯ кӯшиданд барои пур кардани ин фосила роҳи дурусте биёбанд.
Бинобар ин, усули аввалияашон дар ин се шиор хулоса шуд:
- Пиростани ақидаи мусалмонон аз хурофот ва бидъатҳо ва бозгашт ба исломи асил;
- Ваҳдат ва ҳамбастагии мусалмонон дар баробари хатари султаи фарҳангӣ ва сиёсии Ғарб;
- Ҳамоҳанг кардани таъолим ва раҳнамудҳои динӣ бо ақл ва муқтазиёти замон.
Дар ин замон муборизоти зидди истеъморӣ дар Ҳинд низ идома дошт ва шахсиятҳои бузурге ҳамчун Моҳотмо Гондӣ ва Ҷавоҳир Лаъл Неҳру барои дастёбӣ ба истиқлоли Ҳинд ва шикасти ангилисиҳо талош мекарданд. Ҷавоҳир Лаъл Неҳру дар китоби хеш, зимни тавзеҳ дар бораи наҳзати зидди истеъмории Ҳиндустон ва нақши афроди муассир дар ин наҳзат, дар бораи Иқбол чунин мегӯяд: «Як шахси дигар, ки метавон номашро дар инҷо овард, Муҳаммадиқбол як шоири нобиғаи ҳиндӣ аст, ки дар забони урду ва ба хусус форсӣ, шоире тавоност. Ӯ ашъори зебое дар бораи носиюнолизм сохтааст.» Гондӣ, пешвои Ҳинд низ дар тамҷид аз Иқбол мегӯяд: «Ҳиндустон дорои ду чашм буд: Робиндронот Тогур ва Муҳаммадиқбол.»
Аллома Лоҳурӣ ба некӣ дарёфта буд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мусалмонони Ҳиндро набояд аз ҷомеаи бузурги исломии берун аз Ҳинд ҷудо донист ва аз ин рӯ буд, ки дар солҳои баъд аз бозгашт ба ватан, ашъореро, ки дар он эҳсосоти ватанпарастона мавҷ мезад, аз маҷмӯаи осори манзуми худ хориҷ кард ва ба ҷойи забони урду, ки забони аксари мардуми Ҳинд буд, забони форсӣ ва таъбироти шеъри ирфонии форсиро барои баёни оро ва афкори худ ба кор гирифт; зеро забони форсӣ аз лиҳози торихӣ ва фарҳангӣ, дуввумин забони муҳимми ҷаҳони ислом ба шумор мерафт.
Ӯ дар ҳамин солҳо буд, ки ба кашфи муҳимми хеш яъне «Фалсафаи худӣ» даст ёфт ва муҳимтарин афкори худро дар маҷмӯаи «Асрори худӣ» дар соли 1915 мунташир кард ва дар ниҳоят бо китоби «Эҳёи фикри динӣ дар ислом» назарияи хеш дар бораи фароянди ренусонси исломӣ ва эҳёгарӣ дар ҷаҳони ҷадидро матраҳ ва моделе ислоҳӣ аз дин арза кард.
Идома дорад…
Қаламонлайн