Акашариф Ҷӯраев

Фарҳанг

Акашариф Ҷӯраев

Шариф Ҷӯраев (маъруф ба Акашариф Ҷӯраев), 3-марти соли 1896 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, 2-октябри соли 1966 аз дунё даргузаштанд.

Овозхон ва оҳангсози тоҷик

Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1946)

Ӯ барвақт ятим монда зиёда аз 20 сол хизматгори амалдори Дарвоз будааст.

Солҳои 1925—1935 мудири «Чойхонаи сурх»-и Ғарм буд ва ҳамчун ҳофизи хушсалиқа машҳур гардид.

Соли 1935 ӯро ба радиои пойтахт ҳамчун ҳофиз ба кор даъват намуданд.

Акашариф иштирокчии се даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва (1941, 1949 ва 1957) аст.

Ӯ давомдиҳандаи анъанаҳои мусиқии халқии тоҷик мебошад. Суруду таронаҳои беҳтарини вай вирди забони мардум буданд ва имрӯзҳо ҳам аз ҷониби ҳофизон такрор ба такрор сароида мешаванд.

Дар эҷодиёташ аз намунаҳои Шашмақом низ зиёд сароида мешуданд.

Сурудҳои Акашариф «Қалъабандӣ», «Ҷони ман», «Алла», «Анора овардам», «Ҷӯраҷон», «Булбулон», «Интихоб мекунам» ва сюитаҳои рақсии”Чорзарб”, «Наврӯзи баҳор» ва диг. маъмули дилҳои тамошобинон гашта буданд.

Ба номи Акашариф Ҷӯраев дар Тоҷикистон филармонияи давлатӣ гузошта шудааст.

Бо орденҳои Ленин, «Нишони фахрӣ» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Қалъабандӣ (Бедил)

Суруди классикӣ, оҳанги Акашариф (Шариф Ҷӯраев)-и Дарвозӣ

Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман,

Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман.

Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,

Бурда буд оинае аз дидаи ҳайрони ман.

Баҳри побӯси ту ҳар ҷо сабзае сар мекашид,

Дошт бо худ нусхае аз касрати мижгони ман.

Интизорӣ доштам дар гӯшаи вайронае,

Юсуфистон кард фазлат кулбаи эҳзони ман.

Бедил, аз сӯзи дилу дасти тиҳӣ шармандаам,

Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман.

Википедия

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даҳани мактаб
Чӣ гуна пулдор шавем?

Матолиби пурбоздид