Кишвардорӣ дар гуфтори Саъдӣ

Кишвардорӣ дар гуфтори Саъдӣ

Сифоти подшаҳон

Ҳоким ва подшоҳ дар назари Саъдӣ, бояд дорандаи сифот ва вижагиҳое бошад, ки муҳимтарини онҳо ба шарҳи зерин аст:

Хирадмандӣ ва бахшояндагӣ

Ду сифати бехрадӣ (доноӣ) ва бахшоиш бояд дар вуҷуди подшоҳ мустаҳкам ва устувор бошад, то битавон дар иқлим ва мулки вай зиндагӣ кард:

Табиат шавад мардро бихрадӣ,

Ба уммеди некиву бими бадӣ.

Гар ин ҳар ду дар подшаҳ ёфтӣ,

Дар иқлиму мулкаш панаҳ ёфтӣ.

(Бӯстон, боби 1, с.211)

 

Мутеи Кирдугор будан ва ҳақравӣ

Подшоҳ агар ба ҳақравӣ одат карда бошад, дилаш қавӣ ва устувор ва низ Худованд “нигаҳбону ёвари” ӯ хоҳад буд:

Чу ҳоким ба фармони довар бувад,

Худояш нигаҳбону ёвар бувад.

(Дебочаи Бӯстон)

“Аз сирати подшоҳон яке он аст, ки ба шаб бар дари Ҳақ гадоӣ кунанд ва ба рӯз бар сари халқ подшоҳӣ.”

 

Обод кардани мамлакат

Кӯшиш барои ободонӣ ва эҷоди васоили зиндагӣ ва осори хайр, аз вазоифи подшоҳ аст:

“Иморати масҷид ва хонақоҳ ва обанбор ва чоҳҳо бар сари роҳ, аз муҳиммоти умури мамлакатанд”, зеро:

Намурд он, ки монад пас аз вай ба ҷой,

Пулу хониву хону меҳмонсарой.

(Бӯстон, боби 1, с.214)

 

Пос доштани хотири дарвешон ва дармондагон

Саъдӣ дар достоне таъкид мекунад, ки: “мулук аз баҳри поси раъиятанд, на раъият аз баҳри тоати мулук.”

Подшаҳ посбони дарвеш аст,

Гарчи ромиш ба фарри давлати ӯст.

Гӯсфанд аз барои чӯпон нест,

Балки чӯпон барои хидмати ӯст.

(Гулистон, боби 1, с.62)

Ва низ аз забони Анӯшервон ба салотин андарз медиҳад:

Ки хотирнигаҳдори дарвеш бош,

На дар банди осоиши хеш бош.

Наёсояд андар диёри ту кас,

Чу осоиши хеш ҷӯиву бас.

Наёяд ба наздики доно писанд,

Шубон хуфтаву гург дар гӯсфанд.

Бирав поси дарвеши мӯҳтоҷ дор,

Ки шоҳ аз раъият бувад тоҷдор.

(Бӯстон, боби 1, с.211)

 

Накӯ доштани хирадмандон

Аз дидгоҳи Саъдӣ, хирадмандон мояи ҷамоли мулк ҳастанд, пас подшоҳон дар идораи умури мамлакат бояд аз ин гуна афрод бештар баҳра гиранд, чунон ки мефармояд: “Мулк аз хирадмандон ҷамол гирад ва дин аз парҳезгорон камол ёбад. Подшоҳон ба сӯҳбати хирадмандон аз он мӯҳтоҷтаранд, ки хирадмандон ба қурбати подшоҳон.”

Пандам агар бишнавӣ эй подшоҳ!

Дар ҳама олам беҳ аз ин панд нест.

Ҷуз ба хирадманд мафармо амал,

Гарчи амал кори хирадманд нест.

(Гулистон, боби 8, с.172)

Ҳамчунин аз суханони Бузургмеҳр ба Анӯшервон дар боби ҳукумат иборат аст аз: машварат бо уламо дар ҳодисоти умур, эҳтироми уламо ва ашроф ва муздурон (коргузорон) ва сардорон ва дабирон ва бандагон, ҳар як ба қадри маротибашон, муроқибати қузот (қозиҳо) ва тафтиши кори уммол (коргарон) ба иқтизои адолат ва подоши дурусткор ва кайфари бадкор, муроқибати зиндониён, ки рӯзҳо дар корашон бингарӣ ва аз вазъи бадкор мутмаин шавӣ ва бегуноҳро раҳо кунӣ, ҳусни таъдиби раъоёи (раъиятҳои) муҷрим ва иҷрои муҷозотҳо, ва муроқибати вазирон ва бандагон ва таъвизи онҳо, ки нодуруст ё нотавонанд ва…

 

Муҷозоти харобкорон ва муфсидон

Саъдӣ барои харобкороне, ки дар мамлакат ошӯбу нифоқ ангезанд, ду навъ муҷозот пешниҳод мекунад:

Ғарибе, ки пурфитна бошад сараш,

Маёзору берун кун аз кишвараш.

Ту гар хашм бар вай нагирӣ, равост,

Ки худ хӯйи бадаш душманаш дар қафост.

Ва-гар порсӣ бошадаш зодбум,

Ба Санъош мафристу Сақлобу Рум.

Ҳамонҷо амонаш мадеҳ, то ба чошт,

Нашояд бало бар дигар кас гумошт.

Ки гӯянд, баргашта бод он замин,

К-з ӯ мардум оянд берун чунин.

(Бӯстон, боби 1, с.213)

 

Додгарӣ дар мавриди зердастон

Подшоҳ агар бар зердастони худ ситам кунад, билохира “шавкату подшоҳӣ”-и худро аз даст хоҳад дод:

Хабар дорӣ аз хусравони аҷам,

Ки карданд бар зердастон ситам,

На он шавкату подшоӣ бимонд,

На он зулм бар рустоӣ бимонд…

(Бӯстон, боби 1, с.230)

Ҳокими мамлакат агар мехоҳад дили осуда дошта бошад, бояд “дили дардмандон зи банд бароварад”, вагарна “парешонии хотири додхоҳ” подшоҳро аз мамлакат бармеандозад ва дар он мамлакате, ки “заъиф аз қавӣ боркаш бошад”, хоби хуш бар он подшаҳ ҳаром аст.

Саъдӣ бақои мамлакатро дар вуҷуди як шарт медонад, ва он ҳам ин ки:

Бақои мамлакат андар вуҷуди як шарт аст,

Ки дасти ҳеч қавӣ бар заъиф нагморӣ.

(Қасоиди форсӣ, с.752)

 

Роздорӣ дар масоили сиёсӣ

Саъдӣ тавсия мекунад, ки дар масоили ҷанг ва ҳукумат бояд роздор буд ва асрори низомиро мунташир насохт ва дар ниҳон ба чораи кор пардохт ва тадорукоти ҷангиро аз ҳамагон пӯшида дошт:

Ба тадбири ҷанг бадандеш кӯш,

Масолеҳ бияндешу ният бипӯш.

Манеҳ дар миён роз бо ҳар касе,

Ки ҷосус ҳамкоса дидам басе.

(Бӯстон, боби 1, с.253)

 

Нагунҷидани ду подшоҳ дар як мамлакат (ваҳдати ҳукумат)

Мусаллам аст, ки дар ҳар мамлакате танҳо як подшоҳ мегунҷад ва вуҷуди “ду подшоҳ андар вилояте” ғавғо ва фитна бапо хоҳад кард, зеро подшоҳон золиму зӯргӯ ҳастанд ва ду фарди зӯргӯ наметавонанд дар якҷо зиндагӣ кунанд.

Эдворд Броун низ ба ҳамин нукта ишора мекунад ва дар китоби худ менависад:

“Султон Муҳаммади Усмонӣ дар посухи номаи Шоҳрух дар узрхоҳӣ аз қатли се бародари худ, ба сухани Саъдӣ истишҳод мекунад, ки: “даҳ дарвеш дар гилеме бихусбанд ва ду подшоҳ дар иқлиме нагунҷанд.”

Манбаъ: Доиратулмаорифи Таҳур

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дуои модар
Ҳодисаи Карбало (11)

Матолиби пурбоздид