Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан

Таҳлили хабарӣ

Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан

Ёддошти Баҳодур Раззоқов

Вазъи имрӯзаи савдою хизматрасониро дар бозори дохилӣ мушоҳида намуда, беихтиёр ин масали деринаи халқӣ ба ёд омад. Кадоме аз солҳои қаблӣ дар дӯконе аз фурӯшанда хоҳиш карда будам, ки нимкилло “ветчина” баркашад. Ӯ бо нигоҳи ҳайрон ҷавоб дод, ки ин зайл маҳсулот надорем. Ишора кардам, ки дар яхдони пештахта гузошта шудааст, барои фурӯшанда, ба фикрам, он рӯз таърихӣ шуд- фаҳмид, ки ҳамин навъи ҳасиб ҳам арзи вуҷуд дорад…)

Ба ин монанд ҳодисаҳо ба хулоса оварданд, ки дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ нафарони тасодуфӣ зиёданд. Баҳри бартараф намудани ин камбудӣ ба мақоми қонунгузор муроҷаит кардам. Ҳамон замон дар парламент бо ибтикори Президенти ҷумҳурӣ муҳокимаи лоиҳаи қонун “Дар бораи савдо ва хизматрсонӣ” шуруъ шуда буд. Вакилони муҳтарам, бахусус узви Кумита оид ба иқтисодиёт ва молияи Маҷлиси намояндагон бо роҳбарии муҳтарам Раҷабов, пешниҳодро хуб қабул карданд ва дар лоиҳа моддаи 18 бо мазмуни зайл ҷой ёфт: “Кормандоне, ки бевосита ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонанд, бояд дар сатҳи на камтар аз курси таҳсилоти бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқшуда тайёрии касбӣ дошта бошанд”. Ҳарчанд ин иқдоми қонунгузор шоистаи таҳсин бошад ҳам, пайхас менамудам, ки меъёри мазкур фалаҷ мемонад. Дар қисми дигари ҳамин модда мебоист механизми роҳандозии тайёрии касбӣ ба уҳдаи мақоми ваколатдори низоми ҳокимияти иҷроия вогузор мешуд. Вале қонунгузор дар ин қисм чунин баёнро раво донист: “Кормандон бояд ҳар се сол як маротиба аз ҳисоби маблағи фурӯшанда (иҷрокунанда) аз бозомӯзии касбӣ гузаранд”.

Пешгӯй собит шуд: аз қабули Қонун “Дар бораи савдо ва хизматрасонӣ” зиёда аз даҳ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вазъ дар ҷодаи тайёрии касбии кормандони савдо сифатан тағйирот касб накард. Барои мисол, ҳафтае пеш дар як дӯкон чанд дона самбӯса фармудам, фурӯшанда онро дар селофани сиёҳ дароз кард. Ба эрод нисбати нораво будани дар ин навъ пакетҳо ҷой додани маҳсулоти хӯрока ба баҳсу мунозира шуруъ кард. Дар як супермаркети дигари пойтахт дар пештахта маҳсулоти фаровони муҳлати истеъмолашон гузаштаро мушоҳида кардам. Барои санҷиш як то гирифта ба назди хазина омадам ва хостам вокуниши кормандони мағозаро фаҳмам. Ҳайрониам дучанд шуд, он маҳсулотро беибо фурухта, чек ҳам доданд. Ба ишораи муҳлат посух гирифтам, ки ҳеҷ боке нест…)

Бо итминони комил аксар кормандони нуқтаҳои савдо аз қоидаҳои савдою хизматрасонӣ огаҳӣ надоранд. Ба андешаи камина, мақомоти ваколатдори давлатӣ, аз ҷумла Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатии соҳавӣ ба ҳолатҳои мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода, якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони савдо ва умуман соҳибкорон маҷмуи чорабиниҳои профилактикиро ҷиҳати иҷро ва риояи матлуби талаботи қонунгузории Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд ва тартиби ташкили курсҳои дар боло ишорашудаи таҳсилотиро муайян созанд.

Баҳри аз байни бурдани тавакалҳо барои ҳаёту саломатии инсон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии истеъмолкунандагон бояд унсури тасодуфӣ аз бозори дохилӣ истисно гардад.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Баҳодур Раззоқов)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таърихи эҷоди наққошии Дуо
Озодии баён ва режими Исроил

Матолиби пурбоздид