Коршиноси эронӣ: Амрико дар паи ноамнсозии Осиёи Марказӣ аст
Ахбори минтақа
Козимии Қумӣ – намояндаи раиси ҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон: Амрико ба дунболи ноамнсозии Осиёи Марказӣ ва таъсиси пойгоҳи низомӣ дар ин кишварҳост.
Ба нақл аз Форс, Козимии Қумӣ дар ҷараёни Панҷумин иҷлоси формати Маскав ба мизбонии шаҳри Қазон, дар Тотористони Русия, зимни изҳороте аз аҳдоф ва пушти пардаи таҳаррукоти Амрико дар минтақаи Осиёи Марказӣ сухан гуфт.
Козимӣ бо ишора ба тадовуми ҳимоятҳои Вашингтон аз ДОИШ бахусус шохаи хуросонии он, гуфт:
Амрикоиҳо ҳамчунон ба шайтанатҳои худ дар Афғонистон идома медиҳанд ва ба дар паи эҷоди нигаронӣ барои кишварҳои минтақа, аз ҷумла ҳамсоягони Афғонистон ҳастанд. Вашинтон бо ташдиди бесаботӣ ва ноамнсозии Афғонистон қасд дорад шароите эҷод кунад, ки нигаронии ҳамсоягони Афғонистон ва кишварҳои минтақа идома дошта бошад.
Вай дар идомаи суханҳояш таъкид намуд: Вашингтон қасд дорад бо тақвияти Доиши Хуросон, ибтидо кишварҳои Осиёи Марказиро ноамн кунад ва дар идома ба баҳонаи мубориза бо Доиш дар ин кишварҳо пайгоҳи низомӣ таъсис кунад.
Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн