Кумакҳои 25 миллион долларии Амрико барои кишварҳои Осиёи Миёна дар роҳ аст
Осиёи Миёна
Коршиносон бар ин боваранд, ки дар паи коҳиши вобастагии иқтисодии кишварҳои Осиёи Миёна ба Русия, Амрико барои ин кишварҳо бисту миллион доллар ихтисос хоҳад дод.
Дар ҷараёни вохӯрии вазирони хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар пойтахти Қазоқистон, бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, гуфта шуд, ки Амрико ба маблағи 25 млн доллар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак хоҳад кард.
Блинкен изҳор дошт, ки “Иёлоти Муттаҳида “истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ”-и кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад ва ба кишварҳои шарики Русия хисорот бар асари таҳримҳоро ҷуброн хоҳад кард. Азбаски тамоми кишварҳои минтақа ба ин ё он ҷиҳат ба равобити тиҷоратӣ бо Русия вобастаанд, таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди ин кишварҳо низ зарба заданд. Дар ИМА онҳо инро мефаҳманд ва ваъда медиҳанд, ки оқибатҳои онро ҷуброн мекунанд”.
Ба гуфти Блинкен, ширкатҳое, ки фаъолияташонро дар Русия коҳиш медиҳанд, имконоти нав пайдо мекунанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн