Лаззат ва ширинии зиндагиро дар чӣ мебинед?

Фарҳанг
Лаззат ва ширинии зиндагиро дар чӣ мебинед?
Лаззат ва ширинии зиндагӣ дар ин аст, ки сарнавишти ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунӣ ва одамоне, ки бо ту зиндагӣ мекунанд, бароят бе аҳаммият набошад ва ту нисбат ба онҳо бе тафовут набошӣ.
Агар дар ҷомеа адолат нест, ту барои барқарории адолат талош кун, гарчӣ бароят бигӯянд, талошат фоида надорад.. Зеро ки фоида доштан ва надоштани талоши ту як чиз аст ва худи талош чизе дигар.
Агар ту талош мекунӣ, барои он талош ва мубориза мекунӣ, ки талош ва мубориза худаш ва ба худии худ, қатъи назар аз самара ва натиҷааш, як арзиш аст.
Инсон агар инсон аст, аз талош ва мубориза лаззат мебарад.
Дар роҳи талош ва мубориза, асосан ба суханон ва ҳарфҳои одамони бе руҳу бе мазза гӯш фаро мадеҳ; зеро ғолибан одамҳо чунин ҳастанд, ки агар шак кунӣ, ба куфр муттаҳамат мекунанд. Агар ба дунболи ҳақиқат бошӣ, хоҳанд гуфт, ихтилоф меофаринӣ.
Инчунин одамҳое лаззати ҳақиқатҷӯиро на ин ки начашидаанд, балки асосан аз кӯчааш гузар накардаанд, онҳо мурдаҳои мутаҳаррике беш нестанд.
Онҳо чунинанд, ки агар ту барои ислоҳи як амр ва барои тағйири як вазъ, бихоҳӣ сухане бигӯӣ ва ҳарфе ба забон оварӣ ва бихоҳӣ матлабе бинависӣ, ба ту мегӯянд, беҳтар аст чизе нагӯӣ, ки амниятатро ба хатар хоҳӣ афканд ва обирӯят хоҳад рафт ва бароят душман зиёд хоҳад шуд…
Охир, он обирӯй ва он ҷойгоҳ ва он “одами хуб” будан, чӣ арзише дорад вақте баҳояш ин бошад, ки ту чизе нагӯӣ, аз гуфтани сухани ҳақ ибо варзӣ, дар баробари мушкилот мисли як мурда фақат тамошобини саҳна бошӣ?
Агар сукут ва бе тафовутӣ, обирӯдорӣ бошад, пас мурдаҳо обирӯмандтарини афрод ҳастанд; зеро чизе намегӯянд, аслан наметавонанд чизе бигӯянд. Пас бимирӣ беҳтар аст!
Ин зиндагӣ нест… Балки зиндагии ҳамроҳ бо лаззат яъне пӯёӣ, ҳаракат, талош, мубориза барои беҳтар шудан ва пешрафт кардан…
Зиндагии ширин ва ҳамроҳ бо лаззат вақте аст, ки урёнеро бипӯшонӣ, гуруснаеро сер кунӣ, барои нодоне огоҳӣ бидиҳӣ, харобиеро обод кунӣ… Инҳо лаззатовар ҳастанд. На сукут, на тамошогари саҳна будан, на бе тафовут мондан…
Ҳаргиз нигарони обирӯй ва ҷойгоҳи худ мабош. Обирӯй ва ҷойгоҳро аз он боло-болоҳо яъне аз Худо бибин, на аз назару дидгоҳу ҳарфу сухани мардум…
Лаззати зиндагонӣ ҷуз дар камолҷӯӣ, ҳақиқтатҷӯӣ, талош, мубориза ва пайкор нест…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аз дуоҳои ҳазрати Фотимаи Заҳро (р)
Мақоми муаллим

Матолиби пурбоздид