Лаззат ва ширинии зиндагӣ дар чист?

Фарҳанг
Лаззат ва ширинии зиндагӣ дар чист?
Лаззат ва ширинии зиндагӣ дар ин аст, ки сарнавишти ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунӣ ва одамоне, ки бо ту зиндагӣ мекунанд, бароят беаҳаммият набошад ва ту нисбат ба онҳо бетафовут набошӣ.
Агар дар ҷомеа адолат нест, ту барои барқарории адолат талош кун, ҳарчанд ки бароят бигӯянд, талошат фоида надорад. Зеро фоида доштан ва надоштани талоши ту як чиз аст ва худи талош як чизи дигар.
Агар ту талош мекунӣ, барои он талош ва мубориза мекунӣ, ки талош ва мубориза худаш ба худии худ, қатъи назар аз самара ва натиҷааш, як арзиш аст.
Инсон агар инсон аст, аз талош ва мубориза лаззат мебарад.
Дар роҳи талош ва мубориза, ба суханон ва ҳарфҳои одамони беруҳу бемазза гӯш надеҳ; зеро одамҳо ғолибан чунинанд, ки агар шак кунӣ, ба куфр муттаҳамат мекунанд ва агар ба дунболи ҳақиқат бошӣ, хоҳанд гуфт, ихтилоф меофаринӣ.
Инчунин одамҳое лаззати ҳақиқатҷӯиро на ин ки начашидаанд, ки аз кӯчааш гузар накардаанд, онҳо мурдаҳои мутаҳаррике беш нестанд.
Онҳо чунинанд, ки агар ту барои ислоҳи як амр ва барои тағйири як вазъ, бихоҳӣ сухане бигӯӣ ва ҳарфе ба забон оварӣ ва бихоҳӣ матлабе бинависӣ, ба ту мегӯянд, беҳтар аст чизе нагӯӣ, ки амниятатро ба хатар хоҳӣ афканд ва обрӯят хоҳад рафт ва бароят душман зиёд хоҳад шуд.
Охир, он обрӯй ва он ҷойгоҳ ва он “одами хуб” будан, чӣ арзише дорад вақте баҳояш ин бошад, ки ту чизе нагӯӣ, аз гуфтани сухани ҳақ ибо варзӣ, дар баробари мушкилот мисли як мурда фақат тамошобини саҳна бошӣ?!
Агар сукут ва бетафовутӣ обрӯдорӣ бошад, пас мурдаҳо обрӯмандтарини афрод ҳастанд; зеро чизе намегӯянд, аслан наметавонанд чизе бигӯянд. Пас бимирӣ беҳтар аст!
Ин зиндагӣ нест. Зиндагии ҳамроҳ бо лаззат яъне имон, пӯёӣ, ҳаракат, талош, мубориза барои беҳтар шудан ва пешрафт кардан.
Зиндагии ширин ва ҳамроҳ бо лаззат вақте аст, ки ба Худо имон дошта бошӣ, вақте аст, ки барои ӯ гом бардорӣ, вақте аст, ки паёмбар улгуи туст, вақте аст, ки урёнеро бипӯшонӣ, гуруснаеро сер кунӣ, барои нодоне огоҳӣ бидиҳӣ, харобиеро обод кунӣ. Инҳо лаззатовар ҳастанд. На сукут, на тамошогари саҳна будан, на бетафовут мондан.
Ҳаргиз нигарони обрӯй ва ҷойгоҳи худ мабош. Обрӯй ва ҷойгоҳро аз он боло-болоҳо яъне аз Худо бибин, на аз назару дидгоҳу ҳарфу сухани мардум.
Лаззати зиндагонӣ ҷуз дар камолҷӯӣ, ҳақиқтатҷӯӣ, талош, мубориза ва пайкор нест.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рӯзе гузашт подшаҳе аз гузаргаҳе…
Камоли имон

Матолиби пурбоздид