Луқмон ва мақоми ҳикмат
Ҳикматнома
Ба Луқмони Ҳаким гуфтанд: Ту ғуломи фалон қабила нестӣ?
Гуфт: Бале.
Гуфтанд: Аз чӣ рӯ ба ин мақом (мақоми ҳикмат) расидаӣ?
Гуфт: Ростгӯӣ, амонатдорӣ, кори беҳуда накардан, пӯшидани чашм (аз номаҳрам ва айбҳои мардум), нигаҳдории забон ва маноати табъ.
Баъд идома дод:
Ҳар кӣ аз ин поя камтар бошад, аз ман пойинтар аст ва ҳар кӣ бештар бошад, болотар ва ҳар кӣ дар ин рутба бошад, мисли ман аст.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: