Ба вақт беш аз пул аҳаммият бидиҳед

Ба вақт беш аз пул аҳаммият бидиҳед

“Зиндагии мо нишон медиҳад, ки барои вақт арзиш қоил нестем, зеро ҳангоме, ки “вақте” аз худ ё дигарон талаф мекунем, ба зеҳни мо хутур намекунад, ки сармояе аз худ ё аз дигаре талаф кардаем. Афроде дида мешаванд, ки аз камоли риояти ҳуқуқи дигарон, ҳозир нестанд диноре аз моли мардумро бихӯранд, агар аҳёнан даҳ шоҳӣ (ё даҳ дирам) аз моли касе талаф кунанд, худро “зомин” мешуморанд, аммо ҳамин ашхос ҳангоми талаф кардани “вақт”-и дигарон эҳсоси гуноҳ намекунанд… Пас маълум мешавад сухани Пайғамбарро дар назар надоранд, ки фармуд: “Ба вақт беш аз пул аҳаммият бидиҳед!”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо)
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тазоҳуроти мардуми Амрико дар ҳимоят аз Ғазза
Мо бо сиёсат коре надорем…

Матолиби пурбоздид