Мавлавӣ Абулҳамид ҳамлаи теруристӣ дар Зоҳидонро маҳкум кард

Мавлавӣ Абулҳамид ҳамлаи теруристӣ дар Зоҳидонро маҳкум кард

Ахбори байналмилал

Имоми масҷиди маккии аҳли суннати Зоҳидон, бо судури паёме, зимни маҳкумияти ҳодисаи теруристии имрӯз (шанбе) ба додгустарии Систон ва Балучистон гуфт: “Ҳар гуна ноамнӣ ба зарари манофеи мардуми ин устон аст”.

Ба гузориши Ирно, дар паёми Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ омадааст: “Мутаассифона субҳи имрӯз афроди мусаллаҳ ба додгустарии Систон ва Балучстон дар Зоҳидон ҳамла карданд, ки дар ин ҳамла чандин нафар шаҳид ва захмӣ шуданд”.

Вай афзуд: “Банда ин ҳамлаи ноҷавонмардонаро, ки ба як макони умумӣ ва ғайринизомӣ сурат гирифта ва афроди бесилоҳ аз ҷумла як зан ва кӯдак ҷони худро аз даст додаанд ғайришаръӣ медонам ва онро ба шиддат маҳкум мекунам”.

Дар паёми имоми масҷиди маккии аҳли суннати Зоҳидон омадааст: “Ҳамчунин бо хонаводаҳои ҷонбохтагони ин ҳамла ибрози ҳамдардӣ карда ва барои маҷрӯҳон шифо ва беҳбудиро аз боргоҳи илоҳӣ масъалат дорам”.

Вай дар ин паём таъкид кард: “Иқдомоти мусаллаҳона ба ҳеч ваҷҳ ба нафъи мардуми Систон ва Балучистон нест ва ҳар гуна ноамнӣ ба зарари манофеи мардуми устон аст”.

Ба гузориши Ирно, субҳи имрӯз афроди ношиноси мусаллаҳ ба додгустарии маркази Систон ва Балучистон дар Зоҳидон ҳамла карданд, ки сабаби ба шаҳодат расидан ва маҷрӯҳ шудани шуморе аз ҳамватанон шуд.

(irna)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рафтори дуруст ва муаддабона
Ба худат такя кун

Матолиби пурбоздид