Раиси ҷумҳури режими “Исроил” рост мегӯяд!

Таҳлили хабарӣ

Раиси ҷумҳури режими “Исроил” рост мегӯяд!

Ёддоште аз Сайидюнус Истаравшанӣ

Ба гузориши Hil, Исҳоқ Ҳертзог, раиси режими саҳюнистӣ, рӯзи сешанбе (5 декабр), бо ишора ба таҳдиде, ки ба қавли ӯ, ҷаҳон аз сӯйи гурӯҳҳои ҷиҳодии мавриди ҳимояти Эрон бо он рӯ ба рӯст, гуфт: “Ин ҷанг фақат байни Исроил ва Ҳамос нест, балки ҷанг барои наҷоти тамаддуни Ғарб ва ҳифзи арзишҳои тамаддуни ғарбӣ аст”.

Тhehill

Ин ки мегӯяд: “Ин ҷанг барои наҷоти тамаддуни Ғарб ва ҳифзи арзишҳои тамаддуни ғарбӣ аст”, рост мегӯяд. Зеро ин ҳама куштани тифл, кӯдак, зан ва хароб кардани бемористонҳо, бо хок яксон кардани манзили одамҳо, ин ҳама ваҳшат афкандан ва хулоса, ин ҳама бераҳмӣ, фақат аз дасти “мутамаддин”-ҳои ғарбӣ меояд, одами дурусту ҳисобӣ даст ба чунин коре намеёзад; коре, ки ҳаминак режими “Исроил” – ин фарзанди номашрӯъи Ғарб, ки дар қалби ҷаҳони ислом кошта шудааст – бо тамоми вуҷуд барои ҳифзи ин тамаддун, муртакиби он мешавад.

Бале, рост мегӯяд!

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қонуни ҷадиди Амрико: “Зиддият бо саҳюнизм, баробар бо яҳудиситезӣ”
Ҳазрати Хадиҷа – ҳамсари бовафои Паёмбар(с) – II

Матолиби пурбоздид