Мавлоно ва ҷомеаи ғарбӣ
Иллати гароиши ғарбиҳо ба Мавлоно аз забони Вилём Читик
Маҳфили андеша
Вилём Читик (William Chittick, зодаи 1943), файласуф, исломшинос ва мутахассиси ирфони Мавлавӣ ва Ибни Арабӣ дар Омрико, иллати гароиши ғарбиҳо ба Мавлоноро дар чанд соли ахир бозгӯ карда ва яке аз далоили онро “ташнагии ғарбиҳо ба маънавият” донистааст.
Вай, дар мусоҳиба бо Муҳаммадалӣ Ниёзӣ гуфт: “Алоқа ва таваҷҷӯҳи ғарбиён имрӯз ба Мавлоно, ҷиҳатҳои мутаъаддид дорад. Яке, ташнагии онон ба маънавият аст. Ин омили бисёр муҳимме аст. Агар аз лиҳози таърихӣ ба қазия таваҷҷӯҳ кунем, бояд бигӯем Никелсун аз ин ҷиҳат хидмати бузурге ба ғарбиён кардааст. Ӯ ҳудуди панҷоҳ сол пеш Маснавиро бо диққати шигарфе ба ангилисӣ тарҷума кард ва дар шаш ҷилд ба чоп расонид ва ду ҷилд шарҳ низ бар он афзуд, ки тамоми онҳо ба форсӣ тарҷума ва чоп шудааст.”
Вай афзуд: “Пас аз ӯ, шогирдаш Орберӣ (Arthur John Arberry), бахше аз ғазалиёти Шамсро ба ангилисӣ баргардонд. Ҳамчунин хонум Онеморӣ Шимел (Annemarie Schimmel), ки аҳли фарҳанг бо осори ӯ ошно ҳастанд, китоби мабсуте дар бораи ҷанбаҳои адабӣ, каломӣ, фалсафӣ ва ирфонӣ ва хулоса, ҷавониби мухталифи каломи Мавлоно нигоштааст ва ин осор дар афкори мардуми Мағрибзамин таъсири бузурге баҷо ниҳод.”
Читик тасреҳ кард: “Китобе, ки ман дар шарҳи ақоиди хосс ва сайру сулуки Мавлоно навиштаам ва ба чоп расида, бо ҷаҳонбинии Мавлоно оғоз мешавад ва баён мекунад, ки ӯ чӣ гуна ба оёти Худованд, яъне падидаҳои олам, менигарад. Дар бахши дуввуми ин китоб, наҳваи муомилот ва ибодот ва муҷоҳида дар роҳи Ҳақро тавзеҳ додаам. Бахши дигари китоб дар бораи ишқ гуфтугӯ мекунад, ки ҳамон иртиботи дарунӣ байни инсон ва Худованд аст. Дар ин китоб саъй кардаам, то ҳадде, ки мумкин аст, аз худ чизе нагӯям. Ашъоре аз Мавлоноро аз нав тарҷума кардаам ва тавзеҳ додаам, ки шарҳи абёти Мавлоно дар худи онҳост ва бархеи он бархеи дигарро шарҳу тафсир мекунад.”
Ин Мавлавипажӯҳ дар идома гуфт: “Бо таъаммул дар осори ин ориф ва шоир равшан мешавад, ки ӯ камтар ба ақоиди дигарон пардохта ва сухан ва ақидаи худро баён доштааст. Китоби ман дар соли 1983 мунташир шуд, ва он вақт ҳанӯз ин мавҷи гароиш ба Мавлоно шурӯъ нашуда буд. Пас аз чанд сол, ки чандин китоб роҷеъ ба Мавлоно ба чоп расид ва тарҷумаи абёти ӯ ба ангилисӣ анҷом шуд, рафта-рафта чанд тан аз шоирони ғарбӣ, ё ба ҳар ҳол касоне, ки иддаои шоирӣ доштанд, бо таваҷҷӯҳ ба тарҷумаи ашъори Мавлавӣ, диданд агар онҳоро ба шеър тарҷума кунанд, зеботар ва дилписандтар хоҳад шуд. Мегуфтанд, мусташриқон завқи шоирӣ надоштанд, то зебоии ашъорро дарк кунанд, иттифоқан Никелсун табъи шоирона дошт. Албатта сухани онон ҳам беваҷҳ набуд. Онҳо аз ҷиҳате дуруст мегуфтанд. Мо ва мусташриқон муқайяд будем, ки айни алфози ашъорро тарҷума кунем. Аммо он адибон ва шоирон озодона тарҷума мекарданд ва мекунанд. Яъне ҳар ҷоро, ки дилашон мехост тағйир медиҳанд, ки дасти охир ҳам, чизи ҷолибе ба ангилисӣ мешавад.”
Читик афзуд: “Масалан, ҳар ҷо, ки Мавлоно сухан аз таклиф мегӯяд ва муваззаф будани инсон дар баробари Худовандро, онро ҳазф мекунанд. Чаро? Барои ин ки ба завқи омрикоӣ намехӯрад. Омрикоӣ мехоҳад Худоро озодона ибодат кунад, яъне ҳар тавр, ки худаш дӯст дорад. Албатта мехоҳад Худо ҳам хушаш биёяд ва таъйидаш кунад. Ашъори ошиқонаи Мавлоноро хеле меписанданд, аммо ҳар гоҳ, ки аз вазоифи мусалмонӣ ёд мекунад, сонсураш мекунанд. Аз ашъори Мавлоно фақат ишқро гирифтаанд ва мегӯянд, мардум бо ин ишқ хушанд. Аз назари онон, амал лозим нест.”
Читик изофа кард: “Ба ҳар ҳол, чунонки гуфтам, пас аз интишори он осор, кам-кам кори шӯру алоқа ба Мавлоно боло гирифт. Акнун ҳам ин китобҳо хеле тарафдор дорад. Дар маҷаллот мехондам, ки пурфурӯштарин китоби шоири ангилисизабони Омрико дар соли 1998, китоби Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ будааст, ки барои ман масъалаи бисёр аҷибе аст.”
Вай дар айни ҳол таъкид кард: “Бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ дошт, ки мумкин аст касоне аз онҳо аз рӯи алоиқи мазҳабӣ дӯстдори Мавлоно шуда бошанд, чун мазҳаби ашхос ҳар чӣ бошад мухолифате бо Мавлоно надорад, ориф мегӯяд бо Худо бояд дӯстӣ варзид. Ба ҳар тақдир, ҳар чӣ бошад, аз ҷиҳате хайр аст.”
(Пойгоҳи Кимиёи саодат)
Қаламонлайн