Манфиати “шарики стротежики” Эрон

Таҳлили хабарӣ

Манфиати “шарики стротежики” Эрон

Ёддошти Абдуманнон Шералиев

Бузургтарин манфиатро аз ҷанги Ирон ва Исроилу Амрико “шарики стротежии” Ирон Русия мебарад. Путин дар хобаш ҳам ин орзуро карда наметавонист, ки рӯзе биёяд дунё ба хусус Аврупо дубора ҳам ба нафту ҳам ба гози Русия мӯҳтоҷ шавад. Баста шудани тангаи Ҳурмуз хестани буҷули Путин дар тамоми самтҳост – геополитикӣ, иқтисодӣ, вазъи дохилӣ, таҳкими қудрат, дасте бозтар дар ҷанги Укроин ва ғайра.

Дирӯз, дар ҳоле, ки нархи гоз дар аврупо 50% боло рафт ва бо гумони ғолиб бо ҳам болотар хоҳад рафт, Путин аллакай гуфти худаш “мысли вслух” дод, ки чаро Русия масалан аз худи ҳозир содироти гоз ба Аврупоро қатъ накунад? Ҳинд ҳам, ки чанд моҳ пеш таҳти фишори ИМА воридот нафт аз Русияро хеле кам карда буд, ба барқарорсозии дубораи он шурӯъ кард. Ҳоло ҳарф аз барқарори то сатҳи қаблӣ меравад, аммо бо баста мондани тангаи Ҳурмуз, ин сатҳ метавонад хеле болотар равад ва миллиардҳо доллар ба буҷа, аз ҷумла буҷаи низомии Русия бирезад.

Ҳамчунин ба ҷанг алайҳи Ирон равона шудани силоҳҳои амрикоиву ҳампаймононаш, интиқоли силоҳ ба Укроинро камтар месозад ва ба Русия ин шонсро хоҳад дод, ки бо истифода аз ин шонси торихӣ ҳамлаҳояш ба Уроинро шиддат бахшад.

Аз тарафи дигар, дирӯз дабири НАТО эълон кард имкон дорад ин созмон дар қиболи Ирон аз банди 5-уми оинномаи ин созмон кор гирад, яъне амалан вориди ҷанг бо Ирон шавад. Яъне қисмате аз нерӯ ва силоҳҳои Аврупо низ, ки метавонанд ба Укроин кӯмак кунанд, ба Ховари Миёна фиристода хоҳад шуд.

Аммо баъид нест таҳти фишори мардуми худи Амрико ва воридкунандагони аслии нафту гоз аз Халиҷи Форс – Чин, Ҳинд, Ҷопон ва дар авохир Аврупо ҷанг алайҳи Ирон мисли тобистони гузашта мутаваққиф шавад.

Бодарназардошти ин сенориё Русия хоҳад кӯшид аз шонси бадастомада ҳарчи зудтар ва пурсамартар истифода кунад.

Барои ин ба Русия пеш аз ҳама сарбоз лозим аст. То имрӯз наздики 40 кишвар, аниқтараш 36 кишваре, ки Русия онҳоро “кишварҳои дӯст” меномад, аз ҷумла Ҳинду Чину Туркия муздургирӣ аз байни шаҳрвандонашонро ба русҳо манъ кардаанд.

Ӯзбекистону Қазоқистон ҳам мекӯшанд монеъи ширкати шаҳрвандонашон дар ҷанги Русия алайҳи Укроин шаванд. Дар Қирғизистон ҳам садоҳои эътирозӣ дар ин маврид зиёд шунида мешавад.

Ягона кишваре, ки на ҳукуматаш парвои ширкату кушта шудани шаҳрвандонашро дораду на ҷомеъаи шаҳрвандиаш, Тоҷикистон аст. Ҳукумат ҳатто дар ин маврид омор намекунад ва ба гуфтаи вазири дохила “ӯҳдадорӣ” ҳам надоштааст.

Ба гуфтаи мақомоти укроини бештари муздурон аз ҷониби Русия дар соли 2025 ҷалб шудаанд. Яъне камбуди нерӯи зинда дар артиши Русия торафт шиддат мегирад ва соли ҷорӣ он бештар аз соли 2026 хоҳад буд.

Агар шумо ҷои мақомоти Русия мебудед, аз ҳисоби шаҳрвандони кадом кишвар камбуди нерӯ дар артишатонро ҷуброн мекардед?

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ раҳбари низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд
Адами ҳамкорӣ бо Амрико ва Исроил – шарти масун мондан

Матолиби пурбоздид