Маод
Бахши севвум
Муртазо Мутаҳҳарӣ
4) Авди арвоҳ ба Худованд бо кайфияти ҷисмонӣ:
Баъзе дигар омадаанд, ҷамъ миёни ин ду кардаанд, ба ин маъно, ки назарияе иброз доштаанд, ки маънии он ин аст: дар айни ин ки маъод авд (баргашт) ба парвардигор аст, на авди арвоҳ ба аҷсом (1), вале дар айни ҳол худаш кайфияти ҷисмонӣ дорад. Инҳо касоне ҳастанд, ки бар хилофи эътиқоди амсоли Бӯалӣ ва моқабли Бӯалӣ, ки фақат ақли инсон як қувваи мустақил ва муҷаррад аз бадан аст, эътиқод доранд, (ки) қувваҳои ҳаётии инсон дутабақа аст: табақаи ҷасадӣ ва табақаи ғайри ҷасадӣ ва инсон дорои бадане аст, ки онро бадани мисолӣ ва бадани барзахӣ номидаанд ва он бадан алъон бо ин бадан муттаҳид аст, алъон вуҷуд дорад ва вақте, ки инсон мемирад, ин бадан ҳукми як туфолаеро дорад ва он ҳукми ҷавҳарро дорад ва ин бадан аст, ки доиман мутаҳаллил ва фонӣ мешавад, мутағайир ва фонӣ мешавад ва бадал пайдо мекунад.
Мегӯянд, ин бадан нисбат ба он бадан, ҳукми мӯйи сар ва нохун ва ин ҷур фузулотро дорад. Ҳамин тавре, ки як инсон дар тӯли умр чандин бор ин баданро иваз мекунад, масалан ба сурати завоиде, ки пӯстаҳои бадан бошанд ё ба сурати нохун ё ба сурати мӯ, ба сурати анвоъи фузулот ва ин бадан доиман иваз мешавад, мурдан ҳукми инро дорад, ки якмартиба ва якҷо он бадан, ки бадани ҳақиқии инсон аст, ин баданро, ки ҳукми либосеро барои он бадан дорад, раҳо мекунад ва дур меандозад. Ва он бадан бо ин бадан фарқ мекунад. Ин бадан биззот мурда аст ва ҳаёт барои он ҳолати оризӣ дорад, вале он бадан биззот зинда аст, ҳаёт ҷузъи зоташ аст ва айни зоташ аст ва бинобар ин барои он бадан, дигар мурдан тасаввур надорад. Пас дар айни ин ки (маъод) авди арвоҳ ба камоли худаш аст, вале ба ин шакли ҷисмонӣ аст.
Ин ҳам як фарзияе аст дар инҷо, ки бибинем оё бо таъбироти Қуръон ҷур дармеояд ё ҷур дарнамеояд? Хеле ҳам мушкил аст, бо баъзе таъбироти Қуръон фавқулъода хуб ҷур дармеояд, вале мунтабиқ карданаш бо баъзе таъбироти дигар мушкил аст.
5) Таҷдиди ҳаёти моддии дунё ба шакли дигар:
Бархе дигар хостаанд мисли дастаи аввал маъодро як амри моддӣ ва табиӣ бидонанд, вале бидуни ин ки ниёзе бошад, ки бигӯянд авди арвоҳ ба аҷсом. На, арвоҳе ба аҷсоме авд намекунад, чун асосан арвоҳе вуҷуд надорад, балки худи ҳамин ҳаёти моддӣ тадриҷан ба шакли дигаре таҷдид мешавад, ки ин фарзияе аст, ки баъд бояд рӯйи он сӯҳбат кунем.
Яке аз масоиле, ки ба назари ман бояд рӯйи он баҳс кард, масъалаи руҳ аст, ки оё қабули қиёмат мусталзими қабули вуҷуди руҳ аст ба унвони як мавҷуде, ки қобилияти инро дорад, ки баъд аз фанои бадан боқӣ бимонад ё мубтанӣ бар ин нест? Албатта мо дар инҷо аз назари ақлӣ набояд баҳс кунем, аввал аз назари динӣ ва шаръӣ бояд баҳс кунем, яъне бояд бибинем он чи ки дар ислом роҷеъ ба маъод омадааст, аз ҳолати эҳтизор гирифта то олами қабр ва суолу ҷавоби қабр ва олами барзах ва олами қиёмат, оё инҳо як чизҳое аст, ки бар асоси ин асл будааст, ки инсон дорои як руҳе аст, ки он руҳ воқеан қабз мешавад, мурдан қабзи руҳ аст, таҳвил гирифтани руҳ аст ва инсон, ки мемирад, ба маънии ин аст, ки робитаи миёни руҳ ва бадан бурида мешавад ва руҳ дар олами худаш қарор мегирад ва ҷасад дар олами худаш, ё ин ки ин тавр нест?
Баҳси баъдии мо, ки пояи баҳсҳои дигар қарор мегирад, ҳамин баҳси руҳ аст. Баъд ҳам вориди истидлолҳои Қуръон барои вуҷуди қиёмат мешавем, ки арз кардем Қуръон ду навъ истидлол дорад.
Пурсиш: Дар худи Қуръон калимаи маъод ҳаст. Албатта инро муташарриъа аз рӯйи ояти муборака, ки мефармояд:
كَما بَدَأَكُمْ تَعُودُونَ
(“Ҳамчунон ки шуморо халқ кард, бозмегардед.” (Аъроф/29)) гирифтаанд. Зимнан он далоиле, ки дар бораи маъод ҳаст, фақат дар ҳудуди ҳамон табақабандӣ, ки фармудед Қуръон карда ва ду даста далел дорад, агар мо ҳамон оятҳояшро ҳам бифаҳмем ва рӯйи он баҳс шавад, ин беҳтарин роҳ аст барои ин ки бо маъод ошноӣ пайдо кунем.
Устод Мутаҳҳарӣ: Роҷеъ ба қисмати аввал, ки фармудед, ман ба ояти:
كَما بَدَأَكُمْ تَعُودُونَ
— таваҷҷӯҳ доштам, вале манзурам ин набуд, ки ҳатто моддаи “авд” ҳам наомада, арз кардам калимаи маъод ба ин вазн (ки ба маънии замони авд ё макони авд ҳаст) дар Қуръон нест.
Роҷеъ ба оятҳои Қуръон, онҳое, ки истиқсо кардаанд муддаӣ ҳастанд, 1400 оят дар Қуръон роҷеъ ба маъод аст, яъне дар ҳеч мавзӯе ва шояд дар масъалаи тавҳид ин қадр оят дар Қуръон наомада ва ин қадр таъкид ва исрор нашуда, ки дар масъалаи маъод ҳаст. Вале ман иддао намекунам муаммои маъод аз ҳар ҷиҳат ҳал шудааст. Мақсудам ин аст, ки ҷамъ миёни ҳамаи таъбироти Қуръон ба тавре, ки касе иддао кунад, ки ҳамаи таъбиротро ман метавонам бидуни шак ва дағдаға комилан ҷамъ кунам, сад дар сад нест, вагарна афроде ҳастанд, ки аз назари худашон масъалаи маъод комилан ҳал шудааст ва оятҳои Қуръонро ҳам тавре тавҷеҳ мекунанд, ки аз назари худашон таъвил нест, тавҷеҳи воқеӣ аст, вале мумкин аст барои мо он тавҷеҳ чандон қобили қабул набошад, вагарна на ин аст, ки барои ҳамаи афрод қазияи маъод лоянҳалл аст. Ман афродеро, ки ба вазъи китобҳояшон ошно ҳастам шак надорам, ки:
بِالْآخِرَةِ هُمْ یُوقِنُونَ
— ва ба ҳамаи ин муҳтавоҳое, ки дар Қуръон омада яқин доранд, вале тарзи тасаввур ва талаққиашон аз ин таъбирот, бо талаққии оммаи мардум дар баъзе қисматҳо қадре фарқ мекунад. Дигарон ҳам ҳамин роҳро рафтаанд, на ин ки агар мо оятҳои Қуръонро унвон мекунем, ин мо ҳастем, ки барои аввалин бор мехоҳем аз роҳи оятҳои Қуръон ворид шавем. На, дигарон ҳам аз ҳамин роҳ рафтаанд. Ва агар назариёте доранд, аз як тараф маншаъи назариёташон илҳомоте буда, ки аз худи Қуръон гирифтаанд ва аз тарафи дигар маншаъи он, ишколоте буда, ки ба вуҷуд меомада ва барои ҳалли ин ишколот дар талош будаанд. Мо ҳам, ки ворид мешавем, боз аз як тараф як илҳомоте аз Қуръон мегирем ва аз тарафи дигар бо як ишколоте мувоҷеҳ хоҳем шуд, ки ишколотро бояд ҳал кунем. Дар ин ки бисёре аз мушкилоте, ки дар қадим вуҷуд дошт имрӯз вуҷуд надорад, яъне як миқдор роҳи маъод аз назари улум нисбат ба он чи ки дар қадим буда софтар шуда, баҳсе нест.
Масалан, яке аз масоиле, ки дар боби маъод ҳаст, ки аз назари илми қадим хеле мушкил буд ва маҷбур буданд ба навъе тавҷеҳ ва таъвил кунанд, ин аст, ки Қуръон муддаӣ аст ин низомоти мавҷуде, ки алъон дорем, моҳу хуршеду ситорагон ва ин вазъи замин ва дарёҳо ва кӯҳҳо, рӯзе хоҳад расид, ки тамоми инҳо зеру рӯ мешавад. Тақрибан ҳамон тавре, ки Қуръон мегӯяд, дар ибтидо инҳо ба шакли духон (дуд) буд, баъд ба ин сурат даромадааст.
Аз Қуръон мешавад истинбот кард, ки баъд ҳам ба ҳамин сурат дархоҳад омад. Вале ин бо илми қадим қобили ҳал набуд, илми қадим қабул намекард, ки ин тавр бошад, на қаблашро қабул мекард, ки ба ин шакл буда (ва на баъдашро, ки ба ҳамин шакл дархоҳад омад). Илми қадим фарз мекард, ки низоми афлок аз ҳамон қадим ҳамин тавр буда, ки ҳаст ва то абад ҳам ҳамин тавр хоҳад буд ва ин буд, ки мушкилоте эҷод мешуд. Қуръон мегӯяд:
إِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ
(Таквир/1) Як вақте хоҳад омад, ки ин хуршеди мо таквир мешавад яъне кидир мешавад, нураш аз он гирифта мешавад, хомӯш мешавад.
وَإِذَا النُّجُومُ انْكَدَرَتْ
(Таквир/2) Ва ин ситорагон ҳолате пайдо мекунанд, ки мункадир мешаванд яъне дигар он дурахшандагиро нахоҳанд дошт.
وَإِذَا الْبِحارُ سُجِّرَتْ
(Таквир/6) Ин дарёҳо мисли деге, ки ба ҷӯш меояд, табдил ба бухор хоҳад шуд.
Ё масалан зилзилаҳое заминро хоҳад гирифт, ки инсон дармемонад, ки чӣ вазъе рух дода, хеле барои инсон ғайри мутараққиб аст:
إِذا زُلْزِلَتِ الْأَرْضُ زِلْزالَها
Он вақт, ки замин он зилзилаи худашро эҷод кунад. “Он зилзила” ишора ба навъи хосси зилзила аст ва бо зилзилаҳои дигаре, ки дар дунё пайдо шуда ва дар гӯшае иддаеро аз байн бурда хеле фарқ дорад. Он, зилзилае аст, ки дигар ҳеч чизе ба ҳоли худаш боқӣ нахоҳад буд.
وَأَخْرَجَتِ الْأَرْضُ أَثْقالَها
Ва замин ашёи вазини худашро аз даруни худаш берун бикашад. (Зоҳиран мақсуд инсонҳост, ки аз даруни замин берун меоянд.)
وَ قالَ الْإِنْسانُ ما لَها
Инсон он вақт мегӯяд, чӣ шуда, чӣ хабар аст? Яъне барои инсон ғайри мутараққиб аст, оддӣ нест, ғайри оддӣ аст, мисли зилзилаҳои ҳамеша нест, ки бигӯем, хуб дигар зилзила аст.
یَوْمَئِذٍ تُحَدِّثُ أَخْبارَها
Он вақт замин тамоми қазоёи худашро нақл хоҳад кард.
بِأَنَّ رَبَّكَ أَوْحی لَها
Ба мӯҷиби ин ки парвардигори ту ба ӯ ваҳй кардааст, ба ӯ таълим кардааст.
یَوْمَئِذٍ یَصْدُرُ النّاسُ أَشْتاتاً لِیُرَوْا أَعْمالَهُمْ
Он вақт аст, ки мардум гурӯҳ-гурӯҳ берун мераванд барои ин ки амалҳояшон ба онҳо ироа дода шавад.
فَمَنْ یَعْمَلْ مِثْقالَ ذَرَّةٍ خَیْراً یَرَهُ، وَمَنْ یَعْمَلْ مِثْقالَ ذَرَّةٍ شَرًّا یَرَهُ
(Зилзол/1-8) Алъон барои мо ин амр лоақал ба сурати як амри хеле мӯҳтамал аст. Кӣ метавонад бигӯяд, чунин вазъе пеш намеояд?
إِذَا السَّماءُ اِنْفَطَرَتْ، وَإِذَا الْكَواكِبُ انْتَثَرَتْ
(Инфитор/1 ва 2) ё:
إِذَا السَّماءُ انْشَقَّتْ
(Иншиқоқ/1) Инҳо як чизҳое аст, ки лоақал рафъи монеъ шуда, агар илм натавонад чунин рӯзеро пешбинӣ кунад, вале нафй ҳам наметавонад бикунад, яъне лоақал бар хилофи илм нест.
Вале ба ҳар ҳол, агар касоне ҳам роҳеро рафтаанд, на ин аст, ки он роҳро рафтаанд бидуни ин ки ҳеч илҳоме гирифта бошанд ё бидуни ин ки ҳеч кӯмаке ба мо карда бошанд, роҳе аст, ки билохира онҳо ҳам рафтаанд. Мусаллам мо аз гуфтаҳои онҳо метавонем кӯмак бигирем ва истифода кунем бидуни ин ки бигӯем, онҳо мутаваҷҷеҳи ишколоте будаанд. Дар ҳамин масъалаи авди арвоҳ ба аҷсод ба ин шакл, ки руҳҳо ба ҷасадҳо авд кунад, онҳо ба як ишколоти илмӣ дучор будаанд, ки имрӯз мо ҳам дучор ҳастем.
Имрӯз хеле ашхоси дигар ҳам мегӯянд, агар маънии маъод ин бошад, ки айни ҳамин баданҳои афрод эҷод шавад, он касе, ки мемирад, бо ҳамон бадане, ки мурдааст биёяд маҳшур шавад, оё ин имконпазир аст? Ин ҳарфе буда, ки аз чандин сад сол пеш мегуфтаанд: инсонҳое, ки аз аввал то охири олам бар рӯйи замин пайдо шудаанд ва доиман омадаанд ва рафтаанд, агар мо ҳаҷм ва вазни бадани онҳоро ҳисоб кунем, чандин баробари замин инсон омада ва рафта, яъне ин сатҳ ва ин қишри замин то миқдоре, чандин бор бадани инсонҳо шуда ва думартиба хок шуда, ки агар бихоҳем миллиардҳо миллиард инсонро бо ин баданҳо ҷамъ кунем, замини мо асосан гунҷоиши онро надорад, чандин баробари замин ҳам гунҷоиши онро надорад.
Пас инҳо ва бисёре аз масоили дигар, як чизҳое аст, ки бояд онҳоро ҳал кунем.
Албатта масъалаи бисёр мушкил ва муъзале аст.
Пурсиш: Дар Қуръони Маҷид барои қобили қабул будани ҳаёти муҷаддад, мавзӯъи ҳаёти муҷаддади наботот ба таври мукаррар матраҳ шуда ва ман фикр мекунам, ки бояд як баррасӣ аз назари физиологияи гиёҳӣ ва ҳайвонӣ бикунем, ки бибинем чӣ иртибот ва ташобуҳе метавонад байни ҳаёти муҷаддади гиёҳе, ки дар ҳар баҳор таҷдид мешавад ва ҳаёти муҷаддади ҳайвонӣ бошад. Ман фикр мекунам, ки агар баъзе аз руфақо сарфи вақт кунанд, то як миқдор физиологияи гиёҳиро ҳам дар инҷо баррасӣ кунем ва бо физиологияи ҳайвонӣ татбиқ кунем, ки шояд як рӯшноӣ дар ин қисмат барои мо эҷод шавад, муносиб бошад.
Устод Мутаҳҳарӣ: Албатта пешниҳоди бисёр хубе аст. Дар Қуръон ба ҳаёти муҷаддади замин (яъне ҳамон ҳаёти муҷаддади гиёҳон) истинод шуда ва зиёд ҳам истинод шуда:
اِعْلَمُوا أَنَّ اَللّهَ یُحْيِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِها
(Ҳадид/17) Бидонед, ки Худованд заминро баъд аз ин ки мурда аст, зинда мекунад. Онҳо, ки дар собиқ фақат ба ин матлаб таваҷҷӯҳ мекарданд, фикр мекарданд ваҷҳи ташобуҳ ҳамин аст, ки мурдае зинда мешавад, яъне як мавҷуде дар як дараҷае мурда аст ва дар як дараҷаи дигаре такомул пайдо мекунад ва ҳаёт барояш пайдо мешавад. Хулоса. ба он ҷанбаи такомулии матлаб, ки ин такомул аз мавт ба ҳаёт аст таваҷҷӯҳ мекарданд.
Онҳо ин тавр фикр мекарданд, ки Қуръон назараш фақат ба ҳамон масъалаи такомул аст, яъне шумо дар ин зиндагии мавҷуд худатон такомул аз мавт ба ҳаётро мебинед, ин барои шумо ба унвони намуна кофӣ аст, то такомулеро ҳам, ки дар сатҳи болотаре аст (ки дар воқеъ такомул аз нашъае ба нашъаи дигар аст) бипазиред, ин як амри ҷузъӣ аст, ки метавонад намунаи як амри куллӣ бошад. Онҳо ин тавр мегӯянд: ҳамин тавре, ки дар инҷо мебинед, ки ин ҷузъ мурда аст ва зинда мешавад, кулл ҳам ҳамин тавр аст, кулл ҳам аз мурдагӣ ба ҳолати зиндагӣ дармеояд. Мегуфтанд, олами охират ва олами дунё ҳама ҳукми як воҳидро дорад, ки дунё мартибаи мурдаи он аст ва охират мартибаи зиндааш. Намехоҳам бигӯям, ин ҳарф сад дар сад дуруст аст, мехоҳам бигӯям, ин тавр истинбот кардаанд. Вале шумо мумкин аст бихоҳед аз ин амр истинботи дигаре бикунед. Мутолеоте бикунед, истинботе бикунед, мо ҳам аз истинботи шумо истифода мекунем. Ба ҳар ҳол бояд рӯйи ин мавзӯъ мутолеа кард.
Пурсиш: Як тазаккуре дар қисмати аввали сӯҳбати ҷаноби оқои Мутаҳҳарӣ доштам, ки усулан, маъодро бояд дар радифи тавҳид ва нубувват қарор дод ё каме ҷанбаи таъаббудӣ дорад? Банда ақида дорам, назари он иддае, ки гуфтаанд, ҷанбаи таъаббудӣ дорад саҳеҳтар аст, ё агар ҳам сад дар сад ҷанбаи таъаббудӣ надошта бошад ва дар радифи намозу рӯза набошад, мусалламан дар радифи тавҳид ва нубувват ҳам нест, барои ин ки мо инҳоро ба унвони усул мепазирем ва мутамойиз мекунем, вале эътиқод ба маъод ҷанбаи зарурат ва таъаббуд дорад ва фақат бояд далоили нафй онро рад кард, яъне агар мо фақат мушкилотеро, ки ба лиҳози илмӣ ё ақлӣ пеш меояд рафъ кунем, кофӣ аст барои ин ки ба истиноди гуфтаи пайғамбар — ки ӯро содиқ медонем, ҳамон тавре, ки Бӯалӣ гуфта — эътиқод ба маъод дошта бошем ва истидлоли маъод дар ҳақиқат ҳавли радди далоили нафйи маъод давр мезанад.
Аммо масъалаи дигар, роҷеъ ба худ маъод аст. Ман истидъоям аз оқои Мутаҳҳарӣ ин аст, ки аввал бибинем, як фарди мусалмон нисбат ба маъод, нисбат ба қабр, нисбат ба барзах чӣ ҷур бояд ақида дошта бошад, ки агар хилофи ин ақидаро дошт, ба имон ва эътиқодоташ эрод ворид аст. Баъд, ки инро фаҳмидем, он вақт биравем суроғи истидлолоташ. Нуктаи охир ин ки дар боби маъод агар мо эроде ба назарамон мерасад ва наметавонем ба он ҷавоб бидиҳем, ҳатто дар ҳадди имкон онро тарҳ накунем, чун маъод ҷузъи масоиле аст, ки рӯйи ҳам рафта ҳавли он дараҷае аз яқин ҳосил шуда ва агар эҷоди ишкол, дар ин яқин халале эҷод кунад, ки натавонад рафъаш кунад, мусбат нахоҳад буд.
Устод Мутаҳҳарӣ: Роҷеъ ба қисмати аввали баёни эшон, мешавад гуфт, ки он чи худатон дар охир гуфтед, он чиро, ки аввал фармудед рад мекунад, барои ин ки фармудед лоақал мо дар боби маъод мушкилоташро бояд ҳал кунем, ҳамон мушкилотро, ки бихоҳем ҳал кунем, ночорем ба ин ки дар боби маъод як навъ фарзияи хоссеро бипазирем ва рӯйи он фарзия ҳам истидлол кунем.
Ин ду аз ҳам мунфак нест. Пас мо то як навъи хоссе тасаввур дар бораи маъод надошта бошем, наметавонем ишколоташро ҳал кунем. Вақте мо дар мақоми ҳалли ишколот бароем, бояд онро ба шакли хоссе тасаввур кунем ва ҳамон шакли хосси тасаввур карданҳост, ки ба мо як фарзияи махсусе дар боби маъод медиҳад.
Ин матлабро ҳам арз кунам, ки мақсудам ин набуд, ки асосан масъалаи маъод ба ҳеч ваҷҳ таъаббудӣ нест ва мо онро сад дар сад ва мустақиллан мисли масъалаи тавҳид метавонем дарёбем. Худам ҳам дар зимни ҳарфҳоям арз кардам, ки аслан маъодро пайғамбарон ироа додаанд ва илм ва фалсафа дунболи он чи ки пайғамбарон гуфтаанд рафтааст. Ҳамин тавре, ки Уилям Ҷеймс дар китоби “Дин ва равон” мегӯяд: “Хеле аз масоилро улум ва фалсафаҳо баъд рафтаанд кашф кардаанд, вале нишониашро аввал адён додаанд.” Адён нишонӣ додаанд, дигарон барои ин ки таҳқиқ кунанд, ки оё чунин чизе ҳаст ё нест, дунболаш рафтаанд, баъд ҳам аз тариқи илмӣ ва фалсафӣ ба он расидаанд, ба тавре, ки агар ин нишониро надода буданд, ҳаргиз илм ва фалсафа дунболи он намерафт. Мо ҳам агар гуфтем, ки таҳқиқ дар инҷо матлуб аст, мақсудамон ин нест, ки ҳеч ҷанбаи таъаббудӣ надорад, балки мақсуд ин аст, ки Қуръон алоқа нишон медиҳад, ки афрод дар боби маъод таҳқиқ дошта бошанд ва аз ин рӯ дар боби маъод калимаи имон омада — ман рӯйи ин ҷиҳат гуфтам — ва дар ғайри маъод наомадааст. Дар боби малоика ҳам имон омадааст. Ин аломат он аст, ки хостаанд, ки мо дар инҷо таҳқиқе дошта бошем ба тавре, ки битавонем аз рӯйи шинохт эътиқод пайдо кунем, ки як ҳақоиқе ба номи малоика вуҷуд дорад. Ҳамчунин Қуръон моил аст, ки мо ба охират имон дошта бошем, яъне дар канори имон ба пайғамбар ва имон ба нубувват, мехоҳад мо эътиқод ва имон (ба охират) дошта бошем, вагарна онро дар ин радиф зикр намекард. Чаро онро дар ин радиф зикр карда? Пас толиби таҳқиқ дар инҷост.
Дар ин ки масоили маъод дар дараҷаи аввал масоили таъаббудӣ аст, ҳеч баҳсе нест. Мо дар бораи ин масоили таъаббудӣ мехоҳем бибинем чӣ қадр метавонем таҳқиқ кунем ва ин таҳқиқ ҳам матлуб аст. Агар ашхосе бигӯянд, шумо ҳаққи таҳқиқ кардан надоред, мо дар муқобили онҳо чунин мегӯем. Агар касе гуфт: “Дар боб қиёмат касе ҳаққи таҳқиқ кардан надорад, Қуръон як чизе гуфта, мо ҳам бояд бигӯем, оманно ва салламно, ҳар кас гуфт чаро? Мегӯем, суол бидъат аст (ҳамин тавре, ки иддае дар қадим мегуфтанд:
السّؤال بدعة
инҷо ҳаққи суолу ҷавоб надорӣ” (мо мегӯем) на, ин тавр нест, аз мо таҳқиқ хостаанд.
Дар масъалаи эроди шубҳаҳо ва ишколҳо, мо дар ҳудуде ишколотро тарҳ мекунем, ки тарҳ шудааст, яъне ишколоте, ки дар китобҳо вуҷуд дорад, дар ҳамин китобҳои хеле маъмулӣ ҳам вуҷуд дорад. Ман худам шояд, то ҳоло беш аз сад бор — ва боз ҳамин рӯзҳо мукаррар аз афроде он ҳам масалан аз табақаи донишҷӯён — шубҳаи окилу маъкулро шунидаам. Ин ки дигар чизи тозае нест, ки бигӯем тарҳ накунед. Шабҳаи окилу маъкулро хуб буд аввал — агар насиҳати шуморо мепазируфтанд — аз ҳазор сол пеш тарҳ намекарданд, вале аз ҳазор сол пеш ин шубҳаро тарҳ кардаанд. Ҳамин ҳам, ки алъон гуфтам ҳамон буд, чизи дигаре набуд, таъбири дигаре аз он матлаб буд. Инро тарҳ кардаанд, ҳоло, ки тарҳ кардаанд, мо бигӯем оромиши хаёлии худамонро баҳам назанем?! Ҷавоб надиҳем?! Намедонам, агар мегӯед нагӯед, намегӯем, вале агар дар инҷо нагӯем, дар ҷойи дигар аз мо мепурсанд.
Ва аммо он масъала, ки фармудед, рост аст, хуб аст, ки мо аввал оятҳои Қуръонро дар ин замина бихонем, баъд бибинем аз ҳамаи ин оятҳо як фикри соддае мефаҳмем? Ҳоло мехоҳад ишкол дошта бошад, мехоҳад ишкол надошта бошад. Аввал мо бибинем, ки ин тавр аст ё на, худи оятҳои Қуръон аз назари мафҳум барои мо суол ба вуҷуд меоварад? Агар дидем, оятҳои Қуръон худаш як матлаби соддаеро дорад мегӯяд, инро ба сурати як амре, ки Қуръон гуфта тарҳ мекунем, баъд меравем суроғи ишколоташ, ишколоташро тавонистем ҷавоб бидиҳем, ҷавоб медиҳем, натавонистем, мегӯем чизе, ки пайғамбар гуфта мо қабул мекунем. Магар ҳамаи ишколотро мо бояд ҳал кунем? Баъд хоҳанд омад ва ишколотро ҳал хоҳанд кард.
Аммо умдаи матлаб ин аст, ки масъалаи маъод ба худии худ, дар воқеияти худаш як масъалае буда, ки наметавониста ба он соддагӣ баён шавад. Ин масъала ба таъбире — албатта ташбеҳ аст — назири ин аст, ки баччае, ки дар раҳим аст ва бо низоми хосси зиндагии раҳимӣ дорад зиндагӣ мекунад, на чашмаш боз аст ҷойеро бибинад, на бо гӯшаш чизеро мешунавад, на аз роҳи даҳон тағзия мекунад, на танаффус мекунад, бихоҳанд дар бораи зиндагии баъд аз таваллуд бо ӯ сӯҳбат кунанд. Бо он маълумоте, ки ӯ дар зиндагии ҷанинӣ дорад, имкон надорад битавонад он чиро, ки дар зиндагии баъд аз таваллуд аст, ба ҳақиқат дарёфт кунад. Пас ночор бо ӯ як миқдор ҳам бо забони худаш сӯҳбат шудааст. Аз куҷо мегӯем бо забони худаш сӯҳбат шуда? Ба қаринаи баъзе ҳарфҳое дигаре, ки ҳаст.
Ин чизҳо буда, ки тасаввурҳоро дар бораи маъод мутафовит карда ва ҳар касе дар ҳадди худаш (тасаввуре аз ин масъала дорад). Ин мисли худи масъалаи Худост. Ҳама мӯътақид ба Худо ҳастанд, вале агар касе муҳтавоҳои ин афкорро берун бирезад, мебинад аз замин то осмон мутафовит аст. Ҳама мегӯянд Худо, ба ҳасби завқ ва ғаризаи фитрӣ ҳам Худоро ибодат мекунанд, дар умқи дилашон ҳам Худоро ибодат мекунанд, вале ӯ Худоро як шакл дода ва як тасвир дорад, он яке тасвири дигаре ва… ба тавре, ки ӯ Худои инро қабул надорад, ин Худои ӯро қабул надорад. Дар бораи қиёмат ҳам ҳамин тавр аст.
Он чи ки ман ба унвони мусалламот арз кардам, мақсудам ҳамин буд. Шумо гуфтед он чи ки мо бояд мӯътақид бошем, чӣ қадр аст? Ба ақидаи ман, он миқдоре, ки бояд мӯътақид бошем, ҳамонҳое аст, ки аввал ман гуфтам аз мусалламот аст. Мо бояд мӯътақид бошем ҳаёти дигаре ғайр аз ин ҳаёт ҳаст. Лузуме надорад мо бифаҳмем иъодаи маъдум мешавад ё иъодаи маъдум намешавад. Мо бояд инро бифаҳмем, ки он ҳаёт ҷовидонӣ аст, поён намепазирад, лузуме надорад, ки мо бифаҳмем чаро поён намепазирад, чаро дар инҷо марг ҳатмӣ аст (аз заруриёти хилқат аст) ва дар онҷо нест? Робитаи онҷо бо инҷо робитаи муқаддима ва натиҷа аст, ҳар чи дар инҷо кишт кунем, онҷо бармедорем, дунёи подош ва кайфар аст. Аммо оё онҷо иъодаи маъдум мешавад ё на? Лузуме надорад бифаҳмем. Ҳатто ба ақидаи ман, ин ки авди арвоҳ ба аҷсод мешавад ё на, лузуме надорад бифаҳмем. Оё тамоми хусусиёташ бо хусусиёти ин олами табиат ҳеч фарқ намекунад? Гили моро аз нав меоянд месозанд? Яъне маъод ҳамоне аст, ки Хайём тасаввур карда, ки як кӯзаеро месозанд ва хароб мекунанд ва думартиба онро месозанд? Лузуме надорад мо инро бифаҳмем ва рӯйи он диққат кунем, ки оё ба ин шакл аст ё ба шакли дигаре. Вале он миқдораш барои мо қатъӣ аст. Аз Қуръон ҳам ин хусусиёти маъод хеле қатъӣ фаҳмида мешавад, мунтаҳо роҷеъ ба кайфияташ мо як ҷо мебинем тавре мегӯяд, ки одам фикр мекунад он дунё шурӯъи муҷаддаде аз ҳамин дунё ва такрори ҳамин дунёст, ҳамин дунё думартиба такрор мешавад, аммо на аз роҳи таваллуд, балки аз ин роҳ, ки зарраҳои ин маводди гӯшт ва устухон ва ғайраро ҷамъ мекунанд, думартаба ба сурати як инсон дармеоваранд ва баъд руҳе дар он дамида мешавад. Албатта “руҳе дамида мешавад” дар Қуръон нест, ба ҳамин шакл Худо зарроти парокандаро ҷамъ мекунад, мешавад инсон…
* * *
(1) Аҷсом яъне ин аҷсод, ин баданҳои хокшуда.
Идома дорад…
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн